Андалузит
Андалузит (аз номи музофоти Андалузияи Испания) — минерал, силикати алюминий.
Андалузит | |
---|---|
Формула | Al2SiO5 |
Физические свойства | |
Цвет | серый, жёлтый, бурый, золотистый, оранжево-коричневый, розовый, красный, тёмно-зелёный, бесцветный |
Цвет черты | белая |
Блеск | стеклянный |
Прозрачность | прозрачен |
Твёрдость | 7,5 |
Спайность | несовершенная |
Излом | неровный; хрупок |
Плотность | 3,12—3,18 г/см³ |
Сингония | ромбическая |
Показатель преломления | 1,641—1,648 |
Соохт
вироишБаъзан омехтаҳои оҳан ва манган ҳам дорад. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ буда, дар шакли кристаллҳои қаламчаю призмамонанд ё донаҳои шаклашон вайрон вомехӯрад. Рангаш хокистарӣ, хокистарии сурхтоб ва гулобӣ. Ҷилояш шишагун. Сахтиаш 7,0 – 7,5, зичиаш 3100 – 3200 кг/м3, оташтобовар. Андалузит минерали хоси ҷинсҳои метаморфӣ – варақсангу гнейсҳо аст. Гоҳо дар таркиби кварситҳои дуюмбора, баъзан дар пегматит ва пошхӯрдаҳо низ дучор меояд. Андалузит дар саноати истесҳсоли чинӣ ва электрометаллургия чун ашёи оташтобовар ба кор меравад.
Конҳо
вироишКонҳои калони он дар Русия ва Қазоқистон ёфт шудаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Андалузит // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи минерал ё минералогия аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |