Ҷӯра Бақозода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Фаъолияти илмӣ: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 31:
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Нахустин мақолаҳои илмию танқидиаш соли 1963 дар саҳифаҳои матбуот пайдо шу­данд. Муаллифи беш аз 200 мақолаи илмию танқидӣ, монография ва рисолаҳои ил­мӣ. Аксари мақолаҳои Б. мар­ҳалавию ҷамъбастианд. Дар онҳо масъалаҳои муҳимми адабиёти муосири тоҷик аз қабили хусусияти қиссаҳо, фардияти адиб, хусусиёти миллӣ ва байналмилалии ада­биёти тоҷик, ҷустуҷӯҳои эҷодии адибони ҷавон, эҷоди устодон ва ҷараёни адабӣ, насри муосири тоҷик (с-ҳои 70-80 а.садаи 20) ва ғ. мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар бораи эҷодиёт ва осори алоҳидаи Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун, Гулназар, А. Самад, К. Мирзо ва диг. мақола­ҳо нигошта, дастовард­ҳои эҷо­дии ононро холисона ва дақиқ­бинона таҳлилу бар­расӣ кардааст. Афкору андеша­ҳои Б. дар монография ва рисолаҳои «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насри муосири тоҷик» (1982), «Нависанда ва идеали замон» (1987), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳа­ми­ди Самад ва инкишофи ҳикоя» (2007), «Гузашти айём ва таҳаввули ада­биёт» (2009) ва ғ., ки дар адабиётшиносию нақди тоҷик нуфузу эътибори арзанда доранд, ҷамъбаст гардидаанд. Б. дар мураттабсозии маҷм. «Муосири бузурги мо» (дар бораи М. Шолохов), осори А. Деҳотӣ дар 5 ҷилд, ҷ. 2-юми «Таърихи адаби­ёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (1978) ва ғ. ширкат варзидааст. Пйесаи «Боғи олболу» ва баъзе ҳикоя­ҳои А. П. Чехов, романи В. Яковенко «Шербачаҳои партизан» (1987), романи нависандаи туркман Н. Байрамов «Роҳи тақдир»-ро (1989) ба тоҷикӣ гардондааст.
 
== Ҷоизаҳо ==