Бӯрдоқӣ
Бӯрдоқӣ — гӯсфанди бо тарзи махсус (барои гӯшту равған) парво ва фарбеҳ кардашуда. Барои бӯрдоқикунӣ бештар барраҳои гӯсфандони зоти гӯшту пашмдеҳ, дурагаи гӯсфандони зоти маҳинпашму ниммаҳинпашми гӯшту пашмдеҳ мувофиқ аст. Бӯрдоқикунӣ баъди аз меш ҷудо кардани барра оғоз ёфта, дар 7 — 9 — моҳагӣ ба анҷом мерасад. Дар Ҳисор гӯсфандони думбадори болиғ ва қӯчқорҳои ахтаро низ бо мақсади гирифтани равғани карт бӯрдоқикунӣ (2 — 3 моҳ) мекунанд. Гӯсфандони бӯрдоқишаванда ҳангоми дуруст парво намудан ва аз рӯйи қоида додани хӯрок ҳар шабонарӯз 200 — 300г фарбеҳ мешаванд. Бӯрдоқии 8 — моҳа 45 — 50кг (гӯшти соф 44 — 46 %) мешавад.[1]
Адабиёт
вироиш- Щекин В. А., Солдатенков Н. И. Чорводорӣ, Сталинобод,1961.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 187
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: