Мусиқии барномавӣ

Мусиқии барномавӣмусиқии созӣ (бештар, Мусиқии барномавии симфонӣ), ки дар асоси ягон сужаи махсус эҷод мешавад ва кадоме «барнома» дорад.

Барномавӣ будани асар ё аз номаш ё дар шарҳи махсуси адабӣ ифода меёбад. Сарчашмаи сужа метавонад гуфтор ва ривояти таърихӣ гардад (симфонияи «Иля Муромес»-и Р.Глиэр), фантастикаи афсонавӣ («Шогирди афсунгар»-и П.Дюк), дар асоси асари адабӣ (симфонияи «Манфред»-и П.Чайковский, симфонияи «Фауст»-и Ф.Лист), образҳои тасвиркунандаи санъат («Мусаввараҳо аз намоишгоҳ»-и М.Мусорчский); тасвири манзараи табиат дар Мусиқии барномавӣ мавқеи босазое дорад («Кули афсунгарӣ»-и А.Лядов); сужаи асарро баъзан худи муаллиф муайян месозад («Симфонияи пасторалӣ»-и Л.Бетховен, «Симфонияи фантастикӣ»-и Г.Берлиоз). Баъзан композитор мақсади барномавӣ будани асарашро баён намекунад (сим-фонияи 3-ум «Қаҳрамонӣ»-и Л.Бетховен) ва ғ. Мусиқии барномавӣ аз замони қадим маълум аст. Дар байни асарҳои барномавии а. XVIII: миниатюраҳои клавесинии Ф.Куперен, Ж.Рамо ва «Каприччо»-и И.С.Бах маълуманд. Дар ин самт чанд асари барномавӣ ба қалами Л.Бетховен мансуб аст (увертюраҳои «Эгмонт», «Кориолан» ва ғ.). Шукуфоии М.б.дар а. XIX бештар ба мусиқии романтизм алоқаманд буда, дар ин давра асарҳои зиёде офарида шудаанд (Берлиоз, Данте, Лист ва диг.). Як зумра композиторони рус дар эҷоди М.б. ҳиссагузоранд (Мусорский, Римский-Корсаков, Чайковский, Глазунов, Лядов, Скрябин, Рахманинов ва ғ.).

Мусиқии барномавӣ дар эыодиёти композиторони ТоҷикистонВироиш

Композиторони тоҷик аз с.-ҳои 50 а. XX то имрӯз ба эҷоди мусиқии барномавӣ камар баста, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд: Миратулло Атоев – симфония №1 «Мубориза» (1966), Дамир Дустмуҳаммадов - симфонияи №1 «Бедоршавии Шарқ» (1967), А. Ёдгоров – симфонияи «Тоҷикистон» (1966), Михаил Светаев – симфонияи №4 «Тоҷикистон» (1972), Аъзам Солиев – симфонияи №3 «Қаҳрамонона» (1977), Толиб Шаҳидӣ – симфонияи №2 «Тоҷикон» (1988), М. Бафоев симфонияи №4 «Мовароуннаҳр» (1991); асарҳои симфонӣ (достон, увертюра, сюита): достони «Ҳирот» барои оркестри созҳои халқӣ, достон-рапсодияи «Темурмалик»-и Мухтор Ашрафӣ (1963), достони «Мароканд»-и Фирӯз Баҳор (1970), достони «Хотираи Рӯдакӣ»-и Якуб Сабзанов (1958), сюитаи «Зумрад» (1961) ва достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов (1962), достони «Гаҳвораи Сино»-и Парвиз Туробӣ (1986), достони «Соли 1917»-и Зиёдулло Шаҳидӣ (1967) ва достони «Талбак Лолаев»-и Қ. Яҳёев (1977) аз ҷумлаи онҳоянд. Инчунин як зумра композиторони дигари тоҷик – С.Юдаков, С.Ҳамроев, А.Ҳамдамов, С.Халилов, К.Тушинок, П.Турсунов, Т.Сатторов, Ш.Пӯлодӣ, А.Ленский, Ш.Ашуров ва диг. дар жанри М.б. асарҳо эҷод намудаанд.[1]

НигаредВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 242. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)