Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эзоҳ: clean up using AWB
х clean up using AWB
Сатри 6:
|бар =
|тавсифи тасвир =
|санаитаърихи таваллуд = 12.10.1314
| зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Ҳамадон| шаҳри Ҳамадон}}, [[Эрон]]
|табаият =
|шаҳрвандӣ =
|санаитаърихи маргдаргузашт = 1385
|маҳалли маргдаргузашт =
|падар =
|модар =
Сатри 31:
:Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд.
 
Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавкеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар сини 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақӣқати асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19 солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пай дар пай гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташон ободу зебо ва мӯҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоёон, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дар воқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ , бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳли ақрабояш, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳи мекарданд, марди ғариб буд.
 
Дар мусофират у [[Макка]]ю [[Мадина]], [[Миср]], Покистону Ҳиндустон, [[Осиёи Миёна]], [[Туркия]] ва дигар мамолики дунёро на паи сарвату моли дунё , ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард , балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кумак мекард. Ӯ дар ин сафарҳо аз сӯҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа «Авроди фатҳия» барои асари ҷовидонии тасаввуфиро эҷод кард. Дар ин мудат ба қавли Саида Ашраф Зафар бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли [[1373]] милоди ба [[вилояти Хатлон]] ва [[Кӯлоб]]и имрӯза ташриф овард. Воқеъан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарқ мисли Сайиди Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятеро дучор омад, ки ин қадар сафарҳо намуда ба хизмати авлиёхову дустони Худо камар баста ва аз онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол одами бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд.
 
:Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо,
Сатри 51:
:«Бисмиллоҳир-раҳмони-раҳим».
 
Мисраи охири порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрй мутобиқи 1386-и мелодй рост меояд. Соли вафоти Сайид Алли Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385 мелодй гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде ҳаст . Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонй дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз Алии Ҳамадонй 70 не, балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридашон Мавлоно Нуриддини Бадахшонй (ваф. 1393 ҳ.) дар «хулосат-ул-маноқиб « маъ лумоти саҳеҳ додаст.
 
== Эҷодиёт ==
Сатри 59:
:Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад.
 
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар паи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқи гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқу илоҳиёт баҳс мекунанд. Миқдори асарҳои ӯро олими шинохтаи тоҷик, файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Хамадонӣ мухтасаран малумот дод. Аммо назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ , ки шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадониро зиёдтар аз 90 медонад. Ҳамчунин илова кард, ки аксари асарҳоӣ ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳақиқонаш маълум нест.
 
Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ» , «Захират-ул –мулук»,
«Анвор-ул-азуор», «Вуҷудия» , «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузошт. Баробари ин асарҳои мазмуни ӯ низ, ки дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубои, дубайтӣ, маснавӣ иншо шудаанд, ба мо мерос мондаанд.
 
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад.
Сатри 84:
:Воллоҳ, ҳамадонӣ, ки ту шоҳи Ҳамадонӣ.
 
Сад афсӯс, ки ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти адабӣ осори муқаддаси ин шахсияти шариф ҳанӯз ҳам барои мо ворисонаш чандон равшан нест. Дуруст аст, ки ҳангоми равшан сохтани паҳлӯҳои ҷӯдогонаи суфизм ва намояндагони барҷастаи он номи Сайид Алии Ҳамадониро ёдовар мешаванд, аммо маҳсули эҷодии ӯ аз назари муҳаққиқон дур мондааст. Мо аминем, ки дар равиши таҷлили зодрӯзи ин олими маъруфи Шарқ саҳифаҳои тозаи осораш бо кумаки мусташриқон манзури ихлосмандонаш хоҳад гашт.Барои муайян кардани мавқеи Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷику форс аз ҳама пеш ба эҷодиёти ӯ ва шогирдони ҳамасаронаш мурофият бояд кард. Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфарӣ Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, оиди шахсият ва шарҳи ҳоли ӯ «Хулосат-ул-маноқиб» ном асаре офарид ва яке аз сарчашмаҳои нахустин ва боэътимод ба шумор меравад. Муҳаққиқони баъдина ҳангоми рӯ овардан ба эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ҳамон асари номбурдаро муттакои ақидаи хеш қарор дрдаанд. Алҳол бошад дар Ҳиндустону Покистон ва Эрон доир ба аҳвол ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба таъб расидаанд, ки мутаассифона, дастраси мо нашудаанд. Ба гуфти олимон Ахмад Ҳасани Донӣ, Аҳмад Ҳасани Обидӣ, Абдулаҳмади Ҷовид,Анкари Деҳлавӣ, Муҳаммад Осимӣ, Моҳирхуҷа Султонов дар Покистон ассосиатсияи байналхақии «Шоҳи Ҳамадонӣ» амал мекунад , ки ба омӯзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ ҷиддан равона карда шудааст. Мутаасифона, дар Тоҷикистон, хоса дар Кӯлоби мо, касе аз файласуф ва ё адабиётшинос ба омӯзиши осори ӯ ба таври дилхоҳ машғул нагардидиааст. Танҳо М.Султонов тахминан 16 сол муқаддам китобчае бо номи «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр намуд. Бояд иқрор намуд , ки аввалин шиносоии оммаи васеи хонандагон бо шарҳи ҳол ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамин китобча амалӣ шуд. Дар «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон (1991) ном раҳнамои М.Азизов ва Р. Асоев баъзе маълумотҳои нисбатан тоза , ки дар солҳои охир гирд оварда шудаанд,ба диққати хонандагон расонда шуд.
Дуруст аст , ки дар шароити мавҷуда таҳқиқи эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ, хусусан барои муҳақиқони кӯлобӣ мушкил аст, чунки аз ин олим дар вилояти Кӯлоб танҳо як асараш ''«Захират-ул-мулук»,'' дар фонди эҳтиёти осорхонаи таъриху кишваромӯзии вилояти Кӯлоб маҳфуз аст ва истифодаи васеи хонандагон аз он ғайриимкон аст.
 
== Ривоятҳо дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ==
Сатри 106:
== Гиромидошти мутафаккир==
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марқадаш дар деҳаи Хоҷаисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и [[ноҳияи Кӯлоб]] (''Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон'') воқеъ аст. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад. Нисбати мутафаккир доимо конфронсу нишастҳои фарҳанги баргузор мегарданд ва мероси Ҳамадонӣ нашр карда мешавад. Дар "Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон" (1991) ном раҳнамои М. Азизов ва Р. Асоев чоп шудааст. Асари Ҳамадонӣ «Захират-ул-мулук», дар фонди эҳтиёти [[Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб]] маҳфуз аст.
Дар зерсохтори [[Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб]] дар шаҳри [[Кулоб]] - Осорхонаи мероси хаттӣ ва адабии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият карда истодааст аст.<ref>[http://elint.kunstkamera.ru/catalog/respublikanskij_istoriko_kraevedcheskij_muzejnyj_kompleks_g_kulyab/ Республиканский историко-краеведческий музейный комплекс г. Куляб]</ref>
==Далелҳои ҷолиб==
* Ба шарафи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар [[пули миллӣ]] 10 [[сомонӣ]] расм, мақбара ва мисраи шеъраш дарҷ гардидааст.