Шоҳаншоҳии Сосонӣ

(Тағйири масир аз Давлати Сосониён)

Давлати Сосонӣ (порсии миёна: [Ērānšahr], Эроншаҳр; форсӣ: شاهنشاهی ساسانیان‎ [šāhanšāhije sɒsɒnijɒn]) — давлати сулолаи форсизабон дар Эрон, ки пас аз сулолаи Ашкониён (Шоҳони форсизабон), солҳои 224—651 ҳукумрон буд.


(Эроншаҳр)
шоҳаншоҳӣ

224 — 652



Дирафш Нишон

Шоҳаншоҳии Сосонӣ дар давраи бузургтари густариш солҳои 619-629.
Пойтахт
Забон(ҳо) порсии миёна, оромӣ (лингва-франка)
Дин маздаясно, ҳамчунин масеҳият, монуӣ, меҳрпарастӣ
Майдон 6 600 000
Аҳолӣ 55 млн н. (с. 625) (мардумони эронӣ(порсҳо, ашкониҳо, суғдиҳо, курдҳо), арабҳо, арманиҳо, ошӯриҳо, яҳудиҳо, ивериҳо, албаниҳо қафқоз
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии феодалӣ[d] ва подшоҳӣ
Сулола Сосониён
Давомнокӣ
Шоҳаншоҳии Ашконӣ
Хилофати Араб

Таърихи давлатдорӣ

вироиш
 
Давлати Сосониён

Номи сулола ба давлати Сосониён аз исми ниёии хонадони Сосон, ки мӯбади оташкадаи Анаҳито дар Истахр маҳсуб мешуд, бармеояд. Ба давлат набераи ӯ Ардашери Бобакон, ки мансабдори шоҳаншоҳии Ашкониён дар ҳавзаи Форс буд, асос гузошт. Ӯ аз нуфузи рӯзафзуни рӯҳониёни зардуштӣ, муқовимати хонадонҳои ҳукуматгари маҳаллӣ истифода карда, ба муқобили шоҳи давлати Порт (Парфия) Артабони IV (216—224) ҷангҳои қудратталабона бурд ва аз соли 221 то 224 як қатор шаҳру вилоят ва маҳалҳои ҳавзаи Форс, Исфаҳон, Кирмон, Аҳвозро забт намуд. Дар муҳориба бар лашкари Артабони IV Ашконӣ зафар ёфта ба таъсисёбии давлати Сосониён поя гузошт.[1] Ардашери I Бобакон баъди чанде ҳокимияти худро қариб дар тамоми Форс паҳн карда, соли 226 ба тахти подшоҳии давлати Сосониён нишаст. Ардашер худро шоҳаншоҳи давлати Сосониён меномид. Ӯ барои васеъ ва мустаҳкам кардани мамлакат ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ додааст. Ба Ардашери Бобакон муяссар шуд, ки тамоми мулкҳои собиқ давлати Портро ба даст дарорад. Инчунин Мод, Озарбойҷон, Синстон, Хуросон ва як қисми Арманистонро ишғол намуда, ба давлати худ ҳамроҳ кунад. Ба Ардашери I Бобакон ва вориси ӯ Шопури I лозим омад, ки бар зидди империяи Рум мубориза баранд. Шопури I оқибат ба лашкари Рум ишқаст дода, ҳатто императори он — Валерианро асир гирифт.

Ҳукмронии Шопури I

вироиш

Дар аҳди Шопури I (239—272) Эрон муттаҳид гардида, дар Шарқ ва Ғарб ба Давлати Сосониён сарзаминҳои зиёд ҳамроҳ карда шуданд. Бо вуҷуди ин дар аасри III дар дохили Давлати Сосониён мулкҳои мустақил аз қабили Систон, Кирмон, Марв ва ғ. мавҷуд буданд. Сиёсати забткоронаи Сосониён дар ғарб боиси ҷангҳои дуру дароз бо империяи ғуломдории Рим гардид. Ҳар ду давлат мекӯшиданд ба роҳҳои хушкигарди тиҷоратӣ, ки аз шимолу ғарбии Байнаннаҳрайн, Сурия ва Закавказия мегузаштанд, соҳиб шаванд. Ин мубориза дар нимаҳои а. III бартарии Сосониёнро нишон медод, ки дар ин бора маълумоти Шопури I дар «Каъбаи Зардушт» шаҳодат медиҳад. Шопури I с. 260 ба қӯшуни римиҳо шикасти сахт расонда, императори Рум Валерианро асир гирифт. Валериан ва асирони румӣ дар Корун дарғоте сохтанд, ки бо номи «Банди Қайсар» машҳур аст. Дар тасвири «Нақши Рустам» Валериан дар назди Шопури I ба зону истодааст. Шопури I дар Шимол ва Шимол зафарҳо карда ҳудуди давлаташро васеъ намуд. Дар аҳди ӯ сарҳадҳои давлат дар Шарк то ба поёноби дарёи Ому (Хоразм) ва болооби дарёи Ҳинд (Синд) расид. Ба Давлати Сосониён давлати Кушониён ҳамроҳ карда шуд. Сохтмони шаҳрҳои нав ва қалъаҳо ҳокимияти шоҳ ва системаи маъмурияти вайро мустаҳкам намуданд.

Дину оин

вироиш

Дигаргуниҳои маъмурӣ дар вилоятҳо сарҳадҳои мулкҳои ҳокимони маҳаллиро тағйир дода, нуфузи онҳоро кам намуданд. Дар асри III дар мулкҳои дохили Давлати Сосониён ба ҷойи ҳокимони маҳаллӣ ва авлоди Сосониён ва ё ашрофони маҳаллии эронӣ волиён таъйин карда мешуданд. Давлати Сосониён аз ибтидои ташаккул ба коҳинони эронӣ такя мекард. Дар аҳди Ардашери Бобакон оини зардуштия дини расмии давлатӣ шуда, дар тамоми давлат оташкадаҳои зиёд бино ёфтанд. Рӯҳониён ва оташкадаҳо ба яке аз қувваҳои асосии сиёсӣ ва иқтисодии давлат табдил ёфтанд. Дар аҳди Шопури I сардори рӯҳониён — Картир «Мӯбади мӯбадон» ном гирифта, дар аҳди Баҳроми II қозикалони давлат шуд.

Дар навиштаҷоти «Каъбаи Зардушт» Картир чунин мегӯяд: «(шоҳаншоҳ) маро мӯбадон ва қозӣ кард, анҷоми маросими Анаҳиторо ба ман супурд ва маро раёсату иқтидор бахшид… Оини Аҳуромаздо дар ҳар ҷойи мулку мамлакат равнақ гирифт… Оташкадаҳо ва рӯҳониёнро бузург доштам». Таҳрири аввалини дар давраи Сосониён анҷомёфтаи «Авесто» низ ба асри III мансуб аст. Дар Давлати Сосониён динҳои дигар (дар Ғарб масеҳият дар Шарк буддоия ва ғайра) таъқиб карда мешуданд. Аммо оини зардуштия берун аз Эрон васеъ паҳн нашуда буд. Дар шаҳрҳои Эрон исавиён, яҳудиён ва намояндагони дигар динҳо низ истиқомат доштанд. Дар асри III дар Давлати Сосониён дини нав — монавия зуҳур намуд, ки даставвал аз ҷониби Шопури I дастгирӣ ва минбаъд манъ карда шуд. Подшоҳони сосонӣ аз Шопури I сар карда унвони «Шоҳаншоҳи Эрон ва ғайри Эрон» ва ё «Шоҳаншоҳи ориён ва ғайри ориён», Давлати Сосониён бошад, номи Эроншаҳрро гирифтанд. Аз «Мотикони ҳазор дотистон» бармеояд, ки дар Давлати Сосониён мавқеи оташпарастон баланд буд.

Ҳукмронии Шопури II. Яздигурди I ва Пирӯз

вироиш

Сарфи назар аз чидду ҷаҳди Ардашери Бобакон, Шопури I ва Баҳроми I давлати Сосониён он қадар пурзӯр набуд. Вале дар давраи ҳукмронии Шопури II — солҳои 309—379 он рӯ ба тараққӣ ниход. Ҳудудҳои давлати Сосониён ҳам дар самти ғарб ва ҳам дар самти шарқ васеътар шуданд. Дар давраи шоҳигарии Яздигурди I (солҳои 399—420) низ давлати Сосониёи дар рушду нумӯь буд. Дар мамлакат шаҳрҳо ободу зебо шуда, шаҳрҳои нав бунёд ёфтанд. Дар ин давра ба давлати Сосониён тохтутози лашкари Рум ва кӯчманчиён қать гардид. Вале дар дохили давлат оромию ваҳдати умумихалқӣ вуҷуд надошт. Дар музофотҳои гуногуни он ва алалхусус дар Қафқозу Осиёи Марказӣ бар зидди шоҳони сосонӣ шӯришҳо ба амал меомаданд. Мақсади шӯришҳо беҳбудии зиндагии аҳолии камбағал буд. Ин шӯришҳо дар замони ҳукмронии Пирӯз бештар сар мезаданд. Шӯришчиён ҳатто шоҳу шоҳзодаҳои Сосониёнро асир ва ё гаравгон мегирифтанд. Аз он ҷумла, боре худи Пирӯз ҳам гаравгони шӯришгарон шуда буд. Рамик

Ҳукмронии Хусрави I Анӯшервон

вироиш

Хусрави I дар Эрони замони Сосониён муддати дуру дароз — аз соли 531 то соли 579 ҳукмронӣ кардааст. Давраи ҳукмронии ӯ давлати Сосониён марҳалаи равнақи худро аз сар мегузаронд. Аз ҳамин сабаб обрӯи ин шоҳ дар байни халқи Эрон ниҳоят баланд шуд. Беҳуда нест, ки ӯро «Анӯшервон», яъне «абадзинда» меномаданд. Хусрави I Анӯшервон шоҳи оқилу доно буд. Ӯ дар мамлакат ислоҳот гузаронда, хуб дарк мекард, ки низоми андозситонӣ аз замин беадолатона аст. Барои ҳамин бояд андози замин кам карда шавад. Бо фармони шоҳ рӯйхати заминҳо мураттаб карда шуд. Минбаъд амалдорони андозситон ба саҳроҳои киштзори ғалла рафта, ҳосилнокии онҳоро пеш аз ҷамъоварӣ, бевосита дар ҷояш муайян мекарданд. Бо ҳамин усул низоми пардохти андоз дар сар то сари мамлакат ба тартиб дароварда шуд. Акнун амалдорони давлатӣ тибқи нишондодҳои ислоҳот андозн сарикасиро соле як маротиба дар доираи муҳлатҳои муқарраркардашуда ғун мекарданд. Рӯҳониён, сарбозон ва амалдорони давлатӣ аз пардохти андоз озод буданд. Шоҳ барои пешрафти тиҷорат ҳарҷониба кумак мерасонс. Дар идораҳои молиявии давлати Сосониён тоҷирон ва судхӯрони сершумор кор мекарданд. Хусрави I ин ашхосро ба вазифаҳои давлатӣ таъйин карда, таҷрибаи онҳоро истифода мебурд. Барои пешрафти соҳаи асосии хоҷагӣ — кишоварзӣ Хусрави I чораҳои самаранок меандешид. Дар мамлакат бо амри ӯ ҷӯйҳо, обанборҳо. дарғотҳо ва иншоотҳои дигари обёрӣ сохта шуданд. Бо ин роҳ майдонҳои кишти зироатҳои обӣ афзуданд. Хусрави I Анӯшервон ба илму фарҳанг рағбати калон дошт. Ӯ ба арбобони ин соҳа ғамхорӣ зоҳир мекард. Ҳатто ба як файласуфи византиягӣ, ки ӯро император Юстиниани I аз мамлакат пеш карда буд, паноҳгоҳ дода, баҳри идомаи корҳои илмиаш шароити зарурӣ фароҳам овард. Бо амри Анӯшервон таърихнигорон солномаи воқеаҳои муҳимми таърихии давлати Сосоннёнро мураттаб сохтанд.

Идора ва хоҷагии Давлати Сосониён

вироиш

Шоҳҳои Сосониён дар мамлакат ҳокимияти номахдуд дошта, давлати худро аввал аз шаҳри Тахти Ҷамшед ва баъд аз шаҳри Тайсафун истода идора мекарданд. Мамлакат ба 18 сатрапӣ, яъне вилоят тақсим шуда, онҳоро ҳокимони аз тарафи шоҳ таъйинкарда идора мекарданд. Ҳокимони вилоятҳо пурра тобеи шоҳ буданд. Давлат аз таҷовузи мамлакатҳои хориҷӣ тавассути артиши пурзӯр ҳифз карда мешуд. Дар идора кардани соҳаҳои гуногуни мамлакат мансабдорони зиёд истифода бурда мешуданд. Сосониён ба масъалаи ҷамъоварии андозҳо аз аҳолӣ диққати ҷиддӣ медоданд. Ин корро ҳайати сершумори андозгундорон иҷро менамуданд. Дар давлати Сосониён косибӣ ва кишоварзӣ тараққӣ карда буд, ки он сабаб дошт. Эрон дар чорроҳаи тиҷоратӣ воқеъ гардида буд. Дар шаҳрҳои мамлакат маҳсулоти баландсифати косибӣ истеҳсол карда мешуд. Эрон дар он замон бо абрешим, газвор, моҳут, қолин, зарфҳои сафолӣ ва маснуоти заргарии худ машҳур буд. Тоҷирони сосонӣ ин молҳоро ба хориҷи кишвар бароварда, аз фурӯши он даромади калон мегирифтанд, ки як қисми ин маблағ ба хазинаи давлатӣ низ ворид мегардид. Тарҷумонҳо асарҳои сершумори адабии юнонию суриягиро ба забони эронӣ тарҷума карданд. Тахмнн меравад, ки маҳз дар замони ҳукмронии Хусрави I Анӯшервон маҷмӯаи форсии «Ҳазор афсона» тавлид ёфтааст. ки дар асоси он баъдтар арабҳо маҷмӯаи машҳури «Ҳазору як шаб»-ро тартиб додаанд. Хусрави I Анӯшервон дар тӯли ҳукмронии қариб 50-солаи худ бар зидди давлатҳои ҳамсоя ҷанг кардааст. Ҷангҳои бештари Анӯшервон бар зидди Византия буд. Дар натиҷаи ин ҷангҳо Хусрави I Анӯшервон Антиохияро забт карда, аҳолии онро асир гирифта, барои сукунат ба назди шаҳри Тайсафун меорад. ки мардум баъд он маҳалро «Антиохияи Хусрав» номгузорӣ кардаанд. Хусрави I соли 562 бо Византия ба муҳлати 50 сол сулҳ баст. Вале баъди якчанд сол ӯ аҳдшиканона пораеро аз қаламрави Византия ишғол кард. Ин иқдоми Анӯшервон барои дар байни давлати Сосониён ва империяи Византия аз нав сар задани ҷанг баҳона шуд. Ҷанги мазкур танҳо баъд аз вафоти Хусрави I Анӯшервон қатъ гардид. Дар қисмати шарқии мамлакат Хусрави I бар зидди қабилаҳои туркии кӯчманчии сокини миёнаҷои дарёҳои Аму ва Сир ҷанг карда, ғалаба ба даст овардааст. Хуллас, дар замони ҳукмронни Хусрави I Анӯшервон давлати Сосониён ба империяи пуриқтидор табдил ёфт.

Рӯ ба таназзул ниҳодани Давлати Сосониён

вироиш

Баъд аз вафоти Хусрави I Анӯшервон давлати Сосониён рӯ ба таназзул ниҳод. Ҳокимони вилоятҳои алоҳида мунтазам шӯриш мебардоштанд. Яке аз ҳамин шӯришҳо соли 590 бо роҳбарии Баҳроми Чӯбина ба амал омадааст. Хусрави II маҷбур шуд, ки аз императори Византия ёрӣ пурсад. Баъди шикасти ин шӯриш дар байнн Эрон ва Византня созишномаи сулҳ баста шуд, ки мувофиқи он як қнсми ғарбии Қафқоз ба Византия гузашт. Баъди танаффуси начандон зиёде дар байни Византия ва Эрони Сосонӣ ҷангҳо аз нав оғоз ёфта, гоҳ ба фоидаи як тараф ва гоҳ ба фоидаи тарафи дигар анҷом меёфтанд. Ниҳоят, соли 623 императори Византия Ираклий ба ҳуҷуми қатъии зидди Сосониён гузашта, ба пойтахти Эрон шаҳри Тайсафун назднк шуд. Хавфи Тайсафунро ишғол кардани византиягиҳо ба миён омад. Аз бемуваффакиятии ҳукмронии Хусрави II ва шикасти ӯ аз Византия дар мамлакат норозигии мардум афзуд. Аз ин вазъ истифода бурда, ашрофони маъруф писари Хусрави II Қубоди II-ро шохи нав эълон карданд. Писар ба муқобили падар лашкар кашида, ӯро асир гирифта, ба қатл расонд. Баъди чанде Қубоди II ба лашкари Византия шикаст дод ва императори он аз шоҳи Сосониён сулҳ пурсид. Қубоди II бо Византия сулҳ баст, ки мувофиқи он ҳамаи заминҳои қаблан аз дастдодаи Сосониён баргардонида шуданд. Вале ин ғалаба пеши роҳи таназзули минбаъдаи давлати Сосониёнро гирифта натавонист.