Идеализм: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Абдуҷалили Амон (баҳс | ҳисса) Саҳифаи нав: '''Идеали́зм''' ({{lang-fr|idéalisme}}, тавассути {{lang-lat|idealis}} аз {{lang-grc|ἰδέα}} — ғоя) — Мақула (фалсафа)|ма... |
|||
Сатри 3:
Идеализми объективӣ яке аз навъҳои асосии И. ба шумор рафта, маҷмӯи муқаррароти мактабҳои фалсафиеро дар назар дорад, ки вуҷуд доштани воқеияти берун аз моддаро новобаста ба ирода ва хиради мудрик ифода мекунад. Идеализми объективӣ ҳастии оламро ҳамчун маҷмӯи фаъолияти маърифатии узвҳои ҳис ва идрок, яъне дониши пеш аз таҷриба маълум (априори)-ро инкор мекунад. Тибқи идеализми объективӣ, дар муқоиса бо идеализми субъективӣ, «ғоя» ё «хиради ҷаҳонӣ» нахустасоси олам мебошад. Аксари устураҳо, таълимоти динӣ (динҳои иброҳимӣ, даосизм) ва таълимоти файласуфони Юнони Бостон (Фисоғурис, Афлотун) бар пояи биниши идеализми объективӣ бунёд шудаанд, вале идеализми объективӣ такомули пурраи худро дар фалсафа дарёфтааст. Идеализми объективии ибтидоӣ таҷассуми таҷрибаҳои инсон аз ҳастӣ мебошад. Мувофиқи он, модда на ҳамчун маҳсули рӯҳ, балки чун ҷавҳари ҷовидона бидуни шаклу рӯҳ фаҳмида мешуд, ки аз он рӯҳ (нус, логос) ашёи воқеӣ меофарад. Аз ин рӯ, рӯҳ на ҳамчун офаридгори олам, балки ҳамчун шаклдиҳандаи он баррасӣ мешавад. Фалсафаи Афлотун, маҳз, ҳамин бинишро дар бар мегирад. Тибқи таълимоти ӯ, олами моддӣ маҷмӯи ашёи бавуҷудояндаву нестшаванда ва инъикоси нокомили ғояҳо мебошад. Хиради инсон ин ғояҳоро мешиносад ва ҳиссиёти ӯ ин ашёро дарк мекунад. Олами ғояҳо ҳадаф ва сабаби олами моддӣ мебошанд. Ба андешаи Арасту дар рӯҳ фақат ғояи ашё вуҷуд дорад, на худи ашё.
Бори нахуст ба пурсиши: «Оё шуури инсон ба шинохти олам қудрат дорад?» маҳз идеализми объективӣ кӯшиши посух гуфтан кардааст. Посухи назарияи идеализми объективӣ ин аст: «Бале, шуур худии худро шинохта метавонад». Мантиқи ботинии худтакомулбахши идеализми объективӣ боиси пайдоиши пурсиши нав мешавад: «Агар ҳеч модда аз нестӣ ба вуҷуд наомада бошад, пас аз кадом ҳастӣ модда ва шуур пайдо шудаанд?», «Оё модда ва шуур асли мустақили пайдоиш доранд, ё яке боиси зуҳури дигаре гардидааст?» ва «Кадоме аз ин ду нахустин асту кадоме дуввумӣ?». Дар
Идеализми объективӣ дар фалсафаи классикии Олмон мақоми муҳим дорад. Лейбнитс пайдоиши оламро ҳамчун натиҷаи нурпошии илоҳӣ тафсир карда буд. Ҳегел дар рушду такомули идеализми объективӣ фаротар гом гузошта, пайдоиши олами воқеиро натиҷаи камолёбии Рӯҳи Мутлақ мешуморад, на натиҷаи судур. Манбаи ин худтакомулёбиро ӯ дар зиддияте медид, ки ботинан хосси Ӯст, аммо, агар олам маҳсули такомулёбии ғояҳо бошад, пас худи ғояҳо аз чӣ пайдо шудаанд? Шеллинг ва Ҳегел дар ин пурсиши беинтиҳо дармонда, барои раҳоӣ аз бунбасти он роҳи нав: пайдоиши ғояҳоро аз ҳастии соф — адам пешниҳод карданд. Қаблан идеализми объективӣ (ба мисли материализм) ҳастии оламро новобаста ба шуури инсон медонист, вале аз
== Эзоҳ ==
|