Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эзоҳ: ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 42:
Охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри бист дар кинои тоҷик табаддулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филми мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷӯйи сабку усул ва мавзӯъҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешавад, дар ҳоле, ки кулли кинои ондавраи шӯравиро рӯҳияи ташвиқот пахш карда буд. Ин рӯҳияи нави воқеъбинию воқеънигориро насли нави коргардонон - [[Майрам Юсуфова]], Пӯлод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, [[Гулбаҳор Мирзоева]], Толиб Ҳомидов, [[Сайф Раҳимзоди Афардӣ]], [[Бахтиёр Худойназаров]], Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ ва амсоли инҳо дар филмҳояшон татбиқ карданд. Аз филмҳои баландпояи он давр метавон филмҳои “Айёми алафҳои зард” (соли 1991), “Мусофир” (соли 1989), “Братан” (ё “Бародар”, соли 1991), “Ситораҳои сари танур” (соли 1991), филмҳои кӯтоҳметараи ҳунарии “Панҷара” (соли 1989), “Чоҳ” (соли 1991), “Хоби бедорӣ” (соли 1990)-ро ном гирифт, ки дар онҳо назари амиқ ба зиндагӣ ва олами ботинии қаҳрамонҳо дида мешавад. Яке аз хусусиятҳои умдаи ин филмҳо дар истифода ва кашфи забони ҷадиди кинематографӣ ва эстетикаи нав таҷассум ёфтааст.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38</ref>
== Солҳои Истиқлолият==
Баъди пош хӯрдани Иттиходи Шӯравӣ ва истиқлолиятиистиқлоли комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Бар замми ин, дар кишвари тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид. Қисми зиёди кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сармоя ва сарпараст биҷӯянд.<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/26424049.html|title= Анвар Тӯраев тарки Тоҷикистон кард|author=|website=www.ozodi.org |date=|publisher=|lang=tg|accessdate=2020-01-08}}</ref>
Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлолиятистиқлол дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллӣ ба ду тариқа арзи вуҷуд кард – яке дар дохил ва дигар дар хориҷи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар “Қош ба қош” (соли 1993) ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), “Парвози занбӯр” (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва “Фариштаи китфи рост”-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби бӯҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави кинематография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шӯҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчӯбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли таҳияаш 1998), “Муҷассамаи ишқ” (У.Мирзоширинов, соли 2003), “Овора” (Г. Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), “Тақвими интизорӣ” (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кӯтоҳметраи “Хушбахтӣ” (соли 2006), “Синамои муҳаррик” (соли 2007) - ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи кинематографияи продюсерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар харитаи кинематографияи миллӣ студияҳои мухталиф аз қабили “Синамо”, “Киносервис”, студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омаданд.
 
== Кинофестивали байналмилалӣ ==
Сатри 55:
Филми «Коса» доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур соли гузашта дар кинофестивалҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Британияи Кабир низ иштирок карда, санъати кинои тоҷикро муаррифӣ карда буд.
== Рӯзи кинои тоҷик ==
Дар даврони истиқлолиятиистиқлоли ҷумҳурӣ ҳамасола дар Тоҷикистон [[16 октябр]] ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.<ref>[http://khovar.tj/2017/10/16-oktyabr-r-zi-kinoi-to-ik-sanate-ki-tavassuti-on-nerui-a-lonivu-ze-nii-omearo-metavon-baland-bardosht/ 16 октябр-Рӯзи кинои тоҷик. Санъате, ки тавассути он неруи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт]</ref>
 
== Ҳамчунин нигаред ==