Open main menu

Вйетнам

(Тағйири масир аз Виетнам)

Вйетнам (вйетн. Việt Nam), Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам — давлат дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, дар нимҷазираи Ҳиндухитой.

Вйетнам
вйетн. Cộng hòa Xã hội Chủ nghĩa Việt Nam
англ. Socialist Republic of Vietnam
вйетн. Việt Nam
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Суруди миллии Вйетнам

Vietnam on the globe (Asia centered).svg

Забонҳои расмӣ

забони вйетнамӣ[3]

Пойтахт

Ханой

 · Баҳо (2013)

(13-ум)

 · Зичӣ

273 [1] наф./км² (30-ум)

ММД
 · Ҳамагӣ (2010)

276,6 млрд[1] долл. (42-ум)

 · ба сари аҳолӣ

3100[1] долл. (166-ум)

ШРИ (2017)

0,666[2] (миёна95-ум ҷой)

Номи аҳлият

вйетнамӣ, вйетнамиҳо

Воҳиди пул

Донги Вйетнам

Интернет-домен

.vn

Рамзи ISO

VN

Рамзи КБО

VIE

Пешшумораи телефон

+84

Минтақаи замонӣ

UTC+07:00[d]

ҶуғрофиёВироиш

Дар шимол бо Хитой, дар ғарб бо Лаос ва Камбоҷа ҳамсарҳад аст. Баҳри Хитойи Ҷанубӣ ва халиҷҳои Бакбо ва Сиам дар шарқи Вйетнам ҷойгиранд. Тӯли сарҳадди хушкиаш 4510 км, хатти соҳилиаш 3260 км. Масоҳаташ 332,6 ҳазор км2. Аҳолиаш 92 млн 478 ҳазор нафар (2013). Пойтахташ шаҳри Ханой. Идҳои миллӣ - 1 январ (оғози соли нави миллӣ), 30 апрел (Рӯзи озодшавии Вйетнами Ҷанубӣ), 1-май, 2 сентябр (Рӯзи истиқлол). Воҳиди пулӣ — донг.

Тақсимоти маъмурӣВироиш

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Вйетнам

Сохтори маъмурӣ аз 59 музофот ва 5 шаҳри тобеи марказ иборат аст.

Сохти давлатдорӣВироиш

Вйетнам ҷумҳурии парламентист. Конс- титутсияи амалкунанда соли 1992 қабул гардида, соли 2001 ба он тағйирот ворид карда шудааст. Мақоми олии қонунгузор — парламенти якпалатагии Маҷлиси миллӣ (иборат аз 498 намоянда), намояндагони он аз тариқи овоздиҳии умумӣ барои 5 сол интихоб мешаванд. Сардори давлат — Президент, ки аз тарафи парламент ба муҳлати 5 сол аз байни вакилони он интихоб мешавад. Ҳокимияти иҷроия — ҳукумат бо сарварии сарвазир, ки аз тарафи Президент таъйин мегардад. Мақоми олии судӣ — Суди Олии халқӣ. Вйетнам узви СММ, АСЕАН, Созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором мебошад. Вйетнам истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 июни 1992 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду давлат барқарор гардиданд.

ТабиатВироиш

 
Нақшаи табиъии Вйетнам

Вйетнам сарзамини кӯҳистон буда, аз ¾ ҳиссаи онро кӯҳу теппаҳо ишғол кардаанд. Кӯҳҳои Аннам дар самти шимолу ғарб қомат афрохтаанд, ки қуллаи баландтарини он Фаншипан (3143 м) мебошад. Кӯҳу теппаҳо аз ҷинсҳои кристаллӣ ташаккул ёфтаанд, фарозу нишебҳояшон зиёд буда, ғорҳои бисёр доранд. Дар қисмати ҷанубии мамлакат силсилакӯҳҳои Плейк, Даклак, Ламвйек ва Зилин воқеанд, ки тадриҷан паст мешаванд. Вйетнам сарватҳои зеризаминии фаровон дорад. Дар ҳавзаҳо ва доманакӯҳҳои қисмати ҷанубии Вйетнам захираҳои бисёри нафту газ, ангишт, оҳан ва ғ. мавҷуданд. Иқлими Вйетнам субэкватории муссонӣ буда, дар шимол ҳарорат моҳи июн то +280С ва дар январ ба +150С мерасад. Ҳарорати қисмати ҷанубии Вйетнам кам тағйир меёбад (дар давоми сол аз +290С то +260С). Миқдори боришоти солона дар қисми зиёди Вйетнам 1500—2000 мм буда, дар баъзе ҷойҳо то 3000 мм мерасад. Бештари рӯдхонаҳо ва дарёҳои Вйетнам аз сарзамини Хитой ибтидо ёфта, ба баҳрҳои қисмати ҷанубу шарқии кишвар мерезанд. Дарёҳои бузургтаринаш — Хонгха (дарозиаш 475 км) ва Меконг (220 км) сероб буда, барои киштигардӣ, боркашонӣ ва бунёди неругоҳҳои барқии обӣ мусоиданд. Хоки Вйетнам то баландии 1000 м бештар сурх буда, дар баландии то 2 ҳазор м хоки зарди кӯҳӣ паҳн шудааст. Хокҳои ҳосилхез бештар дар соҳили дарёҳо, водиҳо ва ҳамвории Намбо вомехӯранд.

Олами рустанӣ ва ҳайвонотВироиш

Аз 3/1 ҳиссаи ҳудуди Вйетнамро бешазорҳои тропикӣ ва субтропикӣ фаро гирифтаанд. Дар шимол ҷангалҳои сернами тропикӣ мавҷуд буда, бештар аз дарахтони булут, санавбар, бук иборатанд. Теппаҳо ва доманакӯҳҳои баланд ҷангалзорҳои субтропикии омехта доранд, ки бештарашон дарахтони сӯзанбарганд. Дар Вйетнам инчунин намудҳои дарахтони нодир: булути пӯкдиҳанда, дарахти сурх, сиёҳ, нахл вомехӯранд. Боғҳои миллии Кукфионг, Батма-Хайван, Катба ва дигар ёдгориҳои табиии Вйетнам ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд. Олами ҳайвоноти Вйетнам аз 300 намуди ширхӯр ва даранда иборат буда, маймунҳои гуногун (гиббон, макака), гург, рӯбоҳ, паланг, хирс, санҷоб, оҳу, гавазн, ҷайра, гуроз вомехӯранд. Бештар аз 1000 намуди паранда (тӯтӣ, товус, уқоб, калход, лаклак, мурғи саққо, кабк, гунҷишк, майна) ва 1000 намуди моҳии дарёию баҳрӣ (анчоус, камбала, аломоҳӣ, зағутамоҳӣ, суфрамоҳӣ, лаққамоҳӣ, мормоҳӣ, ширмоҳӣ) мавҷуданд.

АҳолӣВироиш

Вйетнам дар ҷаҳон аз рӯйи шумораи аҳолӣ ҷойи 14-умро ишғол мекунад. Аксари аҳолии Вйетнам вйетнамиҳо (вйетҳо ё кинҳо) буда, беш аз 88 дарсади сокинони мамлакатро ташкил медиҳанд (2013). Вйетнам давлати сермиллат буда, дар он беш аз 50 халқияту гурӯҳҳои этникӣ — тай, тхай, нунг, хоа, кхмер, хмонг ва дигарон зиндагӣ мекунанд. Ақаллиятҳои миллӣ бештар дар музофоти кӯҳистон сокин шудаанд. Забони расмии давлатӣ — вйетнамӣ. Аксари аҳолӣ пайрави дини буддоӣ буда (беш аз 70 %), пайравони дини насронӣ 10 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Дар Вйетнам инчунин мусулмонҳо (100 ҳазор), пайравони дини бараҳмания, конфутсия, даосия ва дигар дину ойинҳо ҳастанд. Афзоиши солонаи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 1,01 % (2013). Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 70,9 сол (мардҳо 68,1, занҳо 73,9). Зичии миёнаи аҳолӣ 273 нафар дар 1 км2 (2013). Бештар аз 56,8 дарсади аҳолӣ ба кишоварзӣ ва ҷангалпарварӣ машғул аст. Шаҳрҳои калонтаринаш: Хошимин (аҳолиаш 3 млн 526 ҳазор), Ханой (1 млн 473 ҳазор), Хайфон (621 ҳазор).

ТаърихВироиш

Давраи пешВироиш

Дар сарзамини Вйетнам дар давраи палеолити боло тамаддуни Хоабин падид омада, дар ҳазорсолаи 10 то м. бо ташаккулёбии тамаддуни Бакшон хоҷагидорӣ ва коркарди замин шурӯъ гардид. Дар нимаи ҳазорсолаи 2 то м. асри биринҷӣ дар сарзамини Вйетнам оғоз ёфта, дар водии д. Хонха (Сурхоб) тамаддуни Донгшон (ҳазорсолаи 1 то м.) падид омад, ки дорои тасаввуроти динӣ, унсурҳои фарҳанг ва нишонаҳои нахустини давлатдорӣ буд. Дар нимаи асри 1 то м. иттиҳоди қабилаҳои вйетнамӣ — лаквйетҳо дар шимоли Вйетнам ва ҷануби Чин давлати Аулак (Ванланг)-ро бунёд намуданд, ки ба он сулолаи Хунг сарварӣ мекард. Дар асри 3 то м. давлати дигар — Намвйет пайдо шуд, ки он қаламрави давлати Аулакро тобеъ намуд. Соли 111 то м. императори Хитой У-ди (аз сулолаи Хан) давлати Намвйетро истило намуда, ин сарзаминро бо номи Аннан ба Чин дохил намуд. Дар асри 2 то м. дар қисми марказӣ ва ҷанубии Вйетнам давлати Чампа таъсис ёфт, ки зери таъсири тамаддуни ҳиндӣ қарор дошт. Дар қисмати шимолии Вйетнам дар замони салтанати Хитой тамаддуни чинӣ нуфуз пайдо карда, хатти иероглиф, ақоиди конфусианӣ ва ойини давлатдории чинӣ паҳн гардид. Бар зидди истилои Хитой пешвои халқӣ Ли Бону ошӯб бардошта, давлати мустақили Вансуанро таъсис дод, ки он тайи солҳои 541—603 вуҷуд дошт. Вале императори Хитой соли 603 бо ёрии ашрофу заминдорони маҳаллӣ ин давлатро сарнигун сохта, салтанаташро дубора барқарор кард.

Асрҳои миёнаВироиш

 
Қаламрави Вйетнам

Муборизаи истиқлолхоҳии вйетнамиҳо дар охири асри 9 авҷ гирифта, соли 880 ба истилои хитойиҳо хотима гузошта шуд. Соли 939 бунёдгузори сулолаи Нго худро император эълон кард. Давлат номи Дайвйетро гирифта, пуриқтидор ва мутамарказ гардид. Дар аҳди салтанати сулолаҳои Дин (968—981), Ле (981—1009) ва Ли (1010—1225) қудрату нуфузи давлати Дайвйет афзуда, ба он сарзаминҳои марказию ҷанубии Вйетнам муттаҳид карда шуданд. Дар давраи ҳукмронии сулолаи Чан (1225—1400) бо доир намудани ислоҳоти давлатдорӣ маҷмӯи ягонаи қонунҳо қабул гардида, низоми лашкардорию идоракунӣ устувор гардид. Дар ин давра се ҳамлаи истилогарони муғул дар солҳои 1257—1258, 1285 ва 1287-88 аз ҷониби лашкари вйетнамӣ таҳти роҳбарии Чанг Хинг Дао рафъ карда шуд. Дар ибтидои асри 15 Хитой қасди забт намудани баъзе ҳудуди давлати Дайвйетро дошт, вале истилогарони чинӣ аз тарафи мардум бо сарварии Ле Лой соли 1427 аз мамлакат ронда шуданд. Дар замони ҳукмронии Ле Хан Тонг (1460-97) иқтидори империяи мутамарказ афзуда, давлати Чампаи ҳамсоя ба давлати Дайвйет ҳамроҳ карда шуд. Дар асри 16 нахустин аврупоиҳо (испаниягиҳо, португалиягиҳо, англисҳо, фаронсавиҳо) ба Вйетнам роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи муборизаҳои дохилӣ, авҷ гирифтани зиддиятҳо соли 1630 империяи Дайвйет ба ду давлати мустақил: Дангнгоай ва Дангчонг тақсим шуд.

Замони навВироиш

Солҳои 1771—1802 дар Вйетнам шӯриши бузурги деҳқонон сар зад, ки дар таърих бо номи шӯриши тэйшонҳо шуҳрат дошта, дар рафти он сулолаҳои нгуенҳо, чинеҳо ва леҳо сарнагун гардиданд. Шӯришгарон ҳокимияти худро барпо намуда, давлати парокандаро муттаҳид намуданд ва истилогарони хитойӣ (1788-89) ва сиамиро (1784-85) саркӯб карданд. Соли 1802 намояндаи сулолаи Нгуенҳо — Нгуен Фук Анем шӯриши тэйшонҳоро шикаст дода, давлати Вйетнамро барқарор намуд. Дар ибтидои ҳукмронии сулолаи Нгуенҳо (1802—1955) номи Вйетнамро гирифт.

Ҳиндухитойи ФаронсаВироиш

Соли 1858 бо баҳонаи рад шудани дархости тиҷорати озод аз ҷониби ҳукуматдорони Вйетнам Фаронса тайи солҳои 1858-84 Вйетнамро забт намуда, онро ба се музофоти маъмурӣ — Кохинхин, Тонкин ва Аннам ҷудо кард. Дар ибтидои асри 20 ҳаракати озодихоҳии миллӣ дар Вйетнам вусъат ёфта, ба он сармоядорони миллии ватандӯст ҳамроҳ шуданд. Соли 1912 бо роҳбарии Фан Бой Тяу ҷамъияти сиёсии Танданг (Ҳизби ҷадид) ташкил ёфт, ки ҳадафи асосиаш аз хоки Вйетнам берун намудани мустамликадорони фаронсавӣ ва таъсиси ҷумҳурии соҳибистиқлоли демократӣ буд. Январи 1919 ходими барҷастаи Вйетнам Ҳу Ши Мин ба Конференсияи сулҳи Порис меморандум фиристода, талаб кард, ки ба халқҳо ва давлатҳои нимҷазираи Ҳиндухитой истиқлол дода шавад. Феврали 1930 Хо Ши Мин Ҳизби Коммунистии Ҳиндухитойро таъсис дод, ки он ба ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои Вйетнам роҳбарӣ менамуд. Ҳаракатҳои озодихоҳонаи пайравони Хо Ши Мин дар музофоти Нгеан ва Хатини Вйетнам солҳои 1930-31 ба нокомӣ дучор шуда, муборизаи мусаллаҳонаи онҳо дар Кохинхин соли 1940 аз тарафи фаронсавиҳо бераҳмона саркӯб гардид.

Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонВироиш

Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) Вйетнамро Ҷопон забт карда, бо маъмурияти мустамликадории фаронсавӣ ҳамкории ниҳонӣ мекард. Майи 1941 бо ташаббус ва роҳбарии Ҳизби коммунистии Ҳиндухитой Фронти ягонаи миллии Вйетнам — Лигаи мубориза баҳри истиқлоли Вйетнам ташкил ёфт. Истилогарони ҷопонӣ 9 марти 1945 бо мақсади суст кардани ҳаракати озодихоҳӣ дар Вйетнам маъмурияти мустамликавии Фаронсаро барҳам дода, истиқлоли Вйетнамро эълон намуданд. Дар амал ҳокимият дар дасти истилогарони ҷопонӣ боқӣ монда буд. Баъди шикасти Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҳизби коммунистии Вйетнам дар Конференсияи августи 1945 дар бораи оғози ошӯби умумихалқӣ қарор қабул кард. Бо сарварии Хо Ши Мин ҳукумати муваққатӣ — Комитети миллии инқилобии Вйетнам таъсис ёфт, ки он 2 сентябри 1945 истиқлоли Ҷумҳурии Демократии Вйетнам (ҶДВ)-ро эълон намуд.

Соҳои Ҷанги якуми ҲиндухитойВироиш

9 ноябри 1946 Маҷлиси миллии ҶДВ Конститутсияи мамлакатро қабул намуд, ки дар он мақомоти олии қонунгузор — Маҷлиси миллӣ, сардори давлат — Президент ва ҳокимияти иҷроия — Ҳукумат эълон гардид. Ҳукуматдорони Фаронса аз эълони истиқлоли Вйетнам ба таҳлука афтода, сентябри 1945 Сайгонро ишғол намуданд. Онҳо барои барқарорсозии ҳокимияти худ декабри 1946 дар қисми ҷанубии Вйетнам ба амалиёти ҳарбӣ даст заданд. Бо даъвати ҳукумати нав таъсиси ҶДВ халқ ба ҷанг бархост, вале лашкариёни Фаронса аксари шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷанубии мамлакатро ишғол намуданд. Корпусҳои ҳарбии фаронсавиҳо соли 1947 дар маҷмӯъ қариб 115 ҳазор нафарро ташкил медод. Озодихоҳони Вйетнам (иборат аз 50 ҳазор нафар) ба муқобили артиши Фаронса бештар усулҳои муборизаи партизаниро истифода мекарданд. Тирамоҳи 1947 лашкари муттаҳидаи фаронсавиҳо бо сарварии генерал Жан Этен Валлю кӯшиши забт кардани ситоди роҳбарияти Вйетнамро дар Вйет-бак намуда, ба шикаст дучор гаштанд. Баъди ин шикаст ҳукуматдорони фаронсавӣ ба усули «ҷангидан бо дасти вйетнамиҳо» рӯ оварда, соли 1950 дар музофотҳои ишғолкардаашон давлати лӯхтакмонанди Вйетнамро бо сарварии Бао Дай — намояндаи сулолаи Нгуенҳо ташкил доданд. Бао Дай бо дастгирии фаронсавиҳо ва дахолати ошкорои ИМА соли 1950 лашкари 122-ҳазорӣ ҷамъ оварда, ба ҷанги дохилии Вйетнам оғоз намуд. Баъд аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ бо ҶХХ ва ИҶШС ҳукумати Вйетнам ёрии ҳарбӣ ва молӣ гирифта, ба муқобили истилогарони фаронсавӣ муборизаи мусаллаҳонаро идома дод. Солҳои 1948-50 дар мамлакат ислоҳоти аграрӣ доир гардид ва заминҳои мустамликадорони фаронсавӣ ва ҷонибдорони онҳо ба деҳқонон тақсим карда шуданд. Марти 1950 милликунонии сарватҳои зеризаминӣ, шабакаҳои обёрӣ, роҳҳои нақлиётӣ ва бешазорҳо шурӯъ гардид. Дар тарбияи кадрҳои ҳарбии Вйетнам ҶХХ ва ИҶШС ёрӣ расонданд, ки дар натиҷаи амалиётҳои низомӣ қисми зиёди сарзамини кишвар аз фаронсавиҳо озод карда шуд. Марти 1951 дар Конгресси умумивйетнамии намояндагони халқ Ҷабҳаи муттаҳидаи миллии Вйетнам (дар натиҷаи якҷошавии Вйетмин ва Лйен-вйет) таъсис ёфт. Дар мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардида, майи 1951 Бонки миллии Вйетнам таъсис ёфт ва ислоҳоти пулӣ сурат гирифт. Дастовардҳои Вйетнам боиси нигаронии ҳукуматдорони ИМА гардида, онҳо барои пешгирии паҳншавии коммунизм дар нимҷазираи Ҳинд ва суст кардани мавқеи Ҳизби Коммунистии Вйетнам ба дахолати ошкоро рӯ оварданд. Майи 1954 артиши ҶДВ истилогарони фаронсавиро дар муҳорибаи назди Дйенбйенфу шикаст дод. Ин шикаст мустамликадорони фаронсавиро маҷбур кард, ки гуфтушунид кунанд.

Соҳои Ҷанги дуюми ҲиндухитойВироиш

Созишномаи Женева июли 1954 барои барқароршавии сулҳ дар Ҳиндухитой мусоидат намуда, мутобиқи он неруҳои мусаллаҳи ҶДВ ва Фаронса бояд санади оташбасро риоя менамуданд ва дар муддати 300 рӯз артиши ду тараф дар минтақаи мувозии 17 (аз шимол артиши ҶДВ ва аз ҷануб артиши Фаронса) аз якдигар ҷудо мегардиданд. Созишномаи Женева бо мақсади муттаҳид кардани мамлакат доир намудани интихоботи умумихалқиро зери назорати муассисоти байналмилалӣ (1956) пешбинӣ карда буд. Аммо ҳукуматдорони ИМА аз суст кардани нуфузи худ дар нимҷазираи Ҳиндухитой ба ҳарос афтода, ба доир гардидани интихобот роҳ надоданд. Бо дастгирии онҳо солҳои 1955-56 дар қисми ҷанубии Вйетнам бо сарварии Нго Дин Зйем Ҷумҳурии Вйетнам бо пойтахташ Сайгон таъсис дода шуд. Дар натиҷа мамлакат ба ду қисм тақсим шуда, дар қисми шимолии мамлакат ҶДВ бо сарварии Хо Ши Мин ба бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ шурӯъ намуд.

Бо дастгирии ИҶШС ва ҶХХ дар ҶДВ сохтмони хоҷагию маданӣ ва ислоҳоти аграрӣ вусъат ёфта, марҳалаи якуми азнавсозии хоҷагии халқ амалӣ гардид. Дар ин давра (солҳои 1957-58) олим, файласуф ва ходими ҳизбии тоҷик Алоуддин Баҳоуддинов дар мактаби олии партиявии назди КМ Ҳизби меҳнаткашони Вйетнам аз фанни асосҳои сотсиализм дарс дода, ҳамзамон мушовири Хо Ши Мин буд. Дар Вйетнами Ҷанубӣ ИМА мавқеи худро устувор намуда, бо дасти ҷонибдоронаш таъқиботи оммавӣ ва амалиёти ҷазодиҳии пайравони Хо Ши Минро вусъат дод. Соли 1959 дар музофоти ҷанубии мамлакат дастаҳои халқии мудофиа ба вуҷуд омаданд, ки бар зидди истилогарон меҷангиданд. Ин дастаҳои мудофиавӣ аз ҷониби Хо Ши Мин ёрии низомӣ ва молиявӣ гирифта, декабри 1960 ба Ҷабҳаи миллии озодихоҳии Вйетнами Ҷанубӣ табдил ёфтанд, ки қариб 30 дарсади ҳудуди ҷанубии мамлакатро назорат мекарданд. ИМА солҳои 1962-64 ёрии низомиро ба ҳукумати Сайгон дар Вйетнами Ҷанубӣ дучанд намуда, онҳоро ба муборизаи мусаллаҳона зидди ҶДВ ҳидоят мекард. Илова бар ин баъд аз «моҷарои Тонкин» августи 1964 ИМА ба таҷовузи ошкорои мусаллаҳона ва бомбаборонкунии ҶДВ оғоз намуд. Соли 1965 бо ёрии ИМА ҳукумати низомӣ бо сарварии генерал Нгуен Ван Тхиеу дар Вйетнами Ҷанубӣ ба сари ҳокимият омад, ки дар натиҷа ҷанги дохилии Вйетнам авҷ гирифт. Соли 1967 қувваҳои мусаллаҳи халқии озодибахши Вйетнам муборизаро бо низомиёни амрикоию ҷонибдорони онҳо дар Сайгон вусъат бахшида, баҳори 1968 ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанд. Соли 1968 теъдоди умумии низомиёни ИМА 549 ҳазор нафарро ташкил медод, ки онҳо ба муқобили Вйетнам мубориза мебурданд. Муборизаи мусаллаҳонаи меҳнаткашони Вйетнам дар солҳои 1967-68 ИМА-ро маҷбур намуд, ки майи 1968 дар Порис ба гуфтушуниди дутарафа (котиби Ҳизби меҳнаткашони Вйетнам Ле Дик Тхо ва ёвари Президенти ИМА Г. Киссинҷер) шурӯъ кунад.

Таърихи кунунӣВироиш

 
Кӯчай Ханой

Бо талаби ҷомеаи байналмилалӣ ҳукуматдорони ИМА маҷбур шуданд, ки январи 1973 дар Порис оид ба хотима бахшидани ҷанг дар Вйетнам ва барқарор кардани сулҳ созишнома имзо намоянд. Ҳукуматдорони Сайгон уҳдадориҳои Созишномаи Порисро поймол намуда, бо ёрии ИМА ҷанги дохилиро идома доданд. Ниҳоят 30 апрели 1975 ҳукумати Сайгон сарнагун гардида, тамоми Вйетнами Ҷанубӣ ба ихтиёри неруҳои озодихоҳу ватанпарвар гузашт. 25 апрели 1976 интихоботи умумии Маҷлиси миллии Вйетнами ягона барпо шуд, ки барои муттаҳидшавии мамлакат замина муҳайё намуд. 2 июли 1976 Сессияи якуми Маҷлиси миллӣ дар бораи муттаҳидшавии мамлакат қарор қабул карда, ташкил ёфтани Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнамро эълон намуд. Соли 1976 Конститутсияи нави ҶСВ қабул гардид. Солҳои 1978-79 ҳукумати навтаъсиси ҶСВ таҷовузи кишварҳои ҳамсоя — низоми Пол Пот дар Камбоҷа ва Хитойро барои минтақаҳои баҳснок рафъ намуд. Баъд аз муттаҳид гардидани Вйетнам вазъияти иқтисодии кишвар вазнин буд, мамлакат ба буҳрон дучор шуд. Сабаби асосии ин буҳрони иқтисодӣ тақлидкорӣ ба низоми идоракунии шӯравӣ буд, ки аксари мамлакатҳои сотсиалистӣ онро пайравӣ менамуданд. Бо оғози сиёсати бозсозӣ дар ИҶШС ва ислоҳоти идоракунӣ дар ҶХХ роҳбарияти Вйетнам соли 1986 «сиёсати навсозӣ»-ро пеш гирифт, ки ҳадафи он ташкили иқтисоди бозорӣ, ба вуҷуд овардани иқтисодиёти бисёруклад, дастгирии моликияти хусусӣ ва эълон гардидани сиёсати «дарҳои кушода» бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ буд. 15 апрели 1992 конститутсияи нави Вйетнам қабул гардид, ки дар он Вйетнам ҷумҳурии сотсиалистӣ эълон шудааст.

Ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣВироиш

Ҳизби ҳукмрон дар мамлакат Ҳизби коммунистии Вйетнам мебошад, ки феврали 1930 дар Ҳонконг (сарвараш Хо Ши Мин) таъсис ёфтааст. Аз октябри 1930 то 1951 дар ҳайати Ҳизби коммунистии Ҳиндухитой буд. Солҳои 1951-76 Ҳизби меҳнаткашони Вйетнам ном гирифта, аз декабри 1976 бо номи Ҳизби коммунистии Вйетнам амал мекунад. Шумораи аъзояш 3,6 млн нафар (2014) буда, ягона ҳизби сиёсии амалкунанда аст. Иттифоқи коммунистии ҷавонони Хо Ши Мин (таъсисёбӣ 1931) ва Федератсияи ҷавонони Вйетнам (таъсисёбӣ 1946) аксари ташкилотҳои ҷавонони мамлакатро муттаҳид мекунад. Иттифоқи занони Вйетнам (таъсисёбӣ 1930) ба Федератсияи байналхалқии занони демократ дохил аст. Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Вйетнам (таъсисёбӣ 1946) ба Федератсияи умумиҷаҳонии иттифоқҳои касаба шомил мебошад. Ҷабҳаи ватании Вйетнам (таъсисаш 1955) ташкилоти оммавии ҷамъиятию сиёсиест, ки ҳамаи созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию динии ҶСВ-ро муттаҳид карда, таҳти роҳбарии ҲКВ амал мекунад.

ИқтисодВироиш

Иқтисодиёти Вйетнам баъди ҷанги тӯлонии сисола (1945-75) ва тақсим гардидани мамлакат роҳи душвор ва ноҳамвори тараққиётро тай намуд. Пас аз муттаҳидшавӣ (1975) ҶСВ ба сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ рӯ оварда, дар тӯли даҳ сол (1976-86) заминаҳои иқтисодиёти сотсиалистӣ барпо карда шуд ва нақшаи панҷсолаи тараққиёти мамлакат (1976-81) тасдиқ ва амалӣ гардид. ҶСВ аз соли 1986 сиёсати барпо намудани иқтисоди бозориро амалӣ намуда, ҳамзамон афзалиятҳои сохти сотсиалистиро нигоҳ дошт. Соли 1990 Маҷлиси миллӣ нахустин қонунҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои хусусӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ қабул карда, назорати давлатро аз болои фаъолияти онҳо нигоҳ дошт. Дар мамлакат заминаи ҳуқуқии моликиятдорӣ фароҳам омада, ислоҳоти иқтисодӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои олам, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, таъсис додани корхонаҳои хурди саноатию хӯрокворӣ мусоидат намуд. Соли 2013 ММД ба 360 млрд доллари ИМА расида, аз он ҳаҷми маҳсулоти саноат 41,8 %, кишоварзӣ 21 %, хидматрасонӣ 38,1 дарсадро ташкил дод. Дар маҷмӯъ корхонаҳои давлатӣ 39,1 % ва корхонаҳои муштараки хориҷӣ 15 дарсади маҷмӯи ММД-ро истеҳсол мекунанд. Даромади солонаи аҳолии мамлакат ба сари аҳолӣ 4012 доллари ИМА-ро (2013) ташкил медиҳад, ки аз рӯйи нишондод дар ҷаҳон ҷойи 166-ро ишғол мекунад. Соҳаҳои пешрафтаи саноат истеҳсоли ангишт ва неруи барқ мебошанд, манбаъҳои бузургтарини истеҳсоли он дар ҳавзаҳои Вунгтау ва Куангнин воқеанд. Истеҳсоли неруи барқ беш аз 41 млрд кВт/с-ро ташкил дода, 80 дарсади неруи барқро неругоҳҳои барқи обӣ медиҳанд. Коркарди саноатии филиззоти сиёҳу ранга ва мошинасозӣ (Тхайнгуен, Тинтук, Блейк) пеш рафта, истеҳсоли мошинаҳои кишоварзӣ, велосипед, корхонаҳои электротехникию электронӣ, саноати масолеҳи бинокорию сохтмонӣ низ тараққӣ кардаанд. Корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ низ бисёр буда, комбинату фабрикаҳои бофандагӣ бештар газворҳои пахтагину абрешимин ва трикотаж (кеш) истеҳсол мекунанд. Маркази бузурги саноатии мамлакат дар шаҳрҳоиҳои Ханой, Хошимин, Хайфон, Дананг, Тханхоа, Вин, Нимдин ва ғ. ҷойгиранд. Кишоварзӣ ва моҳидорӣ соҳаи асосии иқтисодиёти ҶСВ буда, беш аз 52 дарсади аҳолии мамлакат ба парвариши шолӣ, қаҳва, пахта, чой, найшакар, лӯбиё ва ғ. машғуланд. Кишоварзӣ 21 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. Майдони умумии кишти чой 131 ҳазор га буда, даромади солонаи соҳа ба 150 млн доллари ИМА баробар аст. Мутобиқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии парвариши қаҳва соли 2012 ҶСВ 13 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии қаҳваро ташкил дода, аз Бразилия пеш гузашт. Музофоти асосии шоликорӣ водиҳои резишгоҳи д.-ҳои Хонгха ва Меконг буда, дар қисмати ҷанубии мамлакат инчунин батат, ҷуворӣ, ҷут, лӯбиёи чинӣ, найшакар, тамоку ва пахта парвариш карда мешавад. Хоҷагии ҷангалпарварӣ, боғдорӣ ва гулпарварӣ низ ривоҷ ёфтааст. Як қисми аҳолӣ бо моҳидорӣ, шикори ҷонварҳои баҳрӣ ва чорводорӣ машғуланд. Аз соли 1997 тадбирҳои муҳим барои ҷангалпарварӣ ва шинондани дарахтони нодир (сурх, сиёҳ, нахл, дорчин, канифол, булути пӯкдиҳанда) андешида шуда, ҳаҷми солонаи истеҳсоли чӯбу тахта ба 3,2 млн м3 расид. ҶСВ бо 100 давлати дунё робитаи иқтисодӣ дошта, асосан маҳсулоти нафти хом, маҳсулоти баҳрӣ, биринҷ, қаҳва, чой, каучук, либос ва пойафзор содир мекунад. Шарикони асосӣ — ИМА, Ҷопон, Хитой, Австралия, Олмон. ҶСВ аз 11 январи 2007 узви Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид. ҶСВ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ дошта, оид ба муносибатҳои дуҷониба 5 санад ба имзо расонидаанд. Шартнома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва ҶСВ; дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар бораи ҳамкориҳои илмиву техникӣ ва ғ. Имзои созишномаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ мусоидат намуд. Соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 корхонаи муштарак бо ҶСВ таъсис дода шуд. Корхонаи муштараки «ВТ Силк» (сармояи ойинномавӣ 2 млн сомонӣ), корхонаи саҳомии кушодаи «Абрешим» ва «Хиеп Шанг Со ЛТД», ба истеҳсоли абрешим машғул мебошанд. Ду намояндагии ин корхонаи муштарак бо сармояи ойинномавии 50 ҳазор сомонӣ дар ш. Кӯлоб таъсис ёфтаанд. Корхонаи муштараки «Роҳи абрешим» бо сармояи ойинномавии 823,97 ҳазор доллари ИМА аз тарафи корхонаҳои ҶС «Тори зарини Тоҷикистон» (бо ҳиссаи 40 дарсади фонди ойинномавӣ) ва «Хиеп Шанг Со ЛТД» таъсис дода шуд. Аз соли 1991 дар ҷумҳурии мо корхонаи муштараки Тоҷикистону Вйетнам «ВТ Инвест» фаъолият дорад, ки ҳиссаи Вйетнам дар сармояи он 1,7 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин корхона дар ноҳияи Носири Хусрав (собиқ Бешкент) 3 ҳазор га заминро ба иҷора гирифтааст ва дар 2,5 ҳазор гектари он пахта кишт мекунад. Корхонаи муштараки дигари Тоҷикистону Вйетнам «ВТИ — Помир» аст, ки соли 1998 таъсис ёфта, дар ВМКБ амал мекунад ва бо 70 дарсад сармоя дар маблағгузории кони ангишти Ровнев ширкат дорад.

НақлиётВироиш

Соҳаи нақлиёти Вйетнам тараққикарда аст ва дарозии р. о. ба 2,6 ҳазор км мерасад. Барқарор ва азнавсозии р. о.-и Ханой — Хошимин (1730 км) барои ҳамлу нақли бор дар мамлакат нақши муҳим бозид. Тӯли роҳҳои мошингарди Вйетнам ба 222,2 ҳазор км мерасад, ки аз он 42,2 ҳазор км роҳҳои асфалтпӯш мебошад. Бандарҳои калонтарини баҳрӣ: Хошимин, Хайфон, Дананг, Куинён, Нячанг, Хонгай. Дар Вйетнам 32 фурудгоҳ, аз ҷумла 3 фурудгоҳи байналмилалӣ (Ханой, Хошимин, Дананг) мавҷуданд. Интиқоли нафт (50 км) ва газ (163 км) аз тариқи лӯлаҳо сурат мегирад.

ТандурустӣВироиш

Барои рушди соҳаи тандурустӣ дар Вйетнам 1,5 дарсади ММД сарф мешавад. Дар соли 2014 дар мамлакат 20 000 бунгоҳ ва нуқтаи ёрирасони тиббӣ ва 100 ҳазор бемористони давлатӣ ва клиникаи хусусӣ фаъолият мекард, ки дар онҳо 65 000 духтури соҳибмаълумот ва 86 000 ҳамшираи шафқат кор мекарданд. Дар ш.-ҳои Ханой, Хошимин ва Дананг донишкада ва донишгоҳҳои тиббӣ ва дар мамлакат чандин пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмии тиббӣ фаъолият мекунанд. Дар Ханой Донишкадаи сӯзаншифоӣ (иглотерапия) ва дар Хошимин Донишкадаи тибби Шарқ низ мавҷуд аст. Дар мамлакат бештар бемориҳои вараҷа, тиф, исҳоли хунин (дизентерия) ва дигар бемориҳои сироятӣ паҳн шудаанд.

ВарзишВироиш

Кумитаи олимпии Вйетнам соли 1976 таъсис ёфтааст ва Вйетнам аз соли 1980 дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад. Навъҳои маъмули варзиш дар Вйетнам: варзиши сабук, шиноварӣ, заврақронӣ, аэробика, тенниси рӯйимизӣ, билярд, голф ва ғ. Дар мамлакат бозии футбол шуҳрат дорад.

Маориф ва илмВироиш

Сатҳи саводнокии аҳолии аз 15-сола боло дар Вйетнам 90, 3 дарсад аст. Аксари аҳолии мамлакат то таъсисёбии ҶДВ бесавод буда, соли 1945 доир ба инкишофи маорифи халқ нахустин декрет қабул шуд. Соҳаи маорифи мамлакат ва тайёр намудани мутахассисони ҶСВ-ро Вазорати маориф роҳбарӣ мекунад. Дар соҳаи маориф таълимоти томактабӣ — боғча-яслӣ (кӯдакони 3-моҳа), боғчаи кӯдакон (кӯдакони то 3-сола), мактабҳои миёнаи сезинаи таълим (6, 11, 15-сола), омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ (13-15-сола), мактабҳои олӣ (аз 18-солагӣ) амал менамоянд. Мактабҳои олии мамлакат маълумоти олии нопурра (таҳсил 3 сол) ва маълумоти олии пурра (таҳсил 4-6 сол) медиҳанд. Дар Вйетнам 205 донишгоҳ ва донишкадаи олӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 1 млн 207 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Донишгоҳҳои бузургтарини мамлакат — Донишгоҳи миллии Ханой (1918), Донишгоҳи миллии Хошимин (собиқ Университети Сайгон) солҳои 90 асри 20 як қатор мактабҳои олии мамлакатро муттаҳид намуданд. Дар Ханой инчунин Донишгоҳи политехникӣ (1956), Донишгоҳи молияву иқтисодиёт (1959), Институти энергетика ва обёрикунонӣ (1959) ва ғ. мавҷуданд. Нахустин пажӯҳишгоҳҳо Институти таъриху филологияи Шарқи Дур, пажӯҳишгоҳи бактериологӣ, пажӯҳишгоҳи ҷуғрофия ва марказҳои озмоишии биологӣ ва ғ. буданд. Дар давраи истиқлол Кумитаи омӯзиши адабиёт, таърих ва ҷуғрофия (1953) ва соли 1958 Кумитаи давлатӣ оид ба илми ҶСВ таъсис ёфт. Ба пажӯҳишу таҳқиқоти илмҳои замонавӣ дар мамлакат Вазорати илм, технология ва ҳифзи муҳити зист роҳбарӣ мекунад. Муассисаи калонтарини мамлакат — Маркази таҳқиқоти илмии Нгиадо (Ханой) ба пажӯҳиши илмҳои дақиқ машғул аст. Кумитаи илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ як идда донишкадаву пажӯҳишгоҳҳо, аз ҷумла иқтисодиёт (1958), таърих (1959), фалсафа (1965), бостоншиносӣ (1967) ва ғ.-ро муттаҳид кардааст. Ғайр аз ин маркази тадқиқоти ҳастаӣ (1963) дар Далат, Пажӯҳишгоҳи уқёнусшиносӣ дар Нячанг (1923) амал мекунанд.

АдабиётВироиш

Қадимтарин осори шифоҳии мардуми Вйетнам силсилаи ривоятҳои асотирии мансуб ба давраи подшоҳи нахустин — Аждаҳо Лак мебошанд, ки ба одамон тарзи зиндагӣ ва рӯзгордориро меомӯхт. Достонҳои қадимии «Фу Донги Баҳодур» ва ривоят дар бораи «Хоҳарони ҷанговар Чинг» ба намунаҳои адабиёти шифоҳии Вйетнам мансубанд. Нахустин осори хаттии Вйетнам дар асрҳои 10-12 ба забони ханванӣ (забони вйетнамишудаи хитойӣ) падид омаданд, ки амрҳо, хитобаҳои манзум ва андарзҳои роҳибони буддоиро фаро мегирифтанд. Ин осори хаттӣ дар қолаби адабиёти анъанавии хитойӣ нигошта шудаанд, ки намунаҳои он «Фармон дар бораи интиқоли пойтахт»-и император Ли Тхай То (1010), хитобаи манзуми «Ҳукуматдорони Ҷанубро асрҳо тобеъ созем»-и Ли Тхионг Киет (1019—1105) мебошанд. Дар асри 15 эҷоди шеър бо забони гуфтугӯии миллӣ бар хилофи забони ханванӣ маъмул гардид, ки намунаи барҷастаи он «Маҷмӯаи осори забони модарӣ»-и Нгуен Чай (1380—1442) мебошад. Дар ташаккули адабиёти ин давра маҳфили адабии «Ҳамоиши 28 ситора» бо сарварии император Ле Тхан Тонг (1460-97) нақши муҳим дошт. Дар асрҳои 16-17 насри манзум бештар ривоҷ ёфт, ки ашъори пурҳикмати Нгуен Бин Кхием (1491—1585) ва «Маҷмӯаи ҳикояҳои нодир»-и Нгуен За (асри 16) мисоли он мебошанд. Ба адабиёти асрҳои 17-18 тасвири воқеаҳои таърихӣ ва корнамоии шахсиятҳои ҷудогона хос аст, ки силсилаи «Китоби Ҷануби осмонгир» (охири асри 17), «Шикваи зани ҷанговар»-и Доан Тхи Дйем (1705-48), «Шикваи канизаки шоҳ»-и Нгуен За Тхиеу (1741-98) аз ҷумлаи онҳоянд. Намунаи барҷастаи адабиёти классикии Вйетнам «Нолаи рӯҳи аламзада»-и Нгуен Зу (1765—1820) аз авҷи густариши достони ривоятӣ шаҳодат медиҳад. Дертар ашъори камҳаҷм, ки паҳлуҳои гуногуни ҳастии инсонӣ ва зиндагии шаҳриро фаро мегирифт, дар ашъори шоира Хо Суанг Хионг (асрҳои 18-19) таҷассум ёфтааст. Дар наср навиштани воқеаномаҳо анъана гардид, ки силсиларомани «Император Ле — муттаҳидсозандаи мамлакат» аз ҷумлаи онҳост. Дар аҳди мустамликадории фаронсавиҳо дар нимаи дуюми асри 19 ғояҳои ватанпарастӣ дар ашъори Нгуен Дин Тйеу (1822-88) инъикос ёфтанд. Дар ин давра услуби назми ҳаҷвӣ ташаккул ёфт, ки эҷодиёти Нгуен Кхюен (1835—1909) ва Ту Сионг (1870—1907) намунаи он мебошад. Дар чоряки аввали асри 20 зери таъсири адабиёти фаронсавӣ дар Вйетнам жанрҳои муосир — новелла, повест, роман, драма ва ғ. пайдо шуданд, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаётро инъикос мекарданд. Тайи солҳои 20-30 асри 20 ҷараёни назми нави инқилобӣ дар эҷодиёти То Хиу ташаккул ёфта, намунаҳои насри инқилобӣ дар ҳикояҳо ва асарҳои Хо Ши Мин (1890—1969) падид омад, ки намунаи барҷастаи он «Ёддоштҳои ҳабсхона» мебошад. Дертар дар адабиёт тамоюлҳои реалистӣ шакл гирифт, ки романи «Қадами охирин»-и (1938) Нгуен Конг Хоан, повести «Чароғ хомӯш мегардад» (1939), силсилаочеркҳои «Ҳангомаи деҳот»-и (1940) Нго Тат То, романи «Зани дузд»-и (1938) Нгуен Хонг аз ҳамин радифанд. Соли 1957 Иттифоқи нависандагони Вйетнам таъсис ёфта, доираҳои эҷодиро муттаҳид намуд. Ибтидои солҳои 50 ва 60 асри 20 равияи реализми сотсиалистӣ қувват гирифта, роману повестҳои «Ҳуҷум» (1951) ва «Соҳилҳо вайрон мешаванд»-и Нгуен Дин Тхи, «Ҳавзаи ангишт» (1951) ва «Шахтёрҳо»-и Во Хюи Там, «Дарвозаи баҳр»-и Нгуен Хонг, «Тӯфон аз баҳр»-и То Хюай бо ҳамин услуб эҷод шудаанд. Симои қаҳрамонон ва муҳофизони ватан дар романҳои «Ҷанговар»-и Нгуен Тхай, повестҳои «Дар оташ», «Хатти ҷабҳа дар осмон сабт аст»-и Нгуен Дин Тхи, романи «Пайи сарбоз»-и Нгуен Мин Теу инъикос ёфтаанд. Адабиёти Вйетнам дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 зери таъсири дигаргуниҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба мавзӯъҳои гуногуни зиндагӣ ва даврони навсозӣ рӯ меорад, ки ба ин романҳои «Даҳшатҳои ҷанг»-и Бао Нин, «Ба муқобили маҷро»-и Ма Ван Кханг, «Генерал дар нафақа»-и Нгуен Хюи Тхиеп ва ғ. мисол шуда метавонанд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣВироиш

Осори қадимтарини меъморӣ дар ҳудуди Вйетнам ба давраи ташкил ёфтани давлати Тямпа (асри 1 то м.) мансуб аст. Харобаҳои маъбадҳои хиштии буддоӣ ва ҳиндуӣ, ки ба асрҳои 7-10 м мансубанд, дар ш.-ҳои Мишон ва Донгзионг маҳфуз мондаанд. Бо таъсири услуби меъмории маъбадсозӣ дар асрҳои 11-15 дар Вйетнам бунёди иморатҳои манорадори чандқабатаи чӯбину хиштӣ маъмул гардид, ки бештар ба сифати қасру кохҳои ашрофнишин, иншооти оммавӣ ва ибодатгоҳҳо бунёд мешуданд. Ба ин иморатҳои манорадори Қасри адабиёт дар Ханой (бунёдаш 1070), маъбадҳои буддоӣ дар Будхап (асри 14) ва ғ. мисол шуда метавонанд, ки тарҳи мавзун, ороишоту кандакории назаррабо, деворнигораву ҳайкалҳо ва дигар унсурҳои ҷаззоби меъморию санъати тасвирӣ доранд. Аз рушди меъмории анъанавӣ силсилаи иморатҳои дар ш. Хюэ бунёднамудаи императорони Вйетнам (тайи солҳои 1800—1945) гувоҳӣ медиҳанд. Дар миёни ин иморатҳо «Шаҳраки муҷаллои арғавонӣ» — бошишгоҳи императорон ва хонаводаи онҳо, инчунин силсилаи оромгоҳҳои 8 императори сулолаи Нгуенҳо бошукӯҳанд. Дар замони ҳукмронии мустамликадорони фаронсавӣ дар санъати меъморӣ услуби иморатсозии аврупоӣ нуфуз ёфта, як силсила иншооти оммавии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ш.-ҳои Сайгон, Ханой ва Хайфон бунёд гардиданд. Ба ин театри шаҳрӣ (1911, Ханой), осорхонаи Луи Фино (1932, ҳоло осорхонаи таърихӣ), Бонки Ҳиндухитой (1930, Ханой) ва ғ. мисол шуда метавонанд. Дар даврони истиқлол меъморони Вйетнам унсурҳои меъмории аврупоӣ ва миллиро истифода намуда, чандин иншооти бузургу назаррас, аз ҷумла Қасри Истиқлол (1962-66, Хошимин), Китобхонаи миллӣ (1967), меҳмонхонаҳои боҳашамат (дар Ханой, Хошимин, Дананг, Хайфон ва ғ.) бунёд намуданд.

Дар санъати тасвирии анъанавӣ унсурҳои ороишӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакории устухон, чӯб, кулолӣ, ҳаккокӣ аз филиззот, бофтани матои абрешимӣ ва лавозимоти рӯзгор аз най ва дигар рустаниҳо хеле маъмул буд. Дар ибодатхонаҳо сохтани ҳайкалу муҷассамаҳои худоён ва махлуқоти асотирӣ ривоҷ дошт. Соли 1925 дар Ханой Мактаби олии санъати нафиса таъсис ёфт, ки рассомону ҳайкалтарошони касбиро тайёр мекард. Ин мактабро рассомони намоён То Нгок Ван, Чан Ван Кан, Нгуен До Кунг, Буй Суан Фай, Нгуен Шанг ва дигарон хатм кардаанд, ки дар кашидани мусаввараҳо, тасвири лавҳаҳои локӣ, офаридани муҷассамаву деворнигораҳо ва ғ. навовариҳо ворид намуданд. Яке аз асарҳои барҷастаи ёдгории солҳои 70 асри 20 ҳайкали Хо Ши Мин (1972, ҳайкалтарош Зйеп Мин Тяу Хошимин) мебошад. Дар асарҳои рассомону ҳайкалтарошони охири асри 20 (Нгуен Фан Тян, Май Лонг, Фан Ке Ан, Хоанг Тит Тю, Нгуен Ким Донг ва дигарон) мавзӯъҳои дастовардҳои истиқлол ва қаҳрамонию ватанпарварӣ инъикос гардидаанд. Ибтидои асри 20 дар санъати тасвирии Вйетнам равияҳои навҷӯёна, аз ҷумла унсурҳои авангардизм ва абстраксионизм дар асарҳои Ка Ле Тханг, Дао Мин Чи ва дигарон густариш ёфт. Намунаҳои беҳтарини осори санъати тасвирии Вйетнам дар Осорхонаи санъати тасвирии Ханой (таъсисёбӣ 1966) гирдоварӣ шудаанд.

Мусиқӣ ва театрВироиш

Анъанаҳои мусиқии қадимии Вйетнам сурудҳои халқии лирикӣ, ҳаҷвияҳо, таронаҳо дар васфи меҳнат ва ғ.-ро фаро мегирифт. Мусиқии касбӣ дар асрҳои миёна пайдо гардид, ки сараввал барои аҳли дарбор ва табақаи ашроф таҳия шуда, бо таъсири фарҳанги мусиқии хитойӣ ва мусиқии маросимии буддоӣ инкишоф ёфтааст. Аз асри 16 сар карда мактабҳои мусиқии назариявӣ («Бо донг ван»), овозию созӣ («Бо ня няк») пайдо шуданд, ки ба ташаккули мусиқии касбӣ мусоидат намуданд. Дар миёни созҳои мусиқии Вйетнам бештар созҳои мусиқии нафасӣ (кхени бамбукӣ, дик, тиеу, бан шао, яъне най, карнай ва сурнайҳои гуногун), созҳои торӣ, созҳои камончадор (ғижакҳои ду ва чортора), созҳои зарбӣ (нақора, даф, гонг) ва ғ. маъмуланд. Соли 1955 дар Ханой Консерваторияи миллӣ кушода шуда, баъдтар мактабҳои мусиқии миллӣ, мактабҳои мусиқии бачагона таъсис ёфтанд. Аз солҳои 1980 навозандагони касбии Вйетнам дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд, ки аз миёни онҳо пианинонавоз Данг Тхай Шон, скрипканавоз Тху Бон, сарояндаи опера (сопрано) Ле Зунг шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтаанд. Театри анъанавии халқӣ — тео ва туонг ба таври шифоҳӣ аз авлод ба авлод мегузашт, ки бештар ба иди ҳосилот ва дигар ойинҳои мавсимӣ иртибот дошта, бар пояи мусиқию рақсҳои халқӣ ва намоишҳои бадеҳавӣ ташаккул меёфтанд. Дар асри 19 ва ибтидои асри 20 дар заминаи театрҳои халқии туонг ва истифодаи дастовардҳои театри классикии хитойӣ театри касбӣ ташаккул ёфт. Дар ин давра драматург ва ходими намоёни жанри анъанавии тео Нгуен Дин Нги беш аз 50 асари саҳнавӣ эҷод намуд. Дар ибтидои асри 20 пйесаҳои таърихии «Самандарҳои Донг А»-и Нгуен Хиу Тиен ва «Интиқоми шавҳар ва қарзи ватан»-и Хоанг Танг Ви шуҳрат ёфтанд. Зери таъсири санъати театрӣ солҳои 20 асри 20 театри миллии кай лионг ташаккул ёфт, ки дар намоишномаҳои он истифодаи пардаву ороишоти саҳнавӣ, мусиқию грим ва либоси саҳнавӣ маъмул гардид. Дар ин давра театри кит-ной (гуфтугӯии драмавӣ) эҳё гардид, ки мазҳакаҳои Молйер, асарҳои драматургони вйетнамӣ Гу Дин Лонг («Косаи заҳр»), Бу Гуен Дак («Пул») ва мазҳакаи «Аждаҳои бамбукӣ»-и Хо Ши Минро ба саҳна мегузоштанд. Солҳои 1942-43 шоир Тхе Ли дастаи театрӣ ташкил намуд. Дар Ханой соли 1957 Ассотсиатсияи актёрони театри Вйетнам ташкил ёфта, соли 1961 Донишгоҳи олии драмавӣ кушода шуд. Солҳои 1960-90 бештар асарҳои драматургони рус ва шӯравӣ — операи «Евгений Онегин» ва балети «Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский, «Любов Яровая»-и К. А. Тренёв, «Таърихи Иркутск»-и А. Н. Арбузов ба саҳна гузошта шуданд. Ҳоло дар Вйетнам беш аз 160 театр, аз ҷумла театрҳои драма, опера ва балет, лухтак ва ғ. фаъолият мекунанд.

Кино, матбуот, радио, телевизионВироиш

Соли 1898 дар Вйетнам аввалин филм ба намоиш гузошта шуд ва соли 1899 фаронсавиҳо нахустин филмро ба навор гирифтанд. Дар ибтидои асри 20 нахустин кинотеатрҳо пайдо шуданд, ки дар онҳо асосан филмҳои амрикоиву фаронсавӣ намоиш дода мешуданд. Баъди инқилоби августии 1945 аз тарафи ҳукумат дар Вйетнам нахустин муассисаи радио ва кино таъсис дода шуд, ки кормандони он аввалин филмҳои ҳуҷҷатии беовозро соли 1948 ба навор гирифтаанд. Соли 1958 дар Ханой киностудия кушода шуд, ки дар он ба таҳияи филмҳои бадеӣ рӯ оварданд («Дар соҳили як дарё», 1959, коргардонҳо Нгуен Конг Нйи ва Фам Хеу Дан; «Уқёнуси оташ», 1960, коргардон Фан Ку Нам; «Ҷанговари ҷавон», 1964, коргардонҳо Хай Нин ва Нгуен Дик Хин). Оҳангҳои ватанпарастӣ ва мубориза бар зидди таҷовузкорони амрикоӣ дар филмҳои бадеии солҳои 60 ва 70 асри 20 («Хатти арзи 17-ум: рӯзу шаб» ва «Духтараке аз Ханой» коргардон Хай Нин; «Деҳаи шинокунанда», коргардонҳо Чан Ву ва дигарон) инъикос ёфтанд. Ибтидои асри 21 дар санъати кинои Вйетнам мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва инъикоси паҳлуҳои мухталифи зиндагии инсон афзалият пайдо карда, тасвири ҳолати рӯҳию ормонҳои фардии қаҳрамонон қувват гирифт («Зиндагии фиребо»; «Ҳасрати деҳаи азиз», «Арракашон» ва ғ.). Ҳоло дар мамлакат 110 кинотеатр мавҷуд аст. Пахши нахустин барномаҳои радио дар Вйетнам солҳои 20 асри 20 шурӯъ гардида, соли 1945 пойгоҳи радиои давлатии «Садои Вйетнам» таъсис ёфт. Аз соли 2003 «Садои Вйетнам» бо 12 забон аз 6 шабакаи замонавӣ дар мамлакат ва берун аз он пахш мешавад. Ҳоло дар Вйетнам 64 пойгоҳи радиоии байналмилалӣ, шаҳрӣ ва маҳаллӣ фаъолият мекунанд. Пахши барномаҳои телевизион дар Ханой аз соли 1971 шурӯъ гардид. Ҳоло ширкати умумимиллии телевизионии Вйетнам (VTV) дорои 6 шабака мебошад, ки барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фароғатиро дар саросари мамлакат пахш мекунад. Инчунин дар Вйетнам 64 ширкати телевизионии шаҳрӣ ва музофотӣ фаъолият доранд. Дар Вйетнам беш аз 600 маҷаллаву рӯзнома бо теъдоди умумии 660 млн нусха нашр мешаванд. Машҳуртарин рӯзномаи мамлакат «Лао Донг» («Меҳнат») — нашрияи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи Вйетнам аз соли 1929 чоп мешавад. Рӯзномаи бонуфузи «Нян Зан» («Халқ») нашрияи КМ ҲКВ аз соли 1951 интишор мегардад. Агентии ахбори Вйетнам (ААВ) соли 1945 таъсис ёфтааст, ки ҳамчун нашрияи иттилоотию хабарнигорӣ фаъолият мекунад. Калонтарин нашриётҳои Вйетнам «Нашриёти адабиёти сиёсӣ», «Адабиёт ва санъат», «Сулҳ» ва ғ. мебошанд, ки соле бештар аз 14 100 унвон китобро бо теъдоди 223 млн нусха (2010) бо забонҳои ватаниву хориҷӣ чоп менамоянд. Дар Вйетнам беш аз 665 китобхонаи оммавӣ фаъолият мекунад, ки бузургтарини онҳо Китобхонаи миллии Хошимин, Китобхонаи давлатии Ханой, Китобхонаи Кумитаи илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарии Ханой мебошанд.

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Factbook ворид нашудааст
  2. Human Development Report 2014. United Nations Development Programme (2014). 21 марти 2016 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 5.3 // (unspecified title)

АдабиётВироиш

  • Никулин Н. И. Вьетнамская литература: Краткий очерк. М., 1971.
  • Нгуен Фи Хо-Ань. Искусство Вьетнама: очерки истории изобразительного искусства/Пер. с вьет. М., 1982;
  • Деопик Д. Вйетнам, Новакова О. Вйетнам, Цветов П. Ю. История Вьетнама. Ч. 1-2. М., 1994-95;
  • Кобелев Е. Вйетнам Современный Вьетнам: реформы, обновление, модернизация (1986—1997 гг.). М., 1999;
  • Дэвидсон Ф. Война во Вьетнаме. 1946—1975/Пер. с анг. М., 2002;
  • Сайидзода З. Ш. Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства. Д., 2001;
  • Большая иллюстрированная энциклопедия географии. М., 2012.

СарчашмаВироиш