Ваколат (ар. وكالة‎ — нигаҳбонӣ; вогузории иҷрои коре аз ҷониби касе) — дар ҳуқуқ қисми таркибии салоҳият; ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маҳдуде, ки барои анҷом додани коре ба таври расмӣ ба касе дода мешаванд.

Ҳар як мақомоти давлатӣ ва шахси мансабдор дар доираи салоҳияте, ки қонун барои ӯ додааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ваколатҳои сершумор дошта метавонад. Ваколатҳо вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ пайдо мегарданд. Самаранок амалӣ гардондани Ваколатҳо барои то охир татбиқ гаштани салоҳияти мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад. Ваколатҳои Президент, Парламент ва Ҳукумат дар Конститутсия муқаррар карда мешаванд. Мас., Ваколатҳои Маҷлиси Олӣ дар моддаҳои 55-57, Ваколатҳои Президент дар моддаи 69 ва моддаҳои дигари Конститутсия (Сарқонун)- и Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Мувофиқи Конститутсия салоҳияти Маҷлиси Олӣ ба се гурӯҳи Ваколатҳои: Ваколатҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми баргузории ҷаласаҳои якҷоя, Ваколатҳои хосси Маҷлиси миллӣ ва Ваколатҳои хосси Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шудааст. Ҳарчанд дар моддаҳои мазкури Конститутсия салоҳият зикр шудааст, аммо дар асл сухан дар бораи Ваколатҳои сохторҳои Маҷлиси Олӣ меравад, зеро ҳамаи Ваколатҳои дар онҳо номбаршуда дар маҷмӯъ салоҳияти Маҷлиси Олиро ташкил менамоянд.

Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатиро қонунҳо ба Ваколати вогузоршаванда, муштарак ва истисноӣ ҷудо мекунанд.

Адабиёт

вироиш