Content deleted Content added
х →‎Таърих: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х →‎Таърих: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 7:
 
Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тило сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тилогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тило ва маргниқоби тилоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тило ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тилоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав — ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд.
Дар давраи кашфиётҳои географӣ (соли 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортесу ба Америка роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар тӯҳфаҳотуҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тило, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ — бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (а. XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сиққа сохта ба Аврупо бурданд.
 
Ҳоло дар пойтахти Колумбия шаҳри Богото дар Осорхонаи тило 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тило дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тилоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекамҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тилоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шӯъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тило сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тилоиро гирифта ба осорхона супориданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Тило"