Ваҳдат (деҳа, н. Темурмалик)

(Тағйири масир аз Ваҳдат (собиқ Кунчибулоқ))

Ваҳдат (то 28 феврали 2013 Кунчибулоқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик. Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 17 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 465 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Темурмалик
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Кунчибулоқ
Аҳолӣ
Аҳолӣ 465 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3314
Нишонаи почта 735340

Иқтисод вироиш

Осиёб ва ҷувози равғанкашии хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Чилча таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: зироаткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо лалмӣ.

Мардум вироиш

Аҳолиаш солҳои 1930 аз деҳаҳои Шайдон, Ҳамрогиё, Дараи Боҳтур, Саталмуш, Дашти Майдон, Мулкон, Дӯлонамайдон, Файзободи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ва деҳаи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг кӯчида, дар ҳайати колхози Калинин кор кардаанд.

Шахсиятҳои маъруф вироиш

Доктори илмҳои филологӣ Абдусаттор Мирзоев, олими соҳаи тиб Музаффар Набиев, Бригадири хизматнишондодаи Тоҷикистон Давлат Сафаров (дорандаи ордени Хӯшаи тилоии СССР) дар ҳамин деҳа ба дунё омадаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш