Аълохон Афсаҳзод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши 109.75.55.34 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки VASHGIRD анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
х →‎Ҷоизаҳо: Мукфот ҶОИЗА нест! "Аз мукофоти амал ғофил машав..." using AWB
Сатри 33:
Аълохон Афсаҳзод яке аз пуркортарин ва пурмаҳсултарин донишмандони тоҷик маҳсуб мешавад. Ба қалами ӯ беш аз 600 таълифот (монографияҳо, рисолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва ғайра) тааллуқ доранд. Доира ва самти пажӯҳишҳои илмии Афсаҳзод хеле васеъ буда, масъалаҳои таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик (рисолаҳои «Ҳофизнома», 1971; «Камоли Хуҷандӣ», 1976; «Абдураҳмони Ҷомӣ», 1978; «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуввуми асри XV», 1985; «Одамушшуаро [[Рӯдакӣ]]», 2003 ва ғайра), адабиёти муосири тоҷик (мақолаҳои танқидӣ адабӣ, таҳқиқи масъалаҳои гуногуни эҷодиёти С. Айнӣ, М. Турсунзода – «Ифтихори Шарқ», Ғ. Абдулло, С. Улуғзода, Ф. Ансорӣ, Ҷ. Икромӣ, А. Сидқӣ ва дигарон), муаррифии шоирону нависандагон ва адибони [[Эрон]]у [[Афғонистон]] (мураттиби маҷмӯаи ашъори шоирони Эрон – «Амвоҷи Корун», мақолаи «Назаре ба шеъри форсизабонон») ва ғайраро дар бар мегирифт. Омӯзиши ҳаёту эҷодиёт ва афкори [[Абдураҳмони Ҷомӣ|Абдураҳмони Ҷомиро]] Афсаҳзод аз таҳқиқи «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ шурӯъ кард ва баъдан омӯзиши кулли эҷодиёти ӯро фаро гирифта, яке аз ҷомишиносони маъруф дар доираҳои илмии Шарқу Ғарб шинохта шуд. Афсаҳзод дар бораи Ҷомӣ асарҳои таҳқиқии бис­ёре таълиф намудааст: «Рӯз­гор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (ба забони русӣ М., 1985), «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» (1989), «Ҷомӣ – шоири ғазалсаро», «Нақд ва баррасии осору шарҳи аҳволи Ҷомӣ» (Т., 1999) ва ғайра Солҳои 60 асри XX Афсаҳзод дар ҳамкорӣ бо донишмандони Институти шарқшиносӣ осори Ҷомиро дар [[Душанбе]] дар панҷ ҷилд ва дар [[Теҳрон]] дар ҳафт ҷилд (ба алифбои арабии тоҷикӣ; 1999–2001) ба табъ расонд. Ин кори ӯ дар Эрон бо Ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» (2000) ва дипломи ёдгории «Баҳори озодӣ» қадр карда шуд. Афсаҳзод ҳикоёти нависандагони русу кишварҳои Аврупо, осори драмавии Ж. Ж. Руссо «Пигмалион» (1962), Ж. Б. Молйер «Ашрофпараст» (1972), А. Н. Островский «Гирдоби бало» (1978), Тавфиқ Ҳаким «Султони ҳайрон» (1980). «Ҷойи сердаромад» (1981), Е. Шварс «Шоҳи урён» (1983), В. Кримко «Маҷрӯҳон» (1984) ва ғайраро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
 
== МукофотҳоҶоизаҳо ==
Ройзании фарҳангии Сафорати ҶИЭ ҷоизае ба номи Афсаҳзод таъсис кардааст, ки ба пажӯҳишгарони масоили адабиёти форс-тоҷик дода мешавад. Нахустин барандагони ин ҷоиза дар соли 2004 А. Афсаҳзод барои китоби «Одамушшуаро Рӯдакӣ», А. М. Хуросонӣ ва Ҷ. Назрӣ барои китоби «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» буданд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1985) сарфароз гардидааст<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125-126</ref>.