Моҳҷон Назардодова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Моҳҷон Назардодова
(бе тафовут)

Нусха 14:33, 14 августи 2020

Моҳҷон Назардодова (тав. 18.05.1918, деҳаи Баррӯшон, ноҳ. Рӯшони ВМКБ – ваф. 2009, ҳамон ҷо) — сароянда ва навозандаи тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1967), иҷрокунандаи маълуми сурудҳои базмии Бадахшон.

Моҳҷон Назардодова
Моҳҷон Назардодова
Зодгоҳ ноҳияи Рӯшон ҶШС Тоҷикистон
Пеша(ҳо) сароянда, мутриб
Соз рубоб

Зиндагинома

Моҳҷон Назардодова соли 1952 омӯзишгоҳи педагогии Хоруғро хатм кардааст. Солҳои 1936-1943 муаллимаи мактаби деҳаи Баррушон, 1943-1945 инструктори комиҷрояи ноҳияи Рӯшон, 1945-50 мураббияи интернати давлатии бачагона, 1950-1955 мактаби миёнаи Советӣ қишлоқи Баррӯшон, 1955-1957 мудири шуъбаи занони Кумитаи тарбиявии ноҳ. Рӯшон ва с.-ҳои 1965-1971 раиси Совети қишлоқи Баррӯшон буд. Назардодова аз хурдсолӣ ба касби сарояндагӣ шуғл дошта, пайваста дар маҳфилҳои ҳаваскорони санъат иштирок мекард. Ӯ истеъдоди хуб ва овози хуши дилнишин дошт. Репертуари Назардодоваро бештар суруду таронаҳои лирикии мардуми Бадахшон дар бар мегирад: «Эй парӣ», «Сабзак», «Муборак бод», (халқӣ), «Тоҷикистон», «Ватан» (Т. Пӯлодӣ) ва ғ.

Мукофот

Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 204-205. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)