Шарофиддин Сайфиддинов
Шарофидди́н Сайфидди́нов (Сайфиддинов Шарофиддин Сангинович; (24 августи 1929, Хуҷанд — 24 декабри 2015, Душанбе) — композитор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, профессор.
Таърихи таваллуд | 24 август 1929[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 24 декабр 2015[2] (86 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Сабк | опера |
Ҷоизаҳо | , Шаблон:Ордени Барои меҳнати шоён, Шаблон:Орден Барои меҳнати диловарона, |
Зиндагинома
вироишСоли 1929 таваллуд шудааст. Роҳи худро дар мусиқӣ ҳамчун скрипканавоз оғоз намуда, дере нагузашта ба композитсия майл пайдо мекунад. Баъди хатми Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, дар шуъбаи миллии Консерваторияи Москва композитсияро дар синфи профессор В. Г. Фере меомӯзад. Соли 1962, ӯ Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М.Ашрафиро (синфи Б.Зейдман) хатм мекунад. Солҳои таҳсил барои ӯ давраи ҷустуҷӯҳои самарбахши сабки эҷодии худ маҳсуб меёбанд. Ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ вай Квартети торӣ (1951) ва кантатаи «Шукуфон бош, Тоҷикистон!» (1953) — асари калонҳаҷми вокалӣ-симфониро эҷод мекунад. Кантата аввалин маротиба соли 1955 дар Москва дар Пленуми VIII Раёсати Иттифоқи композиторони СССР, сипас соли 1957, дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва садо дод. Кантата инчунин дар Толори калони Консерваторияи давлатии Москва бо оркестр таҳти роҳбарии Г.Рождественский бомуваффақият иҷро гардид.
Эҷодиёт
вироишБо эҷоди операи «Пӯлод ва Гулрӯ» (1951) ӯ аввалин композитори тоҷике гардид, ки ба чунин жанри мураккаби мусиқӣ-саҳнавӣ муроҷиат намудааст. Сюжети опера (либреттои С.Северсев, матни тоҷикии Ф.Ансорӣ) аз романи ҳамноми Раҳим Ҷалил бармеояд. Дар ин асар тайёрии хуби касбӣ, густурдагии тафаккури бадеӣ, дониши амиқи қонунҳои драматургияи мусиқии композитор зоҳир гардиданд. Опера дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд. Баҳори соли 1957 он дар доираи барномаи Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва дар Теа- три калон намоиш дода шуд. Намоишнома дар байни москвагиҳо ва меҳмонони пойтахт ба комёбӣ ноил гардид, ки дар ин бора андешаҳои сершумор дар саҳифаҳои матбуот шаҳодат медиҳанд. Барои операи «Пӯлод ва Гулрӯ» композитор ба мукофоти олӣ - Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардид. Бисёр порчаҳои опера мунтазам дар барномаҳои консертӣ иҷро карда мешаванд. Баъдтар (1962), Ш. С. Сайфиддинов достони симфонии барномавии «Қишлоқи тилоӣ»-ро аз рӯи достони ҳамноми М.Миршакар меофарад. Достон аз нигоҳи забони оҳанг ва тобишҳои оркестрӣ барҷаста буда, дар консертҳои симфонӣ ҳамеша бомуваффақият иҷро карда мешавад. Ш. С. Сайфиддинов аз зумраи он композиторони тоҷик аст, ки ба кинематография рӯ овардааст. Мусиқӣ ба филми машҳури «Зумрад» («Тоҷикфилм») ба комёбии ин асари синамо мусоидат намуд. Дар эҷодиёти композитор мусиқии вокалӣ-симфонӣ низ мақоми калон дорад: «Осторожно, Сталинград!» (шеъри В.Урин) ва суруди «Суруди дил» (шеъри А.Рӯдакӣ) дар ин ҷода барҷастаанд. Барои эҷоди сурудҳои «Республикаи ман», «Қасида ба партия» ва достони вокалӣ-симфонии «Осторожно, Сталинград!» Ш. С. Сайфиддинов бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1970) сарфароз гардид. Солҳои 70-ум Ш. С. Сайфиддинов боз ба жанри опера бармегардад ва минбаъд он барои вай афзалият пайдо мекунад. Соли 1975 композитор корҳои марбут ба операи «Рӯдакӣ» (либреттои С.Север сев ва С.Улуғзода)-ро анҷом медиҳад. Дар маркази ин асар симои падари шоирони Шарқ — Рӯдакии абадзинда таҷассум ёфтааст. Ин асар, ки тӯли солҳои зиёд эҷод гардид, таҳаввулоти ақидаҳои композиторро нисбат ба васоити таъсирбахши мусиқӣ, андешаҳои ӯро оид ба таъйиноти санъат инъикос намудааст. Опера пур аз ҳаводиси пуршиддати драмавӣ бо мазмуни таъсирбахшу баъзан дилчаспи мусиқӣ саршор аст. Мусиқии опера аз нигоҳи тарҳу хусусият халқӣ аст. (Дар ин бора ниг.:Андреева Е. «Советская музыка», № 11, 1976). Дар опера номераҳои васеи вокалӣ, арияҳо, ансамблҳо бисёранд. Суруди Рӯдакӣ бо хор бар васфи Бухорост ва ҳаҷман хеле бузург аст. Он таассуроти амиқ мебахшад. Партияи Нигина дилписанду таъсирбахш аст. Мусиқии фоҷиаангезе, ки дар саҳнаи нобино гардидани Рӯдакӣ садо медиҳад, бо хори барҷастаи хотимавии опера, ки аз абадияти шоири бузург ҳикоят мекунад, анҷом меёбад. Дар ҳаёти эҷодии Ш. С. Сайфиддинов се сол аз соли 1976 то соли 1978 муҳим гардиданд. Соли 1976 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ нахустнамоиши операи «Рӯдакӣ» бомуваффақият баргузор гардид, соли 1977 театри мазкур таҳияи зебои операи аз нав барқароршудаи «Пӯлод ва Гулрӯ»-ро намоиш дод ва соли 1978 асари нави Ш.Сайфиддинов — операи «Айнӣ»-ро, ки композитор ба 100-солагии зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик бахшида буд, ба ҳукми дӯстдорони мусиқӣ ва мутахассисон пешниҳод гардонид. Мусиқии опера ва ғановати хушоҳангӣ, барҷастагӣ, симоҳои хоси миллӣ, драматургияи муназзам, ки ҳама яксон — ҳам саҳнаҳои хоси жанрӣ, ҳам манзараҳои нозуки лирикӣ, ҳам саҳифаҳои қаҳрамонӣ, ки аз таърихи халқ ҳикоят мекунанд, боварибахшанд. Нахустнамоиши опера бо комёбии бузург баргузор гардида, пас аз чанде намоишномаи мазкур ба барномаи сафарҳои ҳунарии театр ворид гардида, дар пойтахти Украина шаҳри Киев фарҳанги мусиқии муосири ҷумҳуриро ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Эҷодиёти Ш. Сайфиддинов бисёржанра аст. Композитор нисбат ба мусиқӣ барои театр таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Вай якчанд драма ва мазҳакаҳои мусиқӣ эҷод кардааст, ки то имрӯз театрҳои ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд. Композитор дар жанри кантата ва оратория низ фаъолона кор мекунад. Дар ин самт кантатаҳои «Бо роҳи Ленин» (шеъри Б.Раҳимзода, 1964), «Зодаи Октябр» (шеъри М.Қаноат, 1984), «Ва- тани худро шуҳратёр менамоем» (шеъри О.Аминзода, 1985), «Дили Душанбе» (шеъри Мавзун)-ро номбар кардан мумкин аст, ки ҳар як дорои оҳангҳои ватандӯстӣ ва гражданӣ мебошанд. Мусиқии Ш. С. Сайфиддинов, ки дар жанрҳои камеравӣ-созӣ, мусиқӣ барои бачагону наврасон эҷод шудаанд, ба таври васеъ машҳур гардидаанд. Композитор дар эҷоди сурудҳо ва романсҳо, пьесаҳои бачагона барои фортепиано, сурудҳо барои бачагон ва дигар асарҳои ҳаҷман хурд самарабахш фаъолият менамояд. Дар байни сурудҳои Ш. С. Сайфиддинов суруди «Республикаи ман» бахшида ба 40-солагии ҶШС Тоҷикистон шуҳрати хоса пайдо намуд.
Тавре ки шоири машҳури тоҷик М.Турсунзода қайд намудааст:
«Дар байни тамоми сурудҳое, ки ҷумҳурии мо ва пойтахти он шаҳри Душанберо васф менамоянд, аз суруди „Республикаи ман“, ки ба Шарофиддин Сайфиддинов шуҳрату маъруфият овардааст, беҳтару ҷаззобтар ва зеботар нест».— Турсунзода М. Лауреаты 1970 г.// Коммунист Таджикистана, 22 апреля 1970
.
Ин суруд аллакай беш аз чил сол садо медиҳад ва ҳанӯз ҳам сомеонро ба ҳаяҷон меоварад. Маъруфияти ин суруд то ҳадде баланд аст, ки он ҳамчун ороиши мусиқии Шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад. Пйесаҳои фортепиании Ш. С. Сайфиддинов дар репертуари таълимӣ-педагогии муассисаҳои таълимии мусиқии ҷумҳурӣ мақоми устувор ишғол намудаанд. Сурудҳои бачагона, ки дар маҷмӯаҳои муаллифии «Здравствуйте, дети», «Песни Таджикистана», «Родники» ва дигарон чоп шудаанд, дар коллективҳои хории бачагонаи мактабҳо иҷро карда мешаванд. Асарҳои композитор дар байни шунавандагон маъруфият ва эътибори бузургро соҳибанд. Мусиқии симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ, камеравӣ-созии Ш. С. Сайфиддинов мунтазам дар барномаҳои анҷуманҳо, пленумҳои умумииттифоқӣ, фестивалҳои Иттифоқи композиторон садо додааст. Фаъолияти мусиқӣ-тарғиботӣ ва ҷамъиятии композитор Ш. С. Сайфиддинов ба проблемаҳои ривоҷу равнақ ва тарғиби санъати мусиқӣ пайваста дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо баромад намуда, дар форумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ, умумииттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаву гузоришҳо ширкат варзидааст. Якчанд баромадҳои ӯ дар пленумҳои умумииттифоқии Раёсати Иттифоқи композиторони СССР, анҷуману пленумҳои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон оид ба мавзӯъҳои гражданӣ, ватандӯстӣ дар эҷодиёти композиторони шӯравӣ, ба жанрҳои алоҳидаи мусиқии муосири касбии Тоҷикистон, нақши мусиқӣ дар ташаккули фарҳанги зебоиписандии мактаббачагон ва ғайра бахшида шудаанд. Соли 1982 Ш. С. Сайфиддинов дар котиботи муштараки Иттифоқи композиторони СССР ва Муғулистон, ки дар шаҳри Улан-Батор баргузор гардида буд, бо маърӯза оид ба рушди фарҳанги мусиқии муосири тоҷик ва проблемаҳои он баромад намуд.
Аз соли 1950 узви Иттифоқи композиторон, Ш. С. Сайфиддинов аз соли 1962 то 1986 ташкилоти ҷумҳуриявии Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро роҳбарӣ намудааст. Баҳри мукаммалгардонии он бо ҷавонони боистеъдоду эҷодкор вай нерӯи зиёд сарф ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Тӯли ин солҳо тайёрии кадрҳои композиторӣ дар ҷумҳурӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Аз ин рӯ ҳайати аъзои Иттифоқи композиторон қариб се маротиба, асосан аз ҳисоби ҷавонон афзуд. Ҳамчун профессори кафедраи инструментовка ва хониши партитураи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Ш. С. Сайфиддинов кори эҷодӣ ва ҷамъиятиро бо фаъолияти омӯзгорӣ мепайвандад.
Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон Ш. С. Сайфиддинов фаъолияти самарбахши эҷодӣ ва омӯзгории худро идома медиҳад. Аз соли 1998 то соли 2005 вай дар шаҳри Хуҷанд дар Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз аз фанҳои мусиқӣ-назариявӣ ва композитсия дарс медиҳад. Соли 2006 вай ба Душанбе бармегардад. Дар ин давра ӯ диққати асосиро ба жанрҳои вокалӣ медиҳад. Инҳо кантата барои сароянда, хор ва оркестр «Сомониёнем» (шеъри Н.Ниёзӣ), «Ба Тоҷикистон» (2006), «Бо роҳи ишқ» (2007), «Қасидаи Ватан» барои сарояндагон ва оркестри симфонӣ (шеъри Озарахш, 2008) мебошанд.
Мукофот ва ҷоизаҳо
вироишБарои дастовардҳо дар соҳаи санъати мусиқӣ ва фаъолияти пурсамар Шарофиддин Сайфиддинов бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст: «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ», «Барои меҳанти шоён», «Барои меҳнати диловарона», бо унвони фахрии Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Соли 2001 вай дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ мегардад.
Осор
вироишОпераҳо
вироиш- 1956—1957 — «Пӯлод ва Гулрӯ». Либреттои С.Северсев, матни тоҷикии Ф.Ансорӣ.
- 1970—1975 — «Рӯдакӣ», либреттои С.Северсев ва С.Улуғзода.
- 1977—1978 — «Айнӣ», либреттои Н.Исломов ва Б.Раҳимзода
Асарҳои вокалӣ-симфонӣ
вироиш- 1953 — «Цвети, Таджикистан!», кантата для сопрано, баритона, смешанного хора и симфонического оркестра на стихи В. Г. Фере. М., Музгиз, 1959 (клавир).
- 1962 — Три вокально-симфонических поэм для голоса и симфонического оркестра. М., «Сов. композитор», 1962 (клавир).
- 1964 — «Бо роҳи Ленин», кантата ба шеъри Б.Раҳимзода, партитура. Дастнавис.
- 1980 — «Авҷи зуҳал», шеъри Абуалӣ ибни Сино, достони вокалӣсимфонӣ. Дастнавис.
- 1982 — «Зери парчами Ленин», кантата ба шеъри А.Сидқӣ, партитура. Дастнавис.
- 1984 — «Зодаи Октябр», кантата ба шеъри М.Қаноат, партитура. Дастнавис.
- 1985 — «Ватанамонро шарафманд мегардонем», кантата ба шеъри О.Аминзода, партитура. Дастнавис.
- 1999 — «Сомониёнем», шеъри Н.Ниёзӣ, кантата барои сароянда, хор ва оркестр. Дастнавис.
- 2007 — «Бо роҳи ишқ», шеъри Озарахш. Кантата барои сароянда, хор ва оркестр. Дастнавис.
- 2007 — «Дили Душанбе», шеъри Мавзун, барои сароянда, хор ва
- оркестри симфонӣ. Бахшида ба 80-солагии шаҳри Душанбе. Дастнавис.
- 2008 — «Қасидаи Ватан», шеъри Озарахш, барои сароянда ва оркестри симфонӣ. Дастнавис.
Асарҳои симфонӣ
вироиш- 1961 — «Зумрад», сюита для большого симфонического оркестра в 5-ти частях. Партитура. М., «Сов. композитор», 1970.
- 1962 — «Золотой кишлак», симфоническая поэма. Партитура. М., Музыка, 1965.
- 1968 — «Рапсодияи драмавӣ» барои оркестри калони симфонӣ. Партитура. Дастнавис.
- 1972 — «Бахту саодат омад», сюитаи хореографӣ дар 4 қисм, партитура. Дастнавис.
Асарҳои камеравӣ-созӣ
вироиш- 1951 — Квартети торӣ. Партитура. Дастнавис.
- 1957 — «Элегия», барои скрипка, виолончел ва фортепиано. Ду-
- шанбе, Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963.
- 1959 — «Сурудҳои кӯҳсор», фантазия барои най ва фортепиано.
- Душанбе, Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963.
- 1970 — «Детский альбом» для фортепиано. М., «Сов. компози-
- тор», 1972.
- 1975 — Токката для фортепиано // Фортепианные произведения
- советских композиторов. М., «Сов. композитор», 1982.
- 1982 — Девять фуг для фортепиано //Фуги таджикских комопози-
- торов. — Душанбе, 1984.
- 1983 — «Намоиш ва романс» барои ансамбли скрипканавозон.
Дастнавис
вироиш- 1984 — «Наврӯз» барои ансамбли скрипканавозон. Дастнавис.
- Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ:
- 1963 — «Ду ишқу ду зебоӣ».
- 1965 — «Зафар ва Заррина».
- 1972 — «Ишқи маъмурин».
- 1979 — «Дили шоир».
- 1984 — «Сарнавишти ишқ».[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сайфиддинов Шарофиддин Сангинович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.avesta.tj/sociaty/37527-v-dushanbe-skonchalsya-izvestnyy-kompozitor-sharofiddin-sayfiddinov.html
- ↑ Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011. c 185—171