Бӯрёро — устоҳои бурёбоф ё ҳасирбоф аз чӯби шикастаи най мебофанд. Дар замонҳои пеш бурё яке аз ашёи муҳим рӯзгор буд, ки онро ба фарши хона барои нам накашидани гилем, қолину палос аз таги онҳо паҳн мекарданд.

Дар гузашта бурёкӯбон дар шакли ҳашари бӯрёкӯбӣ барпо мешуд. Соҳиби хона якчанд дӯстон ва наздиконро дар рӯзи муайян ба хонаи нав даъват мекард. Онҳо ба фарши хонаҳо бурё андохта, аз болояш гилему палосро паҳн карда, аз болояш бо пой мекӯфтаанд, то ки ҳама ҷойи гилему бӯрё ҳамвор шавад. Аз хонаи куҳна ба нав асбобу анҷоми рӯзгорро мекашониданд, дар тартибу ҷобаҷогузории онҳо кумак мерасониданд ва пас итмоми ин корҳо ба сари дастурхони зиёфат менишастанд. Тибқи боварҳои мардум, бурёкӯбон дар рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва махсусан, ҷумъа бахосият шумурда мешуд.

Дар Мастчоҳи кӯҳӣ бӯрёкӯбонро “устоҷавобтиён” низ меноманд. Дар ин рӯз соҳибхона устоеро, ки ҳамон хонаро сохтааст, махсус даъват карда, зиёфат медиҳад. Пас аз зиёфат соҳибхона музди кори усторо пардохт намуда, аз мӯйсафедон дуо мегирад. Рӯзи бурёкӯбон хешу ҳамсояҳо ҳама бо худ туҳфа, ё ягон хел таом меоварданд ва навхонадоронро табрик менамуданд. Ҳатто шахсоне, ки бо соҳибхона қаҳрию ногап буданд, дар ин рӯз бо миёнравии калонсолон ба маърака омада, соҳибхонаро муборакбод мегуфтанд. Чунин анъанаи табрик намудан барои ҳама ҳатмӣ буд.[1]

Нигаред низ

вироиш

Заргарӣ

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 75 - 76