Муҳиддин Хоҷазод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
Сатри 3:
 
==Зиндагинома==
Муҳиддин Хоҷазод 23 ноябри соли [[1938]] дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи [[Русия]] таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба Қафқози Шимолӣ бадарға карда буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шаш моҳи асорати фашистиро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашта, баъдтар ба Самарқанд кӯч бастаанд.
 
Солҳои 1942-1948 аз [[Самарқанд]] ба [[Душанбе]] кӯчидаанд. Соли 1956 мактаби русии №1 шаҳри Душанберо хатм карда, ҳамон сол вориди факултаи филологияи рус, сипас филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, соли 1961 хатмаш кардааст. Соли 1961 мудири шуъбаи санъат ва драматургияи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин шуда, соли 1962 дар Курси олии сенаристони Маскав ба такмили касби филмноманависӣ пардохтааст.
 
Баъди хатми он (соли 1965) дар Киностудияи «Тоҷикфилм» адои вазифа намудааст. Соли 1968 аввал котиби масъул, баъдтар ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин шудааст. Баъдан вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи кинематографияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.