Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи тире ва нимтире using AWB
Сатри 1:
[[Акс:Presidential National Guardsman.jpg|thumb]]
'''[[Гвардия|Гвардияи]]и миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон''' — воҳиди мустақили ҳарбии таъйи­ноти махсус ва бевосита ба [[Президенти Тоҷикистон|Президент]] — [[Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Му­сал­лаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] тобеъ, ки анҷоми ва­зифаҳои махсу­сан муҳимми давлатиро ба зимма дорад.
 
== Таъсис ==
Сатри 21:
Ҳайати шах­сии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро шаҳр­вандони То­ҷи­кистон, ки тибқи даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд ва афсарону прапоршикҳо ташкил меди­ҳанд. Хидмат дар сафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ко­ри шарафнок бу­да, пас аз рутбаи хидматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи «гвардия» ило­ва карда мешавад. Дар давоми фаъолияти чандинсола хидматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои омодабошии ҷангӣ, хидмати қӯшунҳо, иҷ­рои нақшаву чорабиниҳо, на­ти­ҷа ва сифати машғу­лият­ҳои таълимӣ, тарбияи ватанпарастии ҳайати шахсӣ, иҷ­рои корҳои ободонӣ ва кабу­ди­зор­кунӣ дар қис­му воҳид­ҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар самти пуррагардонии қис­му воҳид­ҳо, робита ва ҳамкорӣ бо сох­тор­ҳои дохиливу бу­рунмарзӣ, ҳолати тайёрии ҷамъятӣ-ба­шар­дӯстона, таъминоти аслиҳа ва техникаи ҳарбии ақибгоҳ, моливию хоҷа­ги­дорӣ, авиатсия, вар­зиш, фароҳам овардани шароити ху­би хидмат ва ғ. ба на­ти­ҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла қисми ҳар­бии 051059 ба бригадаи зудамал ва Маркази таълимии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қис­ми ҳарбии 051052) табдил ва дар де­ҳаи Чоряккорони но­ҳияи Рӯдакӣ шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қис­ми ҳарбии 051060) ба истифода дода шуд. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкориҳои Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон бо дав­лат­ҳои ИМА, Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Фаронса, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, Ҷумҳу­рии Мисри Араб, Қазоқистон, Қир­ғизистон, Белоруссия, ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳам­корӣ дар Аврупо (САҲА), ташки­лот­ҳои байналмилалию корпусҳои дип­ло­ма­тӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони низомии киш­варҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон робитаву ҳамкориҳои густурда дорад. Ҳама­со­ла хидматчиёни ҳар­бии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дав­лат­ҳои хо­риҷӣ дар самт­ҳои гуногуни омӯзи­ши ҳарбӣ мутахассис ва соҳиби маълумот мегарданд. Хид­матчиёни ҳар­бии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар машқҳои муштараке, ки дар чаҳор­чӯби Соз­мони Паймони Амнияти Даста­ҷамъӣ ташкил карда шу­даанд, ба монанди «Рубеж-2010» ва дар доираи ҳам­ко­риҳо бо ИМА дар машқ­ҳои якҷои «Ҳамкориҳои мин­та­қа­вӣ»-и солҳои 2008, 2009, 2010 ширкат варзидаанд. Тиб­қи мемориандуме, ки аз ҷониби Сафорати ИМА ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, отряди таъйиноти махсуси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо отряди таъйиноти махсуси ИМА ҳар сол ду бор дар урду­гоҳ­ҳои То­ҷи­кис­тон машқ­ҳои зидди­тер­ро­ристӣ ва мубориза алай­ҳи гардиши ғай­риқонунии маводди мухаддир анҷом ме­ди­ҳанд, ки ҷиҳа­ти баланд бардоштани донишу маҳо­рат ва са­вияи касбии хидматчиёни ҳар­бӣ дар роҳи мубориза бар зуҳуроти манфии замон аҳам­мия­ти бузург дорад.
 
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 3 сентябр ҳамчун Рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷамолзода Бобоҷон (аз ноябри 2013) мебошад.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 28:
== Адабиёт ==
* {{ЭМТ|Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон|4|муаллиф=М. Комилова}}
 
{{хурд}}
 
[[Гурӯҳ:Амнияти давлатӣ]]
{{ҷавона}}