Адабиёти кӯдак: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Адабиёти бачагони шӯравии тоҷик: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 3:
 
== Мафҳум ==
Одатан зери ин мафҳум асарҳои сершумори халқӣ, осори пандомези классикони адабиёти форс-тоҷик, инчунин намунаҳои адабиёти ҷаҳонӣ «Робинзон Крузо»-и Д. Дефо, «Саргузашти Гулливер»-и Ҷ. Свифт, «Саргузашти Чипполино»-и Ҷ. Родари, «Саргузашти Мюнҳаузен»-и Р. Э. Распе, Л. Кэролл «Алиса дар ҷазираи мӯъҷизаҳо», М. Твен «Саргузашти Том Сойер», романҳои Жул Верн ва ғайраро низ асарҳо барои кӯдакон номидан мумкин аст. Таърифу тавсифи адабиёти бачагон дар осори мунаққиди машҳури рус В. Г. Белинский омадааст. Ба ақидаи вай адабиёти бачагон барои тарбия навишта мешавад, тарбия бошад фаъолияту кори бузургест, вай тақдири инсонро ҳал мекунад. Тарбият одамро намеофарад, вале кумак мекунад, ки тағйир ёбад, нек ё бад шавад". Инчунин В. Г. Белинский андешаашро оид ба нависандае, ки барои кӯдакон менависад, иброз доштааст. Ин гуна нависанда бояд истеъдод, афкору андешаи баланд, парвози шоиронаи тахайюлот ва ғайра дошта бошад. Асарҳои адабиёти бачагон дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва зебоипарастӣ, дар рушди тафаккури бадеию илмӣ ва парвози хаёлоти бачагон мақоми барҷаста доранд. Фарқи адабиёти бачагон аз адабиёти калонсолон на дар мавзӯъ, балки дар тарзу сабку навишти он аст. Барои бачагон асар бояд тарзе нигошта шавад, ки ба дараҷаи дарку фаҳмиш, табъу завқу салиқа, авзои рӯҳию равонӣ ва синну соли онҳо мувофиқ бошад. Адабиёти бачагон саршор аз ҷӯшу хурӯши зиндагӣ, шавқу шодӣ, ҳаракату амалиёт буда, бо забони равону сода, оҳанги муассири шоирона ва пур аз самимияту дилгармӣ навишта мешавад, то ки бачагон ҳангоми мутолиа ба шавқ омада, дилашон ба зиндагӣ гармтар гардад. Нависандаи атфол бояд зода, халқ шавад, на сохта. Адабиёти бачагон дар тарбияи инсонсозии насли наврас нақши комил дорад адабиёти бачагон ҳам мисли тамоми адабиёти калонсолон муҳимтарин масъалаҳои давр — ҷангу сулҳ, мубориза барои тантанаи адлу инсофу ростӣ, озодию истиқлолиятиистиқлоли миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар рӯи замин, ҷоннисорӣ дар роҳи саодати халқу ватани азиз, далерию мардонагӣ, муҳаббат ба арзишҳову муқаддасоти миллию аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои бузурги гузаштагон, ба одобу ахлоқи ҳамида, одамият, таълиму тарбия, ҳусни инсон ва ғайраро дар рӯҳи башардӯстии олӣ таҳлилу баррасӣ ва тадқиқ менамояд.
 
== Адабиёти бачагонии форс-тоҷик ==
Сатри 13:
 
== Адабиёти бачагони шӯравии тоҷик ==
Устод Айнӣ чун асосгузори адабиёти бачагони шӯравии тоҷик дар навиштану тартиб додани китобҳои дарсӣ ва офаридани асарҳои бадеӣ барои бачагон хизмати арзандае кардааст. Ӯ дастовардҳои ғании адабиёти хаттию шифоҳии халқи тоҷик ва таҷрибаи ғании адабиёти русу халқҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳониро ба ҳам омезиш дода, «Хонадони хушбахт», «Таҳзиб-ус-сибён» (1910), «Қизбола ё ки Холида» (1924), «Аҳмади девбанд» (1928), «Мактаби кӯҳна» (1934), «Ятим» (1939) барин асарҳо навишта, бачагонро дар рӯҳи нотарсию далерӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба халқу ватан, илму ҳунаромӯзӣ, накӯкорӣ ва ғайра тарбия кардааст. Устод Лоҳутӣ низ дар ташаккулу инкишофи назми бачагон хидмати арзандае дорад ва аксар шеърҳояш сурудҳои атфоли тоҷикӣ шудаанд. Пайрав, А. Ҳамдӣ, М. Раҳимӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, Б. Азизӣ, М. Аминзода, Н. Шерзода, Ҳ. Карим, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Р. Ҷалил, Б. Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, П. Толис, А. Шукӯҳӣ, М. Фарҳат, Ф. Ансорӣ, Б. Ҳоҷӣ, У. Раҷаб, А. Сидқӣ, А. Баҳорӣ, А. Шарифӣ, Б. Ортиқов, Озод Аминзода, М. Ҳакимова, Нӯъмон Розиқ ва дигарон ба воситаи осори худ ва тарҷумаи беҳтарин асарҳои кӯдакони русу халқҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳонӣ дар рушду камол ва инкишофи адабиёти бачагони тоҷик саҳми бориз гузоштаанд. Шеъру суруд, тарона ва достонҳои сершумори М. Миршакар («Мо аз Помир омадем», «Неъмат», «Федка», «Бачагони Ҳиндустон» ва ғайра) аз дӯстдоштатарин асарҳои бачагони мо буда, дар ташаккулу инкишофи адабиёти бачагони тоҷик таъсири зиёд расондаанд. Охири солҳои 50 ва аввали солҳои 60 садаи XX чун дар тамоми адабиёти калонсолони шӯравии собиқ ва адабиёти тоҷикӣ гардиш ё давраи тоза дар адабиёти кӯдак маҳсуб мешавад. Ин солҳо давраи мубориза дар роҳи даст кашидан аз умумигӯии безоркунанда, осори берӯҳу забонзаду такрори маҳз ва рӯ овардан ба мушаххасгӯиву муассирнависӣ, ба сӯи хаёлангезӣ, латофату назокат ва равонию поккорӣ дар забону тарзи баён аст. Бори нахуст дар таърих шеъри кӯдакони тоҷик ба шеъри шифоҳии кӯдакон дар ҳамоғӯшии танготанг қарор дошт ва шеъри шоирони тоҷик ба шеъри шифоҳии кӯдакон сахт даромехту омезиш ёфт. Беҳтарин шеърҳои барои атфол навиштаи М. Миршакар, Ғ. Мирзо, А. Шукӯҳӣ, У. Раҷаб, Гулчеҳра, Н. Бақозода, Н. Розиқ, Ҷ. Ҳошимӣ ва дигарон ҳамон шеърҳоеанд, ки дар тарзи сухани шифоҳии кӯдакони тоҷик, дар оҳангу зарб, вазн қофия, забони нобу поку содаву равони он офарида шудаанд. Солҳои озодӣ ва истиқлолиятистиқлол Гулназар, Н. Қосим, С. Маъмур, Р. Назрӣ, К. Насрулло низ дар ҳамин сабку услуб, вале бо роҳи хоси хеш шеър иншо карданд. Ин шоирон на танҳо андарзу ҳикмат, афсонаю ҳикоёти халқиро ба назм даровардаю такмил дода, ба рӯҳи замон ва талаботи хонандаи имрӯз мувофиқ мекарданд, балки асарҳои худро низ бо ҳамон сабки нигориши хос, зарбу оҳанги шӯхи таъсирбахш ва ҳаяҷонангезии асарҳои халқӣ навиштаанд. Маҳз ба воситаи навиштаҳои онҳо жанрҳои гуногуни асарҳои бачагона — шеъру тарона, достону афсона, суруду марш, чистону кистону тезгӯяк, достон, повесту ҳикояҳои реалистӣ ва ғайра хеле равнақ ёфт. Китоби шеъру достонҳои Ғ. Мирзо («Санговдавак», «Баррача рӯяд аз замин», «Чилдухтарон», «Гунҷишкак», «Достак», «Шайтони бекалӯшу маҳсӣ», «Афсонаи сесона, се мурғи дари хона», «Гулҳои даста баста», «Аз гаҳвора то майдон», «Як қатра офтоб», «Як даста гул»…), А. Шукӯҳӣ («Баррачаи гурезпо», «Ил-18 омад», «Об аз куҷо меояд», «Асад ва Самад»), Б. Ҳоҷӣ («Бузи айнакдор», «Шукуфаҳои чаман», «Гурбаи посбон», «Садарайҳон» ва ғайра), У. Раҷаб («Орзуҳои ширин», «Қиссаи модаркалон», «Ҳамсӯҳбати ширинзабон», «Нинӣ чӣ ном дорад?», «Саду як барг», «Рӯи замин», «Хӯшаи гандум», «Ману ҷӯраҳои ман», «Як дона марворид», «Себаки ғелон», «Яккабурс», «Тиру камон дар рӯйи бом», «Куҷо шуд пинҳон тафси тобис­тон», «Як лаъли марҷон»), Гулчеҳра «Имрӯз ид», «Ду бех олу», «Наргис», «Аспак», «Чил кокули бозигар», «Шаддаи марҷон», «Илҳом», «Рангинкамон», «Себи хубон», «Ниҳол», «Айёми гули лола», «Таронаҳои офтобӣ», «Сичароғ», «Куртаи чакан», «Лолаҳои дасти ман»), Н. Розиқ, («Телефони гунҷишк», «Гулмоҳӣ», «Бузғолача», «Лона», «Чароғҳои гуногун», «Гулистон»), Н. Бақозода («Гулдара», «Ҳандалак», «Сурнайчӣ», «Оши ҳалол», «Чӣ хуш аст?», «Иди алифбо омад», «Дунё ба умеди ман», «Сайри боғи даҳ адад», «Алифбои дилкушо»), Гулназар («Аз барои Гулъизор», «Се кулчаи тандурӣ», «Девори сабз», «Гунҷишки наққош»), О. Аминзода («Чаро гӯши вай дароз», «Ман ҳам шудам мактабхон», «Қиссаи хартуми фил», «Афсонаҳои оча», «Ман хонда метавонам»), А. Бобоҷон («Бачаҳои хуб», «Мусича», «Парвози орзу», «Некӣ ба некӣ», «Осмондара», «Зардолуи маҳтобӣ», «Атри кӯҳистон», «Пайғоми парасту» ва ғайра), М. Ҳакимова («Мошин дар мошин», «Дастони моҳир», «Баҳори шукуфон», «Шаршара», «Маро нағз мебинед?»), Ҷ. Ҳошимӣ («Соябони садранга», «Офтобак», «Хати амонӣ», «Парасту», «Ман алифбо мехонам» (бо ҳамқаламии А. Баҳорӣ), «Нинӣ ба по шуд», «Аз як-як то лак-лак», «Кулча чаро ширин аст?» «Ре мегӯям ман бурро!» «Бачаҳову кӯчаҳо», «Чаро шамолак вазид? (Чигилакҳо»), С. Маъмур («Навоҳои гулдара», «Ашӯраҷон ҷони мо»), М. Ғойиб («Тути дара», «Пойгоҳ»), Ю. Аҳмадзода («Тӯҳфаҳо», «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?», «Хурсандӣ», «Ҳулбӯ», «Садсола шаве, дурроҷ», «Чидамағз барои кӯдакони нағз», «Панҷоҳ барг», «Парвин», «Мӯрчае дона ёфт»), Латофати Кенҷа («Лолаарӯсак», «Таронаҳо», «Марҷони ранга», «Сандуқчаи марворид», «Афсонаи Тиллонур», «Мусича ва Дурдона», «Гурбаи Сомон ва чӯҷаи Ораш», «Қофиябозӣ», «Нома ба бародар», «Наҷотбахши дунё кист?» ва ғайра), А. Раҳмон («Чорбоғ», «Гулбоғи саодат»), Ҳ. Усмон («Бозори Ҳисор»), Ш. Маҳмадёр («Обшори Зидеҳ»), М. Собир («Субҳи Варзоб»), Э. Нарзуллоҳ («Асо чӣ сеҳр дорад?»), А. Абунаср, Қ. Муҳаммадӣ, С. Садриддин, А. Азиз, Маҳбуба, Фаридун ва дигарон асосан барои бачагони синну соли томактабӣ ва хурди мактабӣ навишта шуданд. Иншои ин навъ шеърҳо мушкил буда, аз шоир заҳмати зиёд ва истеъдоди баланд металабад ва маҳз ҳамин шоирон ин қисмати шеърро равнақу инкишоф доданд. Дар инкишофи адабиёти бачагони садаи бистуми тоҷик саҳми М. Миршакар, Ғ. Мирзо, У. Раҷаб, Гулчеҳра, Н. Бақозода, Ҷ. Ҳошимӣ, Гулназар хеле чашмрас аст.
 
Дар адабиёти бачагон баробариинкишофишеъру достон ва ҳикояю афсона ба воситаи асарҳои М. Миршакар («Айёми шубоби Бирбал ва Акбар», «Дурдонаҳои Амрита»), А. Баҳорӣ («Ҷасорати доктор Мансур», «Мулоқот», «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Бозгашт», «Сумбула» ва ғайра), А. Истад («Мавҷи хаёлот», «Суруди офтоб», «Замир», «Дарахти пахта», «Баъд аз ҳазор сол» ва ғайра) қиссаю ҳикояҳои тахайюлӣ равнақ ёфтанд. Ба воситаи асарҳои А. Шукӯҳӣ («Об аз куҷо меояд?», «Асад ва Самад»), Б. Ортиқов («Таътил», «Полвон», «Бачаҳои Лолазор», «Қиссаи мӯмиё», «Дурдонаҳои Зарафшон» ва ғайра), А. Самад («Баъди сари падар», «Аспи бобом»), К. Мирзо («Дар ҷустуҷӯи падар»), Н. Раҷаб («Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира Зара», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Ишқи духтари яҳудӣ»), Д. Раҷабӣ («Нони ҷуворӣ», «Шабе, ки борон меборид», «Модари нав»), Ҳ. Имодӣ («Ҷасорат»), Ғ. Ҷӯразода («Рахсеб»), С. Зарафшонфар («Ду овора», «Шоҳасп»), М. Субҳон («Қиссаи лаклаки сафед») ва дигарон повести реалистӣ такмил ёфта, ба жанри дӯстдоштаи бачагон мубаддал шуд.