Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон

Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон (то соли 2007 Боғи ботаникии Душанбе), Боғи Ирам — боғи гиёҳшиносӣ, ки дар шимолу шарқи Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Варзоб (дар баландии 830 метр аз сатҳи баҳр) ҷойгир шудааст.

Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон - Боғи Ирам

Таърих

вироиш

Боғи ботаникии Душанбе соли 1933 бо ташаббуси Б. А. Федченко дар масоҳати 34 га таъсис шуда буд. Кормандони боғ аз солҳои аввали фаъолияти худ ба ҷамъоварии рустаниҳо машғул шуда, хосиятҳои экологии онҳоро дар шароити нави рушд омӯхтанд, барои сабзкории шаҳр, маҳалҳои аҳолинишин, боғдорӣ ва бунёди бешазор дарахту буттаву гиёҳҳои навро тавсия намуданд. Дар боғ оид ба асосҳои назариявии интродуксия (дар ҷойҳои нав паҳн шудани рустанӣ) ва мутобиқати рустанӣ ба шароити маҳал, усулҳои биологии афзоиши рустаниҳои интродуксияшуда, асосҳои илмии боғдории ороишӣ, сабзкорӣ ва ғ. таҳқиқот анҷом доданд. Ходимони боғ ба масъалаҳои парвариши рустаниҳои нав, омӯзиши таъсири моддаҳои зарарноки атмосфера ба рустаниҳои интродуксияшуда, зиёд намудани рустаниҳо (бо роҳи пайванд, аз қаламча ва тухм) ва ғ. диққати ҷиддӣ медоданд. Дар натиҷаи аз мавзеъҳои гуногуни ИҶШС ва мамолики хориҷӣ ҷамъ овардани тухмӣ ва ниҳолҳо дар боғ коллексияи калони наботот фароҳам оварда шуд. Дар 4 қитъаи ботаникию ҷуғрофиёи боғ тақрибан 2200 намуди дарахту бутта парвариш меёфт. Қитъаи калонтарини боғ (10 га) наботот (585 намуд)-и қадимии Осиёи Марказӣ, Қрим, Қафқоз, Осиёи Пеш ва Баҳри Миёназаминро дар бар мегирифт. Дар қитъаи набототи Осиёи Шарқӣ (7 га) 916, набототи Амрико (5,3 га) 460 ва набототи Аврупои Миёнаю Сибир (3 га) 226 намуди рустанӣ парвариш карда мешуд. Дар қитъаи гулпарварӣ (қариб 1 га) тақр. 650 навъи гулҳои зебо мавҷуд буданд, ки 40 навъи онҳо барои сабзкории шаҳру марказҳои саноатии ҷумҳурӣ тавсия шудаанд. Дар ниҳолхонаи боғ (масоҳаташ 2 га) дарахтони нахл, рустаниҳои суккулентӣ, тропикӣ ва субтропикӣ, дар қитъаи коллексиявии рустаниҳои бисёрсола — савсан (99 навъ), гули маҷаҳ (52 навъ), гули ёқут (44 навъ), кавкаб (29 навъ) ва ғ. парвариш меёфтанд. Хусусан, ба парвариши рустаниҳои ороишии маҳаллӣ (132 намуд) эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Оид ба парвариши рустаниҳои гулдори дигар мамлакатҳо низ таҳқиқоти зиёд бурда мешуданд. Омӯзиши рустаниҳои обӣ натиҷаи дилхоҳ дод. Аз 70 намуди рустаниҳои обии таҳқиқшуда нилуфарҳои калонгул, хандақуқ, виктория ва ғ. барои дар обанборҳо парвариш кардан тавсия шуданд. Дар гулхона (майдонаш — 1250 м2) беш аз 2200 намуду хелҳои рустаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ (нахл, кактус, зарбат ва ғайра) парвариш меёфтанд. Рустаниҳои аввалинро барои гулхона соли 1967 аз Боғи ботаникии АИ ИҶШС (Маскав) оварда буданд. Дар боғ барои ҷамъоварии тухмии рустаниҳо ҳар сол экспедитсияҳо ташкил карда мешуданд.

Гиёҳону дарахтон

вироиш

Ҳоло боғ дар масоҳати 40 га доман густурдааст. Дар он зиёда аз 4400 намуди рустанӣ, аз ҷумла, 1750 намуди гулу дарахт (200 намуди садбарг, 120 намуди ёс), 1500 намуди рустаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ, 70 намуди рустаниҳои обӣ, зиёда аз 800 намуди гиёҳҳои ороишӣ парвариш меёбанд. Дарахтистон (дендрарий)-и боғ 28 га масоҳ. дорад; дар он дарахтони хосси манотиқи Осиёи Шарқӣ (7 га), Амрикои Шимолӣ (5,3 га), Осиёи Марказӣ (5,4 га), Баҳри Миёназамин (4,6 га), Аврупову Сибир (5,4 га) ҷой дода шудаанд. Дар қитъаи набототиву ҷуғрофиёии Аврупову Сибир 188, Баҳри Миёназамин 303, Осиёи Марказӣ 144, Амрикои Шимолӣ 363, Осиёи Шарқӣ 767 намуди рустаниҳо мерӯянд.

Нигористон

вироиш
  • Цорантай М. Я. Газоны и их устройство. Д., 1961;
  • Королева А. С. Итоги интродукции деревьев и кустарников в Душанбинском ботаническом саду за 25 лет. Тр. Института ботаники АН Тадж. ССР, т. 18, 1962;
  • Цветоводство в городах и посёлках Таджикистана. Д., 1965;
  • Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана. Д., 1965;
  • Таблицы к проектированию зеленых насаждений в Таджикистане. Д., 1978;
  • Растения для декоративного садоводства Таджикистана. М., 1986.
  • Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Душанбе, 2008. — С.277 — 278

Сарчашма

вироиш
  • Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон / А. Исматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.