Ёдгории меъморӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Шухрат Саъдиев moved page Ёдгориҳои меъморӣ to Ёдгории меъморӣ: ивази номгузорӣ
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 1:
[[File:Samaniden-Mausoleum 2006.jpg|thumb|Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро]]
Нахустин ёдгории қадимтарини [[Тоҷикистон]] ғорҳои Помири Шарқӣ ([[Ғори Шахта]]) аст, ки дар он суратҳои ҳайвонот ва симоҳои афсонавӣ кашида шуда, ба ҳазорсолаҳои даҳуму панҷуми пеш аз мелод тааллуқ доранд. Аз замони неолити дерин (ҳазорсолаҳои панҷуму сеюми то мелод) дар [[Данғара]] сукунатгоҳи Кӯйи Булён маълум буда, фарши иқоматгоҳҳои он аз тахтасанг сохта шудааст. Инчунин ба ҳамон давр (замони энеолит ва ибтидои замони биринҷӣ) дар наздикиҳои [[Панҷакент]] - [[Саразм]] ба вуҷуд омадани сукунатгоҳи заминдории қадим тааллуқ дорад, ки дар он аз хишти хом ва девори похса маҳалҳои аҳолинишин, шоҳкориҳои меъморӣ ва ибодатгоҳҳо бунёд карда шудаанд. Маълум аст, ки аҳолии ин маҳал бо бисёр мамолики мутамаддини Шарқ, то ба фарҳанги мардуми [[Байнаннаҳрайн]], Булуҷистон ва [[Ҳиндустон]] робитаҳои ҳарҷонибаи фарҳангию тиҷоратӣ доштаанд.
 
Дар асрҳои VI -IV то мелод давлатҳои сарзамини [[Осиёи Марказӣ]] дар тасарруфи [[Давлати Ҳахоманишиҳо]] буданд ва ин ба он мусоидат намуд, ки анъанаи меъморию бадеии тамаддунҳои хеле рушдкардаи Шарқ – [[Эрон]] ва ба василаи он Мидия, Бобулистон ва [[Миср]] ба [[Осиёи Миёна]] интиқол гардад.