Ноҳияи Вестминстер
Вестминстер, инчунин Уэстминстер ( англ. Westminster) — яке аз ноҳияҳои таърихии Лондон, як қисми ноҳияи маъмурии Вестминстер аст. Қасри Вестминстер биноест, ки онҷо Парлумони Бритониёи Кабир ҷаласаҳояшро мегузаронд.
англ. City of Westminster | |||
|
|||
Кишвар | Англия | ||
Маркази маъмурӣ | Вестминстер[d] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таърихи таъсис | 1 апрел 1965 | ||
Масоҳат | |||
Вақти минтақавӣ | UTC±00:00[d] ва UTC+1[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Рамзи ISO 3166-2 | GB-WSM | ||
Коди телефон | 020 | ||
Нишонаи почта | NW, SW, WC ва W | ||
Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вестминстер дар асри VII дар атрофи ибодатхонае, ки дар он замон мавҷуд буд, таъсис дода шудааст. Номи "Вестминстер" аслан ҳамчун Калисои Ғарбии ибодахона тарҷума мешавад.
Вестминстер дар соҳили чапи Темза, дар ғарби Ноҳияи Лондон Сити шаҳри Лондон воқеъ аст.
Дар ибтидо, чунин номгузорӣ танҳо дар ҳудуди Ибодатгоҳи Вестминстер (русӣ, Вестминстерское аббатство), ки қариб ҳазор сол ҷойи қароргоҳи подшоҳони Англия буд, дар назар дошта мешуданд.
Баъдтар Вестминстер гуфта ҳудудҳои тадриҷан васеъ кардашудаи ноҳияи Вестминстер (Westminster), ки ба он аз соли 1965 ҳудудҳои атрофи Сэнт-Мэрилибоун и Паддингтон замима карда шуда буданд дар назар дошта мешуданд. Ҷойгузини таърихии Вестминстер ҷазираи Торни мебошад, ки дар он Ибодатгоҳи Вестминстер (русӣ, Вестминстерское аббатство) сохта шудааст, ва инҷо ҳоло ҳам, ҷои маросимҳои анъанавии ба тахтнишинии подшоҳони Бритониёи Кабир аст.
Қасри Вестминстер, пас аз он ки нормандҳо Англияро дар соли 1066 забт карданд, қароргоҳи подшоҳони Англия гардид ва баъдтар ҷои маҷлиси Парлумони Англия ва судҳои ба номи Вестминстер шуданд.
Ва гарчанде, ки дар аввал подшоҳҳони инглисӣ дар Тауэри Лондон зиндагӣ мекарданд, онҳо намехостанд, ки дар ҳудуди Лондони фақир зиндагӣ кунанд. Ҳамин тавр, бо гузашти вақт, ду марказ ба вуҷуд омад: яке - иқтисодӣ, дар Ноҳияи Лондон Сити ва дигаре - сиёсӣ ва фарҳангӣ дар Вестминстер. Ин тақсимот то имрӯз зинда аст. Баъдтар, подшоҳҳони Англия қароргоҳи худро ба дигар қисматҳои шаҳр кӯчониданд. Аммо парламент ҳоло ҳам дар Қасри Вестминстер бо аксарияти вазоратҳо дар Уайтхолл нишастааст.
Номи Вестминстер барои истинод ба парламент ва маркази сиёсии Шоҳигарии Муттаҳида истифода мешавад. Аксар вақт дар бораи системаи Вестминстер сухан мегуянд.
Дар наздикии Қасри Вестминстер ва Ибодатгоҳи Вестминстер (русӣ, Вестминстерское аббатство) ва Мактаби Вестминстер воқеъ аст.
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш
Ноҳияҳои Лондони Бузург | |
---|---|
Лондон Сити · Вестминстер · Кенсингтон ва Челси · Ҳаммерсмит ва Фулҳам · Уондсуэрт · Ламбет · Саутуарк · Тауэр Ҳамлетс · Ҳакний · Ислингтон · Камден · Барнет · Илинг · Хаунслоу · Ричмонд бар Темза · Кингстон бар Темза · Мертон · Саттон · Кройдон · Бромли · Луишем · Гринвич · Бексли · Хаверинг · Баркинг ва Дагенем · Редбриҷ · Нюҳем · Уолтҳем Форест · Ҳарринги · Энфилд · Барнет · Ҳарроу · Ҳиллингдон |