Астат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
clean up, added orphan tag using AWB
Сатри 1:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
 
[[File:Electron shell 085 astatine.png|alt=Астат|thumb|Астат]]
'''АСТÁТ''' ([[Забони лотинӣ|лот.]] Astatin) '''At''', унсури кимиёвии гурӯҳи VII [[ҷадвали даврии Менделеев]]; мансуби [[галоген|галогенҳо]]ҳо. Рақами тартибиаш 85, массаи атомиаш 209,9871. Астат унсури [[радиоактив]] буда, дар [[табиат]] аз таҷзияи радиоактивии [[уран]] ҳосил мешавад. Мавҷудияти астатро соли [[1870]] олими рус Д. И. Менделеев пешгӯӣ карда, онро «экаиод» номида буд. Астати холисро соли [[1940]] олимони [[Донишгоҳи Калифорния]] (ИМА) Д. Корсон, К. Мак-Кензи ва Э. Сегре ҳангоми бо α-зар­раҳо бомбаборон кардани висмут ҳосил намуданд. Астат унсури ноустувор мебошад. Аз ин сабаб ба астат номи юнонии astatos – «ноустувор» дода шудааст. Зиёда аз 24 [[изотоп|изотопи]]и астат маълум аст. Дарозумртарин изотопи астат – <sup>'''210'''</sup>'''At''' (давраи нимкоҳишаш 500 дақиқа) мебошад. Астат унсури ниҳоят камёфт аст. Моддаи филиззии сиёҳи кабудтоб, ҷилои филиззӣ дорад; ҳарорати гудозишаш '''300°С'''; ҳарорати ҷӯшишаш '''360°С'''. Соли [[1953]] кимиёдонҳои амрикоӣ Э. Ҳайд ва А. Гиорсо изотопи <sup>'''219'''</sup>'''At'''-ро аз таркиби франсий ҷудо карданд. Хосияти кимиёвии астат ба йод ва полоний монанд мебошад. Монанди йод дараҷаҳои оксидшавии аз – 1 то + 7 дорад. Ҳангоми гарм кардан якбора ба буғ табдил меёбад. Дар об ҳал намешавад, дар аксар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад. Хосиятҳои филиззии астат назар ба хосиятҳои ғайрифилиззӣ бештаранд (он марбути сохти электронии атом мебошад). Астат ба осонӣ [[оксид]] мешавад. Намаки дучандаи йодиди астату сезий '''CeAsI<sub>2</sub>''', астиди нуқра '''AtAg''' ва астиди ноустувори ҳидроген '''AtH''' ҳосил карда шудаанд. Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки астат монанди йод дар ғадуди сипаршакл ҷой дорад. Истифодаи изотопи <sup>'''211'''</sup>'''At''' барои муолиҷаи бемории ҷоғар назар ба изотопи радиоактиви [[йод]] <sup>'''131'''</sup>'''I''' муфидтар аст.
 
== Адабиёт ==
Line 10 ⟶ 12:
{{Умуми}}
== Манбаъ ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}} / Т. Идрисов.
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]] / Т. Идрисов.
    
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Астат"