Мусиқии барномавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) |
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB |
||
Сатри 1:
'''Мусиқии барномавӣ''' — [[мусиқии созӣ]] (бештар, [[Мусиқии барномавии симфонӣ]]), ки дар асоси ягон сужаи махсус эҷод мешавад ва кадоме «барнома» дорад.
Барномавӣ будани асар ё аз номаш ё дар шарҳи махсуси адабӣ ифода меёбад. Сарчашмаи сужа метавонад гуфтор ва ривояти таърихӣ гардад (симфонияи «Иля Муромес»-и Р.Глиэр), фантастикаи афсонавӣ («Шогирди афсунгар»-и П.Дюк), дар асоси асари адабӣ (симфонияи «Манфред»-и П.Чайковский, симфонияи «Фауст»-и Ф.Лист), образҳои тасвиркунандаи санъат («Мусаввараҳо аз намоишгоҳ»-и М.Мусорчский); тасвири манзараи табиат дар Мусиқии барномавӣ мавқеи босазое дорад («Кули афсунгарӣ»-и А.Лядов); сужаи асарро баъзан худи муаллиф муайян месозад («Симфонияи пасторалӣ»-и Л.Бетховен, «Симфонияи фантастикӣ»-и Г.Берлиоз). Баъзан композитор мақсади барномавӣ будани асарашро баён намекунад (сим-фонияи 3-ум «Қаҳрамонӣ»-и Л.Бетховен) ва ғ. Мусиқии барномавӣ аз замони қадим маълум аст. Дар байни асарҳои барномавии а. XVIII: миниатюраҳои клавесинии Ф.Куперен, Ж.Рамо ва «Каприччо»-и И.С.Бах маълуманд. Дар ин самт чанд асари барномавӣ ба қалами Л.Бетховен мансуб аст (увертюраҳои «Эгмонт», «Кориолан» ва ғ.). Шукуфоии М.б.дар а. XIX бештар ба мусиқии романтизм алоқаманд буда, дар ин давра асарҳои зиёде офарида шудаанд (Берлиоз, Данте, Лист ва диг.). Як зумра композиторони рус дар эҷоди М.б. ҳиссагузоранд (Мусорский, Римский-Корсаков, Чайковский, Глазунов, Лядов, Скрябин, Рахманинов ва ғ.).
== Мусиқии барномавӣ дар эыодиёти композиторони Тоҷикистон ==
Композиторони тоҷик аз
== Нигаред ==
Сатри 10:
*[[Мусиқии халқӣ]]
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Мусиқӣ аз рӯи жанр]]
|