Вазиристони Шимолӣ

Вазиристони Шимолӣ ( урду: شمالی وزیرستان ( англ. North Waziristan Вазиристони Шимолӣ ) — як музофот дар иёлати Хайбер-Пухтунхвои Ҷумҳурии Исломии Покистон аст. Маркази маъмурӣ — шаҳри Мираншаҳ аст. Масоҳат — 11 585 км². Аҳолӣ — 361,246 нафар (1998). То 31 майи соли 2018, маъмурияти Минтақаҳои қабилавии дар сатҳи федералӣ идорашаванда буд.

Вазиристони Шимолӣ
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Miranshah[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1910
Масоҳат
  • 4 707 км²
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 361 246 тан (1998)
Вазиристони Шимолӣ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Амалиёти низомӣ

вироиш

Ҳазорон нафар ғайринизомиёни покистонӣ дар Вазиристони Шимолӣ дар амалиёти низомӣ алайҳи ҷангиёни Вазиристони Ҷанубӣ дар соли 2009 ҷалб шуда буданд[1].

29 октябри соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурешӣ изҳорот дод, ки 35,000 низомиёни Покистон омодаанд ба муқобили Толибон дар Вазиристони Шимолӣ ҳамла кунанд [1].

Ин изҳорот пас аз чанд рӯз пас баррасӣ гардид, ки Котиби давлатии ИМА Ҳиллари Клинтон эълом кард, ки Вашингтон ба Покистон аз рӯи лоиҳаи кумаки молиявӣ ба кишвар дар мубориза бо терроризм 2 миллиард доллар медиҳад.[1]

Иёлоти Муттаҳида ба амалиёти рӯи заминӣ водор мекард, зеро Вазиристони Шимолӣ барои Толибон як пойгоҳи мустаҳкам аст.[1]

17 январи соли 2011 Покистон расман ба Вашингтон эълом намуд, ки аз амалиёти низомӣ дар Вазиристони Шимолӣ даст мекашад. Ба гуфтаи Ашфақ Каёнӣ, ҳамлаи низомиён танҳо он вақт оғоз мешавад, ки худи мақомоти Покистон онро зарур шуморад. Дар ин муддат дар Вазиристони Шимолӣ аллакай 38,000 сарбози артиши Покистон ва Қӯшунҳои сарҳадбонон ҷойгир шудаанд, аммо коршиносон мегӯянд, - амалиёти пуррамиқёси низомӣ дар Вазиристони Шимолӣ як озмоиши ҷиддӣ барои онҳо мебошад [2]

Нигаред

вироиш