Анри Ветан (1820-1881), скрипканавози мумтоз, композитор ва омӯзгори белгийӣ.

Ветан Анри
Анри Ветан
Vieuxtemps.jpeg
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд

фр. Henri François Joseph Vieuxtemps

Санаи таваллуд

1820(1820)

Зодгоҳ

Белгия

Санаи марг

1881(1881)

Маҳалли марг
Кишвар
Касб(ҳо)

мутриб

Асбоб

скрипка[d]

Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Анри Ветан шогирди скрипканавози машҳури белгийӣ Ш. Берио ва ғ. Аз сини 7-солагӣ дар консертҳо баромад мекард. Дар с.-ҳои 1838 ва 1860 Ветан дар Петербург ва Маскав сафарҳои ҳунарӣ дошт, с.-ҳои 1838-1840 ва 1845-1852 Ветан дар Россия кор кардааст. Бо М. Глинка, А. Даргомыжский ва дигарон вохӯрдааст. Ветан – яке скрипканавозони равияи романтикидоштаест, ки моҳияти мактаби скрипкаи миллии белгиявиро дар дунё тасдиқ намудааст. Ветан муаллифи 7 консертҳои виртуозӣ барои скрипка бо оркестр (алалхусус консерти №4, ки онро дар Россия офарида буд), пиесаҳо дар мавзӯи композиторони рус ва ғ. дар с.-ҳои 1871-1873 профессори консерваторияи Брюсел. Дар байни шогирдонаш Э. Изаи дар ҷаҳон машҳур аст. [1]

ЭзоҳВироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.84. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)