«Бӯстони Саъдӣ» ё «Саъдинома» — нахустин асари Саъдӣ, ки ба сурати назм таълиф шудааст. Ӯ ин асарро замоне, ки дар сафар буд, суруда ва ҳангоми бозгашт ба Шероз онро ба дӯстонаш арза кардааст. Ин асар дар қолаби маснавӣ ва дар баҳри мутақориб суруда шуда ва аз назари қолаб ва вазни шеърӣ ҳамосӣ аст, ҳарчанд ки аз назар муҳтаво ба ахлоқу тарбият ва сиёсату иҷтимоъиёт пардохтааст. Ин китоб дар соли шашсаду панҷоҳу панҷ суруда шудааст:

Бӯстон
Таърихи таъсис 1257[1]
Нигора
Унвони мақола англ. Illuminated Bustan of Saadi[2]
форсӣ: بوستان
Макони кунунӣ
Жанр шеър
Падидоваранда Камолиддин Беҳзод[2]
Нависанда Саъдӣ
Кишвари созанда
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ба рӯз ҳумоюну соли саид,
Ба таърихи фаррух миёни ду ид.
Зи шашсад фузун буд панҷоҳу панҷ,
Ки пур даршуд ин номбардор ганҷ.

«Бӯстон» даҳ боб дорад, ҳар боб ба мавзӯъе рабт дорад.

Ин китоб ба интихоби нашрияи «The Guardian» ҷузви 100 китоби бартари таърихи башарият баргузида шудааст.

Эзоҳ вироиш