Гомбиё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 69:
 
== Таърих ==
[[Акс:Guillaume Delisle Senegambia 1707.jpg|мини|Харитаи минтақа (1707)]]
Бозёфтҳои олатҳои сангин (табару асбобҳои сафолӣ) дар назди ш. Бонҷул аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки соли 750 м. дар водии д.дарёи Гомбиё одамон сокин будаанд. Дар асрҳои 13–15 сарзамини Гомбиё ба ҳайати давлатҳои Малӣ ва дертар ба Сангай дохил буд. Дар асри 15 баҳрнавардони португалиягӣ Луиз де Кадамосту ва Антониоти Усодимаре дар қисми болооби соҳили д. Гомбиё деҳаҳои қабилаҳои мандинго ва волофро муайян намуданд. Дар охири асри 16 ба ин сарзамин англисҳо ва дар аввали асри 17 фаронсавиҳо ворид шуданд. Соли 1902 англисҳо ҳукмрони комили Гомбиё гардиданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) дар мамлакат ислоҳоти сиёсӣ анҷом дода шуда, ҳизбҳои сиёсӣ таъсис ёфтанд. Соли 1960 баъди ислоҳот парламенти якпалатагӣ таъсис ёфт ва соли 1962 ба Гомбиё ҳуқуқи маҳдуди худидоракунӣ дода шуд. 18 феврали 1965 Гомбиё давлати худмухтор дар ҳайати Иттиҳоди Британия гардид. Сарвари давлат маликаи Британия буда, ӯро дар мамлакат генерал-губернатор намояндагӣ мекард. 24 апрели 1970 тибқи раъйпурсӣ Гомбиё ҷумҳурӣ эълон гардида, президенти нахустини он Довуд К. Ҷавара интихоб шуд. Соли 1981 бо ёрии лашкариёни Сенегал табаддулоти давлатӣ ва сарнагун сохтани ҳокимият пешгирӣ карда шуд. Соли 1962 шартномаи таъсис намудани конфедератсия бо номи СенеГомбиё ҳукми қонунӣ гирифт. Вале соли 1989 конфедератсия таҳти таъсири мушкилоти сиёсию гумрукӣ фаъолияти худро боздошт. Соли 1994 бо иштироки низомиён табаддулот ба амал омада, президент Ҷавара барканор карда шуд. Гурӯҳи афсарон (низомиён) бо сарварии лейтенант Ҷамме ҳукумати муваққатии ҳарбӣ ташкил намуданд. Соли 1996 конститутсияи нав қабул карда шуд, ки 70 дарсади интихобкунандагон онро тарафдорӣ карданд. Дар интихоботи президентӣ номзадии Ҷаммеро Ҳизби Алянс дастгирӣ намуд. Дар интихоботи солҳои 2001, 2006, 2011 Ҷамме аз нав президенти мамлакат интихоб гардид.
 
== Ҳизбҳои сиёсӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гомбиё"