Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва яке аз маҷлисҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст, ки Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тағйироту иловаҳои раъйпурсии умумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол] аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Тартиби ташаккул

вироиш

Дар моддаи 49 тартиби ташаккули Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Аз чор се ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо овоздиҳии пинҳони интихоб мешаванд (ҷамъ - 25 вакил). Аз чор як ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллиро (8 вакилро), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ҳайати Маҷлиси миллӣ - 33 вакили маҷлисро дарбар мегирад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Шаҳрванде, ки сини ӯ аз 35 боло аст ва дорои таҳсилоти олӣ мебошад, метавонад вакили Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъйин шавад.[1]

  1. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.

Интихобот ва аъзоёни Маҷлиси миллии МО ҶТ

вироиш

Аъзоёни Маҷлиси миллии МО ҶТ даъвати V

вироиш

27 марти соли 2015 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум барпо гардид.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - № 1, вилояти Суғд - № 2, вилояти Хатлон - № 3, шаҳри Душанбе - № 4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - № 5 гузаронида шуданд.

Аз 2190 вакилони интихобкунанда дар овоздиҳӣ 2099 нафар ё ин ки 95,7 % иштирок намуда, 24 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар асоси намояндагии манфиатҳои ҳудудҳо ба таври ғайримустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб шуда, 6 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 426 аз 30 марти соли 2015 таъйин гардиданд. Ҳамзамон, ҳар як собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ба ҳолати 1 марти соли 2017 30 нафар буда, 7 нафарашон ё 21%-ро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ дорои маълумоти олӣ буда, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 3 нафар раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғду Хатлон буда, 1 нафар Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ба сифати раисони шаҳру ноҳияҳо, 7 нафар дар соҳаи илму маориф, 1 нафар дар соҳаи тиб, 1 нафар нафақахӯр ва 5 нафар дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба ҳайси роҳбар ифои вазифа менамоянд. Аз шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ 2 нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар доктори илмҳои физика ва математика, 1 нафар доктори илмҳои филологӣ, 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, 1 нафар доктори илмҳои таърих, 1 нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 1 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 2 нафар номзади илмҳои техникӣ, 1 нафар дорандаи унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 5 нафар «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии Барқи Тоҷик» ва 1 нафар «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ» дараҷаи 1 мебошанд.

Аз нигоҳи тахассус 4 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ё 13% ҳуқуқшинос, 8 нафар ё 27% муҳандис, 8 нафар ё 27% омӯзгор, 4 нафар ё 13% иқтисодчӣ, 2 нафар ё 7% табиб, 3 нафар ё 10% агроном ва 1 нафар ё 3% духтури ҳайвонот мебошанд. Аз шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ 8 нафарашон дар даъватҳои гузаштаи мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил ва аъзо буда, 22 нафарашон бори аввал интихоб шудаанд.

21 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, аз ҷиҳати мансубияти миллӣ 28 нафари онҳо тоҷик, 1 нафар ӯзбек ва 1 нафар қирғиз мебошанд. Синну соли 13 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ аз 35 то 50-сола ва 17 нафарашон аз 50-сола боло мебошад. 17 апрели соли 2015 иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар иҷлосияи мазкур, Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмон Қодирӣ муовини якум ва Шодихон Ҷамшед муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.[1]

Аъзоён ва кумитаву комиссияҳои Маҷлиси миллии МО ҶТ даъвати VI

вироиш

17 апрели соли 2020 Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. 27 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд. Дар он 25 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, 15 апрели соли 2020 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд, ки ҳамагӣ 31 нафар аъзои интихоб ва таъйингардидаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзиданд.

Аъзоёни Маҷлиси миллии МО ҶТ даъвати VI

вироиш

Аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 нафар интихоб (27 марти соли 2020) ва таъйин гардиданд:

  1. Ҳакимзода Қурбон ;
  2. Одилзода Дилбар Раҳим;
  3. Одиназода Бозоралӣ Неъмат ;
  4. Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ;
  5. Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович ;
  6. Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ ;
  7. Аҳмадзода Раҷаббой ;
  8. Набизода Мадина Раҳмат ;
  9. Ҳакимова Карима Муқимовна ;
  10. Муминова Фирӯза Исроиловна ;
  11. Шукурзода Мурод Ҷӯра ;
  12. Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ ;
  13. Файзов Ёдгор Доёрович ;
  14. Қонунзода Шодигул Худобахш ;
  15. Додихудоев Фаррух Муборакшоевич ;
  16. Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон ;
  17. Мирзозода Мӯсо Одинамамад ;
  18. Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ;
  19. Рустами Эмомалӣ ;
  20. Раҳмон Дилшод Сафарбек ;
  21. Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ;
  22. Амонзода Илҳом Темур ;
  23. Одилбекова Лола Қиёбековна ;
  24. Раҳимӣ Фарҳод;
  25. Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ;
  26. Акрамзода Рустам ;
  27. Ҷумазода Шарифҷон ;
  28. Вализода Абдуқодир Исуф ;
  29. Муқимӣ Раҳимҷон Набизода;
  30. Дӯстзода Ҳасан Тағдир;
  31. Низом Қосим.[2]

Роҳбарият ва аъзоёни кумитаву комиссияҳои Маҷлиси миллии МО ҶТ даъвати VI

вироиш

Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббойро ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёдгор Доёрович Файзовро ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.[3]

Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи Иҷлосия, “Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки дар Маҷлиси миллӣ 5 кумита ва 1 комиссия оид ба назорати дастур таъсис дода шавад.

  1. Раҳмон Дилшод Сафарбек — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният,
  2. Ҳакимзода Қурбон — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология,
  3. Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон,
  4. Раҳимӣ Фарҳод — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ,
  5. Ҷумъазода Шарифҷон — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия,
  6. Қонунзода Шодигул Худобахш — Раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб гардиданд.[3]

Пайвандҳо

вироиш