Сурайё Қосимова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
х →‎Ҳаёти шахсӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 35:
 
== Ҳаёти шахсӣ ==
Сурайё Қосимова аз издивоҷи аввалаш [[Шабнами Сурайё|Шабнам]] (14.10.1981) ва Рӯзимоҳро таваллуд намудааст. Шабнам низ овозхон ва Рӯзимоҳ соҳибхоназан мебошад.
 
Издивоҷи дуввумаш бо коркуни ҳифзи ҳуқуқ Хуршед Рабиев буд, ки аз ҳам ҷудо шуданд ва онҳо соҳиби як духтар [[Фарзонаи Хуршед|Фарзона]] (11.07.1989) ва як писар Эмомалиҷон мебошанд. Фарзона низ сароянда мебошад. Эмомалиҷон (2001), номаш бо шарофати номи президенти кишвар [[Эмомалӣ Раҳмон]] гузошта шудааст, ки писар дар синни 16-солагӣ [[18 апрел]]и [[2017]] аз бемории [[саратон]] вафот кард<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/a-son-of-tajik-famous-artist-surayo-qosim-dead-due-to-cancer/28436360.html|title=Ҷасади писари Сурайёи Қосим дар Кӯлоб ба хок супурда шуд. ВИДЕО, АКС|website=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2017-04-18}}</ref>.
 
Соли 2010 духтари ӯ Фарзона ба дӯстписари худ кумак кард, ки аз толори додгоҳ фирор кунад. Суди минтақавии [[ноҳияи Сино]] овозхони ҷавонро барои кӯмаккумак ба фирорӣ ба 2 соли зиндон маҳкум кард<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/1965913.html|title=Фарзонаи Хуршед ду сол ҳукм гирифт|website=Радиои озодӣ|lang=tg|accessdate=2010-02-23}}</ref>, Сурайё аз ҳукми додгоҳ норозигӣ баён намуда, гуфт беинсофона қарор бароварданд. Пас аз якуним сол духтараш озод шуд<ref>{{Cite web|url=https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20110823/farzonai-khurshed-vyshla-na-svobodu|title=Фарзонаи Хуршед вышла на свободу|website=asiaplustj.info|lang=ru|accessdate=2013-08-23}}</ref>.
 
Моҳи марти соли 2016 овозхон дар беморхона бистарӣ шуд, табибон вазъи сарояндаро боиси нигаронӣ нахонданд<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/surayo-qosimova-says-no-worry-about-her-health-/27768410.html|title=Сурайё: Ҷои нигаронӣ нест, базудӣ аз бемористон ҷавоб медиҳанд|website=Радиои озодӣ|lang=tg|accessdate=2016-05-31}}</ref>. Сароянда пас аз як қатор ҳодисаҳои фоҷиабор дучори мушкилот бо асабҳо шуд, ки инҳо ба ҷигар ва меъда мушкилӣ пеш оварданд. Вақте Сурайёро ҷавоб доданд, духтарони овозхон тасмим гирифтанд, ки табобатро дар хориҷи кишвар идома диҳанд ва Қосимоваро барои табобат ба [[Ҳиндустон]] бурданд.