Бӯстон (деҳа, н. Файзобод)
Бӯстон — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Бӯстони (номи пештарааш Қарабулоқ) ноҳияи Файзобод. Ба шарафи 10-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2001 «Бӯстон» номгузорӣ шудааст. Аз деҳа то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш 2037 нафар (2010), тоҷикон. Аз 41 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, нуқтаи таъмири мошинҳо, ошхона, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, филиали «Амонатбонк», почта, мағозаҳои хусусӣ, дӯконҳои хусусии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагиҳои дехконии инфиродӣ, хоҷагии деҳқонии коллективии ба номи Рӯдакӣ, масҷиди панҷвақта фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ машгуланд. Заминҳо аз канали «50-солагии Тоҷикистон» қисман аз дарёи Элок ва оби чаашмаҳо обёрӣ мешаванд. Мақбараи Шайх Махмуд ибни Ахмад дар канори деҳаи Бӯстон ҷойгир аст.[1]
Деҳа | |
Қарабулоқ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Ноҳияи Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Бӯстон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2037 тан (2010) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон, ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3135 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.