Ноҳияи Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: тилло на, тило! using AWB
Сатри 95:
Мувофиқи ахбори ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки дар кўҳи Муғ, дар яке аз рустоқҳои Бутамон–Паргар (Фалғар) ёфт шудаанд, Бутамон тахминан аз солҳои 715 то 722, яъне дар охири давраи ҳукмронии Деваштич ба ҳайати давлати Панҷ дохил мешуд. Дар Бутамон фармондори шоҳ Деваштич меистод. Фармондор аз болои ҳамаи деҳаҳо ва рустоқҳои Бутамон ҳукмронӣ мекард. Дар ин ҳуҷҷатҳо номҳои бисёр рустоқҳои Бутамон, ба монанди Мадрушкат (Мадчо), Парғар (Фалғар), Моғиён, Киштут ва деҳаҳои Марғузор, Вешист, Кум, Мадм, Зировадк, Искодар, Хушикат, Варз, Рарз, Испағн, Фатмев, Похут, Шаватк, Вешаб, Фатмовут, Дарғ, Марғ, Вардаккат, Курут, Саритоғ, Утоғар, Вишак ва ғайраҳо зикр ёфтаанд. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки баробари деҳаҳои номбаршуда қишлоқҳои Урметан, Дардар, Вешканд, Зосун, Вору ва ғайра низ дар асрҳоиVII-VIII вуҷуд доштаанд. Аҷибаш он аст, ки ин деҳаҳо дар муддати 1300 сол ҷой ва номи худро дигар накардаанд.
Аввалин маълумоти хаттиро дар бораи Бутамон дар сарчашмаҳои суғдӣ ва арабии асри VIII-и мелодӣ пайдо менамоем. Масалан, муаррих ал-Билозарӣ дар асари худ «Футуҳ ал-Булдон» менависад, ки Бутамон дар замони ҳукмронии Язид ибни Муҳаллаб (солҳои 701-704) аз тарафи писари ў Мўҳаллаб, фатҳ карда шуд. Лекин мардуми озодидўсти ин диёри кўҳӣ ба зудӣ арабҳоро зада пеш карда, расму оини худро аз нав барқарор намуданд. Вилояти Бутамон бори дуюм дар замони лашкаркаши номии араб Қутайба ибни Муслим аз тарафи Ҷаҳм ибни Заҳр дар солҳои 713-714 забт карда шуд. Арабҳо аз ин ҷанг бо ғаниматҳои зиёд ва махсусан бутҳои заррини бутамонӣ баргаштанд. Арабҳо дар дубори истилои худ ин сарзаминро ба ғорат бурданд. Дар миёни онҳо бутҳои заррини аз ибодатхонаҳои Бутамон ғораткардаашон дар таърих хеле машҳур мебошанд. Бутҳои заррин, ҳайкалчаи гачини аз қалъаи деҳаи Кум ва чўбҳои нимсўхтаи пур аз нақшҳои нодири аз харобаи ГарданиҲисор (Мадм) бадастомада нишон медиҳанд, ки офарандагони онҳо устодони моҳиру гулдасти замони худ буданд. Чўбҳои гулбурикардашудаи аз Гардани Ҳисор ёфтшуда ба меҳроби машҳури Искодар, сарсутунҳои Урметан, Обурдону Курут шабоҳат доранд. Баъзе тадқиқотчиён тахмин менамуданд, ки нақшаҳои меҳроби Искодар, сутунҳои Обурдону Урметан маҳсули дасти устоҳои шаҳрҳои Самарқанд ва дигар марказҳои мадании Осиёи Миёна мебошад. Бозёфтҳои Гардани Ҳисор, Панҷакент ин фикрҳоро ба куллӣ рад менамоянд. Мо метавонем гўем, ки дар болооби Зарафшон дар асрҳои XII-XIII мактаби махсуси нақшу нигоришҳо вуҷуд дошт. Офарандагони ин шоҳасар – мардуми маҳаллӣ дар таърихи санъати тасвирӣ-наққошӣ ба монанди ҳамватану ҳамзамонашон Абуабдулло Рўдакӣ бузург буданд.
Дар кўҳҳои Бутамон аз қадимулайём мис, оҳан, нуқра ва тиллотило истеҳсол мекарданд. Симоб ва навшодири бутамониро дар асрҳои миёна дар ҳамаи бозорҳои Ҳинду Чин, Турону Эрон, Мисру Ироқ ва Юнону Рим дидан мумкин буд. Дар китобҳои «Ҳудуд ал-Олам», «Сурат ал-Арз» ва «Масолик ва Мамолик» навишта шудааст, ки аз кўҳҳои Бутамон тиллотило, нуқра, зоч, симоб ва навшодир ҳосил мекунанд. Шиносоии халқу давлатҳои кўҳан ба табиату сарватҳои табиии Гава Суғд (Бутамон, музофотиЗарафшон) ҳанўз аз аҳди қадим сурат гирифта буд. Дар аҳди қадим Кўҳистони Зарафшон қисми калони мамлакати бостонии хушманзари Суғдро ташкил медод. Дар китоби муқаддаси зардуштимазҳабон – Авасто доир ба об хок, наботот, олами ҳайвонот, зироатпарварӣ, коркарди замин, чорводорӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ аз Гава Суғд (Кўҳистони Зарафшон) маълумотҳои ихчам, вале ҷолиб фароҳам омадааст. Дар Авасто ҳосилхез кардани замин, барҳамдодани ботлоқзорҳо ва обшор намудани заминҳои беҳосилро аз ибодат афзалтар шуморида аст. Шояд ҳамин андарзи китоби муқаддас боиси он гардид, ки Кўҳистониён порчаҳои хурди заминро бо машаққати зиёд ободу хуррам гардонида, ба наслҳои оянда ба меросӣ доданд. Баъдан ин шиносои дар замони истилои Искандари Мақдунӣ (асриIV- и то милод), забткориҳои арабҳо (асрҳоиVII-VIII милод) ва алалхусус дар замони ҳукмронии Сомониён густариш ёфта, водии Зарафшон ҳамчун истеҳсолкунандаи тиллотило, қалъагӣ, навшодир, симоб, сангҳои гаронмоя ва ғайра шўҳрати калон пайдо намуда буд. Дар солномаи асримиёнагии географи Чиннистон Ли-ян-шоу-Бейши (Таърихи шимол с.435-милод) хабар дода шудааст, ки дар болооби Зарафшон тиллотило, оҳан, ва санги сулаймонӣ (оникс) истихроҷ мекунанд, боғу токпарварӣ, парвариши зироатҳои полизӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфтааст.
Баъди шўриши соли 722 ва пароканда шудани давлати Панҷ Бутамон вилояти мустақил мешавад ва дар асри IX дар он маликае бо номи Зул-нона фармонфармоӣ мекард. Дарасри Х Бутамон якҷоя бо Истарафшан ба давлати Сомониён ҳамроҳ карда мешавад.
Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Бутамон ахборҳо вонамехўранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон-Кўҳистон ва рўди Суғд-Зарафшон навишта шудааст.Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Бутамон ахборҳо вонамехўранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон-Кўҳистон ва рўди Суғд-Зарафшон навишта шудааст.