Бирмингем (Алабама): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎top: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 70:
Аҳолиаш бо атрофи он 1 млн нафар (2010), 74 дарсади аҳолӣ — африқоиҳои Амрико. Бандари д. Блэк Уориор бо силсилаи дарёии Теннеси-Томбигби ва бандари баҳрии халиҷи Мексика пайваст аст.
 
Дар миёнаи а.садаи 19 маркази филиззкори (металлургия)-и сиёҳ (истеҳсоли чӯян), истихроҷи маъдани оҳан ва оҳаксанг буд. Ҳамчун шаҳр с. 1871 бунёд гардидааст. Соли 1899 ба маркази бузургтарини филиззкории ИМА табдил ёфта («Питсбурги Ҷанубӣ»), с. 1960 мошинасозӣ рушд кард. Айни замон Бирмингем. маркази муҳимми нақлиётӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ ва фарҳангии мамлакат аст. Истеҳсоли тайёра, таҷҳизоти р. о., автомобил ва лӯлаҳо ривоҷ ёфтааст. Саноати низомӣ, кимиё, матоъҳои пахтагӣ ва хӯрокворӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Бирмингем. Донишгоҳи Сэмфорд (1841) ва филиали (кампус) Донишгоҳи Алабама, осорхонаи санъат, калисои Сант-Баптист, Боғи истироҳатии Келли-Ингрэм, боғи ҳайвонот воқеанд. Муҷассамаи 17-метраи Худои оташи юнониҳо — Вулкан ҳамчун рамзи соҳаи филиззкории шаҳр дар баландии Ред-Маунтин қомат афрохтааст.
 
== Эзоҳ ==