Варақсангҳои булӯрӣ
Варақсангҳо́и булӯрӣ — номи умумии гурӯҳи калони сангҳои тағйирёфта (метаморфӣ), ки ба дараҷаи миёна (баъзан баланд) гирифтори таъсири омилҳои дигаргунии минтақавӣ шудаанд. Аз гнейсҳо ва магматитҳо бо таносуби миқдори ҷинсҳои маъдании сангофари худ фарқ мекунанд.
Таркиб
вироишҲамчун ҷинсҳои маъдании асосӣ дар таркиби варақсангҳои булурӣ ё кварсу мико (биотит, мусковит), ё пироксенҳо, амфиболҳо ва платиоклаз, баъзан скаполит ё танҳо маъданҳои торикранг (мас., горнбленд) дучор меоянд. Дар таркиби варақсангҳои булурӣ ҳамчунин маъданҳои (минералҳои) барои сангҳои тағйирёфта хос – гранатҳо, кордиерит, андалузит, кианит, силлиманит, ставролит, скаполит, баъзан карбонатҳо ва ғайра вомехӯранд. Вобаста ба таркиби маъданиашон (минералиашон) Варақсангҳои булурии кварсдори микоӣ, гранат – биотитӣ, андалузит – биотитӣ, кардиерит – биотитӣ, кварснадоштаи диопсид – скаполитӣ, диопсид – платиоклазӣ, диопсид – карбонатӣ ва ғайраро фарқ мекунанд. Вобаста ба он ки варақсангҳои булурӣ аз ҳисоби кадом сангҳо ба вуҷуд омадаанд, онҳо ба ортоварақсангҳо (аз ҳисоби сангҳои озарин) ва параварақсангҳо ё метаварақсангҳо (аз ҳисоби сангҳои русубӣ) ҷудо мешаванд. Аз варақсангҳои булурӣ ва гнейсҳову магматитҳо таҳкурсии платформаҳо ва сипарҳои куҳан (токембрий), минтақаҳои марказии қаторкӯҳҳо (маркази антиклинорияҳо) ташаккул ёфтаанд. Варақсангҳои булурии кианитӣ ва силлиманитии дар таркибашон ба миқдори зиёд аллюминийдорро ҳамчун маводди оташбардор ва барои истеҳсоли силумин истифода мебаранд.
Истифода
вироишСолҳои охир варақсангҳои булурии аз кианит ва силлиманити ғанӣ ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли аллюминий (глинозем) аҳаммият пайдо кардаанд. Дар Тоҷикистон варақсангҳои булурии ба миқдори зиёд кианит ва силлиманитдор дар маҷмааҳои дигаргунии минтақаи Язгулом дучор меоянд, ки метавонанд дар оянда ҳамчун ашёи маъданӣ барои истеҳсоли алюминий истифода шаванд.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.