Гомбиё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 56:
 
== Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ ==
Ҳудуди Гомбиёро ҳамворӣ (баландиаш то 100 м аз с. б.) бо теппаҳои начандон баланд дар қисмати марказӣ ва шарқии он ишғол намудааст ва аз он [[дарёи Гомбиё]] ҷорист. Сарватҳои табиӣ кам буда, захираи начандон калони маъдани рутил, илменит, сирконий ва реги кварсдор дорад. Иқлимаш субэкватории муссонӣ, тобистон серборишу зимистон хушк. Ҳарорати миёнаи декабр +23-2б°С, июл +25-27°С. Аз ноябр то март аз биёбони Саҳрои Кабир тафбоди «ҳарматан» вазида, чангу ғубор меоварад, ки дар натиҷа ҳарорати рӯзона то 38°С баланд шуда, шабона паст мефурояд. Боришоти солона дар соҳили уқёнуси Атлантик аз 1300 то 1500 мм ва дар дохили мамлакат аз 750 то ба 1000 мм мерасад. Дарёи бузургтаринаш — Гомбиё 1200 км дарозӣ дошта, масоҳати ҳавзааш 180 ҳазор км² аст. Он дар кӯҳҳои Фута-Ҷаллон (Гвинея) оғоз ёфта, ба уқёнуси Атлантик мерезад. Делтаи он дар соҳили уқёнус то 20 км васеъ мегардад. Бештар аз 350 килуметрии дарёи Гомбиё — киштигард. Гомбиё аз олами набототу ҳайвонот ғанӣ аст.
 
=== Наботот ===
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гомбиё"