Ваҳдат (деҳа, н. Қубодиён)
(Тағйири масир аз Ваҳдат (собиқ Қизилиттифоқ))
Ваҳдат (то 28 феврали 2013 Қизилиттифоқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён. Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 13 км, то маркази ноҳия 28 км. Аҳолиаш 3233 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Қубодиён |
Ҷамоат | Деҳоти Тахти Сангин |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Қизилиттифоқ |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3233 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3251 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, клуб, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва 3 масҷиди панҷвақта дорад.
Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон ва наҳри Каттаариқ обёрӣ мешаванд. Ваҳдат соли 1954 ташкил шудааст ва аҳолиаш аз ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол ва Ҳоит муҳоҷир шуда, дар ҳайати колхози «Оқолтин», минбаъд «50-солагии СССР» кор кардаанд. Ҳоло дар Ваҳдат хоҷагии кооперативӣ — истеҳсолии «Авесто» ва 15 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ваҳдат // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2