Ансамбли давлатии «Шашмақом»: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 9:
[[Акс:Ансамбль народных исполнителей.jpg|thumb|Ансамбли сарояндагони «Шашмақом»]]
Солҳои 70-90-ум бошад хатмкунандагони кафедраи мусиқии Шарқи Институти давлатии санъати Тоҷикистони ба номи М. Турсунзода, Р. Норкалаев, С. Шарифов, А. Сафоев, Р. Абдуллоева, С. Умарова, Ш. Ҳошимова, Н. Алиев, С. Наҷмиддинова, Ф. Саидов, Л. Мӯъминова, О. Ашӯрова, Ш. Ҳомидов, Ҷ. Қӯзиев, А. Орифов ва дигарон ворид шуданд, ки тавонҳои иҷроии дастаро таҳким бахшид. Дастаи мақомхонон ҳамеша аз ҳисоби нерӯҳои ҷавони иҷроӣ сафи хешро устувор намуда, дар паи дарёфти роҳу равиши нави иҷро ва тарғиби ин шоҳкории шеъру мусиқӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.
Дастаи мақомсароён дар тӯли фаъолият таҳти сарварии устодон [[Шоҳназар Соҳибов]], [[Фазлиддин Шаҳобов]], [[Аҳмад Бобоқулов]], [[БоймаҳмадБоймуҳаммад Ниёзов]], [[Аъзам Солиев]] ва баъдан [[Алмос Абдуллоев]], [[Аслиддин Низомов]], [[Абдувалӣ Абдурашидов]], Д. Қурбонов ва [[Фурқат Саидов]] ин шоҳасари мусиқиро барои хазинаи тиллоии Радиои тоҷик сабт намудаанд. Ансамбли давлатии шашмақомхонон иштирокдори чандин ҷашнвора ва Симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд — 1978, 1983, 1987, Душанбе — 1990, Теҳрон — 2000, Исфара — 2003, Душанбе — 2006), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия, Франсия (Москва, Париж-2005) ва ғайра буда, мероси пурмояю санъати олишони мақомҳоро бо диду бардоштҳои нави иҷроӣ манзури сомеъон намудааст. Барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби анъанаҳои асили мақом ва мақомсароӣ иддаи зиёди сарояндагони ансамбл ба унвонҳои фахрӣ, нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд — Ансамбли давлатии Шашмақом [[соли 2000]] бо Фармони Президенти ҶТ унвони Ансамбли давлатии шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.<ref> [http://www.ktr.tj/node/120 Ансамбли давлатии «Шашмақом»]</ref><ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 28 ISBN 978-99947-49-13-3 </ref>
 
== Нигаред ==