Ге́нуя (итол. Genova [ˈdʒɛːnova], [ˈzeːna], лот. Genua, Ianua) — шаҳр дар шимоли Итолиё, дар соҳили халиҷи Генуяи баҳри Лигурия. Маркази маъмурии музофоти Генуя ва вилояти Лигурия. Аҳолиаш 599,7 ҳазор нафар (2014). Якҷо бо шаҳрчаҳои атрофаш Генуяи Калонро ташкил медиҳад, ки дар ҳайати он 70 шаҳрчаи хурди саноатӣ ва истироҳатӣ мавҷуд аст (Корнияно-Лигуре, Сампердарена, Болсането, Рапалло, Портофино).

Маҳалли аҳолинишин
Генуя
итол. Genova
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Marco Bucci[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
Баландии марказ 20 м
Минтақаи замонӣ UTC+1[d] ва UTC+02:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ итолиёӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 010
Нишонаи почта 16121–16167
Коди мошин GE
comune.genova.it
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иқлим

вироиш

Иқлими Генуя субтропикӣ буда, зимистони салқин ва тобистони бениҳоят гарм аст.

Таърих

вироиш

Генуя дар садаи IV то м. аз тарафи қабилаи маҳаллии лигурҳо бунёд шудааст. Дар асрҳои миёна яке аз марказҳои бузурги тиҷоративу молиявии Аврупо ба ҳисоб мерафт. Дар нимаи садаи XX маркази муҳимми саноатии мамлакат гардид.

Иқтисод

вироиш

Яке аз бандарҳои бузургтарини баҳри Миёназамин буда (гардиши мол дар як сол 50 млн т, аз ҷумла маҳсулоти нафтӣ 30 млн т), асоси иқтисодиёти мамлакат ба он вобастагӣ дорад. Бо бандари Ла Спессия тариқи паром мепайвандад. Маркази р. о., роҳҳои худрав ва фурудгоҳи байналмилалӣ (ба номи Христофор Колумб) дорад. Дар Генуя корхонаҳои санъатии филиззот, кимиё, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, истеҳсолу коркарди нафт, мошинасозӣ (киштӣ, ҳавопаймо, тракторсозӣ, истеҳсоли муҳаррикҳо, дегҳои буғӣ) мавҷуданд.

Гардишгарӣ

вироиш

Генуя маркази сайёҳии мамлакат буда, қад-қади соҳили баҳр дар Ривйераи Лигурия осоишгоҳҳо ҷой гирифтаанд. Дар Генуя осори меъмории асрҳои 11-17 (маъбади Санта-Мария ди Кастелло, калисои Сан-Лоренсо, дайри Сан-Стефано) боқӣ мондаанд. Осорхонаҳои бостоншиносӣ, меъмории Лигурия, санъати шарқ, баҳрӣ, нигористони бадеӣ, осорхонаҳои инфиродии Христофор Колумб, Н. Паганини донишгоҳ, консерваротия, академияи саноеи нафиса дорад. Христофор Колумб дар Генуя зода шудааст.

Бародаршаҳрҳо

вироиш

Нигористон

вироиш
 
 
 
 
Минои Лантерна Майдони Феррари Калисои Лаврентии Муқаддас Бонки Сан-Ҷорҷо

Адабиёт

вироиш



Шаҳрҳои Итолиё  

Рим | Милан | Неапол | Турин | Палермо | Генуя | Болоня | Флорентсия | Бари | Катания | Венетсия | Верона | Мессина | Падуя | Триест | Таранто | Брешиа | Реҷо-ди-Калабрия | Прато | Модена | Парма | Перуҷа | Реҷо-Эмилия | Ливорно | Каляри | Равенна | Фоҷа | Салерно | Римини | Феррара | Сассари | Сиракуза | Пескара | Монса | Латина | Бергамо | Форли | Виченса | Ҷуляно-ин-Кампаня | Тренто | Терни | Новара | Анкона | Болсано | Пяченса |