Мӯйлаб

(Тағйири масир аз Бурут)

Мӯйлаб (порсӣ: لب موي ) – мӯи расидаи лаби болоии мардон, бурут; мӯйлаб гирифтан а) тарошидани мӯйлаб; б) қайчӣ зада ба тартиб даровардани мӯйлаби расида; мӯйлаб сабз кардан бурут баровардан; мӯйлаб тоб додан а) мӯйлабро тофта шоф кардан; б) маҷ. Кибру ғурур зоҳир кардан; мӯйлаби касеро табар (ҳам) набуридан а) бисёр мағрур будан, ниҳоят кибру ғурур доштан; б) ҳеч парво ё тарсе надоштан.[1]

Рассом Иля Репин мӯйлаб дошт.
  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 О – Я (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 912 ISBN 978-99947-69-39-1