Васудева (бохт. ΒΑΖΟΔΗΟ [Bazodeo], чинӣ: 波調 [Bodiao]; асри IIасри III) — фармонрави Кушонӣ, аз охирин подшоҳони бузурги Кушонӣ аст, ки тахминан солҳои 191—232 баъд аз Ҳувишкаи I ҳукмронӣ кардааст.

Васудева
191 — 232
Пешгузашта Ҳувишка
Ҷонишин Kanishka II[d]
Таваллуд асри II
Даргузашт асри III

Дар баъзе аз тадқиқотҳо номи ӯро Васишка, ё Васишкаи II меноманд. Алвижа аз номгузории шоҳ ва тангаҳои замони ҳукумронии Васудева, ки танҳо худои ҳиндӣ Шива акс ёфтааст, ӯ пайрави мазҳаби ҳиндуия буда ба браҳманиизм такя мекардааст.

Баъд аз вафоти ӯ мулкҳои ҳиндустонӣ пароканда шуданд. Давлати Сосониён ба мулкҳои Ҳиндустони шимолу-ғарбӣ ворид гардиданд. Шоҳони маҳаллӣ тангаҳои худиро сикка мезаданд. Аммо мулкҳои шимолии Империяи Кушониён, бо марказашон дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, арзи вуҷуд доштанд, маълумотҳое гувоҳи медиҳанд ки Кушониён бо Чин дар алоқа буданд.

Ричард Фрай, кайд мекунад, ки сулолаи ҳокимони кушонӣ ба монанди азбайнравии шоҳони юнонӣ дар Ҳиндустон хотима ёфтааст. Таҳлили тангаҳо ба нумизматҳо имконият дод, ки тасдиқ намоянд, ки ҳукумронони охирин (дар давлати Кушониён) Васудева ва мумкин аст, Васудеваи III буданд.

Адабиёт

вироиш
  • Ричард Фрай, Наследие Центральной Азии. От древности до тюркского нашествия, Душанбе, 2000, — с. 162—163
  • Боровкова Л. А. «Кушанское царство (по древним китайским источникам)». М., 2005, ISBN 5-89282-265-6.

Пайвандҳо

вироиш