Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — воҳиди мустақили ҳарбии таъйи­ноти махсус ва бевосита ба Президент — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Му­сал­лаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ, ки анҷоми вазифаҳои махсу­сан муҳимми давлатиро ба зимма дорад.

Гвардияи Миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳо мавҷудият аз 4 декабри соли 1992 то имрӯз
Кишвар
Тобеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайат Артиши Тоҷикистон
Навъ Ҳокимияти иҷроия ва Ташкилоти ҳарбикунонӣ
Афсар-фармондеҳ
Фармондеҳ генерал лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода
Сомона gmjt.tj
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таъсис

вироиш

17 январи 1995 бо Фар­мони Президенти Ҷумҳурии То­ҷи­кистон таҳти № 155 Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Сол­ҳои аввали соҳиб­ис­тиқ­лолии То­ҷи­кистон афсарону сарбозони он дар баробари ди­гар кормандони сохторҳои қудра­тӣ дар ни­гоҳ дош­тани тартиботи ҷамъия­тӣ, қону­нӣ, барқарор намудани сох­ти конс­титутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими истиқ­лоли давлатии То­ҷикистон фаъолона шир­кат намуданд. 26 январи 2004 баъди та­ғйи­ро­ти сохторӣ бо Фар­мони Президенти Ҷумҳу­рии То­ҷи­кис­тон ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.

Сох­тор

вироиш
  • Раёсати кор­ҳои фар­мондеҳӣ
  • Сарситод (Раёсати ама­лиё­тӣ, шуъ­баи ташкил ва са­фарбарӣ, шуъбаи алоқа, шуъбаи хидмати қӯ­шун­ҳо ва бехатарии хидмати ҳар­бӣ, Раёсати хидмати комен­дан­тӣ, оркестри ҳар­биро дар бар мегирад.
  • Раёсати тай­ёрии ҷан­гӣ
  • Раёсати кор­ҳои тар­бия­вӣ (аз бахшҳои тайёрии тар­бияи ва­тандӯстӣ, ин­ти­зоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳуқуқ­вай­ронкунӣ, корҳои рӯҳ­ши­носӣ иборат аст)
  • Раёсати асли­ҳа ва техника
  • Раёсати ақиб­гоҳ, қисмҳои ҳарбии 051052 (Мар­кази тайёрии кадрҳо), 051053 (звенои авиатсионӣ), 051054 (Бригадаи махсуси комендантӣ), 051055, 051056, 051057, 051058, 051059, 051060, 051061, 051062, 051063, 051064, ММТ (маркази миллии таълимии мубориза бо маводи мухаддир воқеъ дар шаҳри Турсунзода) шуъбаи кадрҳо, шуъбаи молия.

Дар наз­ди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон наш­рияи «Род­мардон», ансамбли созию овозии «Диловарон», шуъбаи тиббӣ-ҳарбӣ ва шифохона фаъолият доранд.

Фаъолият

вироиш

Фаъо­лияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсип­ҳои волоияти қонун, са­доқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент, башар­дӯстӣ, муқад­дас будани масъулияти шаҳр­вандӣ барои ҳифзи Ватан, ҳи­мояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқ­лол, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон, эҳти­ро­ми ҳуқуқ ва озо­диҳои инсон ва шаҳрванд, омо­дагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ, идоракунии мутамарказ, як­ка­сардорӣ, риояи ин­тизоми ҳарбӣ, нигоҳдории сирри давлатӣ ва дигар прин­сипҳои башардӯс­тона асос ёфтааст. Иҷрои тадобири маросими қабулу гусели сарони дав­лату ҳуку­мат­ҳои хо­ри­ҷӣ, созмонҳои байнал­милалӣ, анҷоми чо­раби­ни­ҳои ҳимоявӣ — низомӣ, фав­рӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар чораву тад­бир­ҳои вобастаи таъмини амнияти иншооти ҳифз­шавандаи махсусан муҳимми дав­латӣ, иморатҳо ва ҳу­ду­ди ҳам­ша­фа­ти онҳо, инчунин, аквато­рияҳо, ки ном­гӯи он­ҳо­ро Президент — Сар­фар­мон­деҳи Олии Қувва­ҳои Му­сал­лаҳи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муайян мекунад, ва­зифаи асо­сии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо супориши Президенти Ҷум­ҳурии То­ҷи­кис­тон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои вобаста ба му­бо­ри­за бар зид­ди терроризм, мудофиаи гражданӣ, бартараф намудани оқи­бат­ҳои офатҳои табиӣ, фалокат ва са­да­маҳо иштирок менамояд. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Гвардияи мил­лии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» ва Низомномаи Гвардияи мил­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҳайат

вироиш

Ҳайати шах­сии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро шаҳр­вандони То­ҷи­кистон, ки тибқи даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд ва афсарону прапоршикҳо ташкил меди­ҳанд. Хидмат дар сафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ко­ри шарафнок бу­да, пас аз рутбаи хидматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи «гвардия» ило­ва карда мешавад. Дар давоми фаъолияти чандинсола хидматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои омодабошии ҷангӣ, хидмати қӯшунҳо, иҷ­рои нақшаву чорабиниҳо, на­ти­ҷа ва сифати машғу­лият­ҳои таълимӣ, тарбияи ватанпарастии ҳайати шахсӣ, иҷ­рои корҳои ободонӣ ва кабу­ди­зор­кунӣ дар қис­му воҳид­ҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар самти пуррагардонии қис­му воҳид­ҳо, робита ва ҳамкорӣ бо сох­тор­ҳои дохиливу бу­рунмарзӣ, ҳолати тайёрии ҷамъятӣ-ба­шар­дӯстона, таъминоти аслиҳа ва техникаи ҳарбии ақибгоҳ, моливию хоҷа­ги­дорӣ, авиатсия, вар­зиш, фароҳам овардани шароити ху­би хидмат ва ғ. ба на­ти­ҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла қисми ҳар­бии 051059 ба бригадаи зудамал ва Маркази таълимии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қис­ми ҳарбии 051052) табдил ва дар де­ҳаи Чоряккорони но­ҳияи Рӯдакӣ шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қис­ми ҳарбии 051060) ба истифода дода шуд. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкориҳои Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон бо дав­лат­ҳои ИМА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Фаронса, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, Ҷумҳу­рии Мисри Араб, Қазоқистон, Қир­ғизистон, Белоруссия, ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳам­корӣ дар Аврупо (САҲА), ташки­лот­ҳои байналмилалию корпусҳои дип­ло­ма­тӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони низомии киш­варҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон робитаву ҳамкориҳои густурда дорад. Ҳама­со­ла хидматчиёни ҳар­бии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дав­лат­ҳои хо­риҷӣ дар самт­ҳои гуногуни омӯзи­ши ҳарбӣ мутахассис ва соҳиби маълумот мегарданд. Хид­матчиёни ҳар­бии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар машқҳои муштараке, ки дар чаҳор­чӯби Соз­мони Паймони Амнияти Даста­ҷамъӣ ташкил карда шу­даанд, ба монанди «Рубеж-2010» ва дар доираи ҳам­ко­риҳо бо ИМА дар машқ­ҳои якҷои «Ҳамкориҳои мин­та­қа­вӣ»-и солҳои 2008, 2009, 2010 ширкат варзидаанд. Тиб­қи мемориандуме, ки аз ҷониби Сафорати ИМА ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, отряди таъйиноти махсуси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо отряди таъйиноти махсуси ИМА ҳар сол ду бор дар урду­гоҳ­ҳои То­ҷи­кис­тон машқ­ҳои зидди­тер­ро­ристӣ ва мубориза алай­ҳи гардиши ғай­риқонунии маводди мухаддир анҷом ме­ди­ҳанд, ки ҷиҳа­ти баланд бардоштани донишу маҳо­рат ва са­вияи касбии хидматчиёни ҳар­бӣ дар роҳи мубориза бар зуҳуроти манфии замон аҳам­мия­ти бузург дорад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 3 сентябр ҳамчун Рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷамолзода Бобоҷон (аз ноябри 2013) мебошад.

Ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ

вироиш
 
генерал лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода – Фармондеҳи гвардияи миллӣ (001)
 
генерал майори гвардия Ализода Ҷонибек Ҷӯрабек – Сардори сарситод-муовини аввали фармондеҳи гвардияи миллӣ (002)
 
полковники гвардия Одиназода Аъзам Ахтам – муовини фармондеҳи гвардияи миллӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус (003)
 
полковники гвардия Собириён Муҳаммад наим Юсуф – муовини фармондеҳи гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ (004)
 
генерал майори гвардия Самарзода Қиёмиддин – муовини фармондеҳи гвардияи миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ (005)
 
генерал майори гвардия Каримзода Зайниддин – муовини фармондеҳи гвардияи миллӣ оид ба ақибгоҳ (006)[1]

Адабиёт

вироиш
  • Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон / М. Комилова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.