Бадахшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 39:
 
== Бадахшони Тоҷикистон ==
{{асосӣ|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон}}
Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ҳамаи ҳудуди Помири Ғарбӣ ва Помири Шарқӣ аст, ки ба Бухоро вогузор шуда буд. Аз Шим. бо Қирғизистон, аз Ш. бо Хитой, аз Ҷ. бо Афғонистон (вил. Бадахшон) ва аз Ғ. бо минтақаи Душанбе ҳамсарҳад аст. Долони Вахон онро аз Покистон ҷудо месозад. Дар ҷануб қисмате аз рӯди Ҷайҳун марзи онро бо Афғонистон ташкил медиҳад. Он шаҳру ноҳ. Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Қалъаи Хумро бо марказияти Хоруғ дар бар мегирад. Бадахшони Тоҷикистон минтақаи кӯҳистонист. Силсилаи кӯҳҳои Пасиолой дар Шим. Ш.-и он (баландтарин қ. 6852 м бо имтидод ба самти ғарб) дар Шим. Ҷ. ҷойгир шудаанд. Дар самти ҷануби он қ-ҳои баланд то 7134 м ва баландтарин то 6726 м ва дар Шим. то 7495 м воқеъ аст. Чандин дарёву рӯдхона дорад. Дарёчаи Яшилкӯл дар навоҳии марказӣ ва Қарокӯл дар Шим. Асоситарин рӯд — д. Панҷ (Ому) дар Ғ. ва шохобҳои он чун рӯди Ғунд дар Шим. Ш. он, Оқсу дар Ғ. ва Мурғоб дар марказ ҷараён доранд. Руди Панҷ аз самти шим. шарқӣ ба ҷан. ғарбӣ ҷорӣ мешавад. Дар Бадахшон қавмҳои эронӣ зиндагӣ мекунанд, ки тоҷикони маҳаллӣ онҳоро «ғалча» меноманд. Сохтори кӯҳшиносии баландиҳои Помир хеле мушкилфаҳм ва ҳанӯз бисёр унсурҳои он хуб муайян нашудаанд. Аз назари олимон пайдоиши ин кӯҳҳо дар самти Шим. Hercynian ва дар самти Ҷ. Cimmerian ва алпӣ ба шумор мераванд. Умқи сангҳои зеризаминии давраи Pre — Cambrian ва тӯдаҳои хоросанг дар васати табақаи тахтасангҳо парокандаанд. Баландии миёнаи водии Ғунд 3-4 ҳазор м аст ва дарозии сангҳои бурҷмонанди кӯҳҳои азими онро ях пӯшондааст. Ҳисоби миёнаи баландии онҳо 5-6 ҳазор м мебошад. Силсилаи кӯҳҳои Ҳиндукуш, Қароқурум ва Қунлуншон низ дар фалоти Помир вуҷуд доранд, ки онҳо чи дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон ва чи дар Бадахшони Афғонистон то 7 ҳазор м баландӣ доранд.