Сурайё Қосимова
Сурайё Қосимова (тав. 22 апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — сароянда, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1980). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994)[1].
Сурайё Қосимова | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | Раҳима |
Таърихи таваллуд | 22 апрел 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ | Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Ҷоизаҳо |
Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1980) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994). |
Зиндагинома
вироишСурайё Қосимова 22 апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модари 4-фарзанд: Рӯзимоҳ, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Эмомалии Хуршед мебошад. Шавҳараш шодравон Хуршед Рабиев буданд. Сурайё дар оилаашон ягона шахсе нест, ки ба рақсу суруд дил бохтааст, апааш раққоса, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Садбарг Қосимова низ ба фарҳанг майл доранд.[2][3] Аз соли 1970 дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода фаъолият дошта, аз соли 2004 роҳбари ансамбли «Фалак»-и назди идораи фарҳанги вилояти Хатлон мебошад[4].
Эҷодиёт
вироишСурайё Қосимова бештар сурудҳои халқӣ, бадеҳа, сурудҳои тӯёна месарояд. Ӯ бо сурудҳои «Ба ман ояд» (шеъри Рӯдакӣ, оҳанги А. Одинаев), «Бахтномаи мо» (шеъри М. Ҳайдаршо, оҳанги М. Миров), «Ватан» (шеъри Ҳ. Ғоиб, оҳанги Д. Холов), «Медонам» (шеъри М. Ҳакимова, оҳанги Ҷ. Обидпур), «Дидори ёр» (шеъри Ҳофиз, оҳанги Т. Юнусов) ва ғ. дар байни халқ машҳур гаштааст. Қ. дар як қатор намоишномаҳо низ нақш бозидааст: модар («Карим девона»-и Т. Аҳмадхонов), Марям («Мукофот»-и Н. Енисенку), Ҳумайро («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ), Гиатсинта («Найрангҳои Скапен»-и Ж. Молер), Сокина («Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев) ва ғ. Лауреати озмуни ҷумҳуриявии ҳофизон (1979). Ба як қатор кишварҳои хориҷ — Афғонистон, Эрон, Яман, Покистон, Муғулистон ва ғ. сафари ҳунарӣ кардааст.[5]
Ҳаёти шахсӣ
вироишСурайё Қосимова аз издивоҷи аввалаш Шабнам (1981) ва Рӯзимоҳро таваллуд намудааст. Издивоҷи дуввумаш бо коркуни ҳифзи ҳуқуқ Хуршед Рабиев буд, ки аз ҳам ҷудо шуданд ва онҳо соҳиби як духтар Фарзона (1989) ва як писар Эмомалӣ, ки дар синни 16-солагӣ дар соли 2017 аз бемории саратон вафот кард[6].
Моҳи сентябри соли 2020 наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки маросими тӯи Сурайё Қосимова, мебошад. Баъдан маълум шуд, ки Сурайё бо Пӯлод Шарипов, марди 45-сола, ки аз худаш 17 сол хурд аст, ба шавҳар баромад. Шавҳараш соҳибкор ва варзишгар мебошад, ки қаблан консертҳои Сурайёро таблиғ менамудааст[7].
19 июни соли 2021 ВАО менависад, ки агентии зидди фасоди Тоҷикистон Сураё Қосимоваро бо маблағ 15 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Ӯро дар он айбдор намуданд, ки овозхон дар Кӯлоб зиндагӣ намекунад аммо аз идораи фарҳанг моҳона мегирад[8].
Сурудҳо
вироиш- Майда — майда
- Оҳуи маст
- Тоҷикистон
- Тоҷикам
- Чакидан гирад
Ҳунарнамоӣ дар филмҳо
вироиш- Дар филми ҳунарии «Бедил» нақшофарӣ кардааст.
Адабиёт
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ surayo_qosimova_ru
- ↑ shabnami-surae
- ↑ Умари Шерхон. Боз ҳам Сурайё яктост(тоҷ.). Фараж (10 октябри 2020). 17 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 201—202 — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
- ↑ Ҷасади писари Сурайёи Қосим дар Кӯлоб ба хок супурда шуд. ВИДЕО, АКС(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 18 апрели 2017 санҷида шуд.
- ↑ Росту дурӯғ, атрофи Шарипов, шавҳари нави Сурайё:овозаи фарқи сол дуруст нест-аксу видео(тоҷ.). Sputnik-tj.com. 25 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Маоши баҳсангези Сурайё Қосимова:Агетии зиди коррупсия ӯро ҷарима баст.