Муҳиддин Хоҷазод
Муҳиддин Хоҷазод (23 ноябр 1938, Q4320730?, Stavropol Krai[d] — 26 март 2024, Хуҷанд) — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1965), узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон (1970), дорандаи унвони «Арбоби ҳунари Тоҷикистон».
Муҳиддин Хоҷаев | |
Таърихи таваллуд: | 23 ноябр 1938 |
Зодгоҳ: | вилояти Ставропол ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 26 март 2024 (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, тарҷумон |
Самт: | реализм |
Жанр: | қисса,ҳикоя, драма |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишМуҳиддин Хоҷаев 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири вилояти Ставрополи Федератсияи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба Қафқози Шимолӣ бадарға карда буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шаш моҳи асорати фашистиро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашта, баъдтар ба Самарқанд кӯч бастаанд. Солҳои 1942-1948 аз Самарқанд ба Душанбе кӯчидаанд. Соли 1956 мактаби русии №1 шаҳри Душанберо хатм карда, ҳамон сол вориди факултаи филологияи рус, сипас филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, соли 1961 хатмаш кардааст. Соли 1961 мудири шуъбаи санъат ва драматургияи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин шуда, соли 1962 дар Курси олии сенаристони Маскав ба такмили касби филмноманависӣ пардохтааст. Баъди хатми он (соли 1965) дар Киностудияи «Тоҷикфилм» адои вазифа намудааст. Соли 1968 аввал котиби масъул, баъдтар ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин шудааст. Баъдан вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи кинематографияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Баъди муттаҳид шудани Кумитаи кинематографияву Вазорати фарҳанг аввал сардори Раёсати санъат, баъдан сармуҳаррири он будааст. Соли 1997 бо аҳли хонадонаш ба Хуҷанд бозгашта, аввал дар шуъбаи фарҳанги Ҳукумати вилояти Суғд чун ҷонишини сардор, баъдтар дар Китобхонаи давлатии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ чун сармуҳаррир кор кардааст.[1]
Эҷодиёт
вироишДар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст. Гулчини ҳикояву қиссаву романҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об — рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода — свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) дастраси хонандагон гардида, филмномаҳои «Оташи зери хокистар» («Тоҷикфилм», 1965), «Асрори ниёгон» («Тоҷикфилм», 1970), «Сайди охирин» (1972) ва «Ошёни уқобон» (1974) пешкаши ҳамагон гардидаанд. Солҳои охир ба эҷоди драма ҳам шуғл варзидааст. Драмаи аввалинаш «Об — рӯшноӣ» соли 1985 дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский саҳнагузорӣ шудааст. Баъдан драмаҳои «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки Айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995), «Садди Сайҳун» (1997)-ро ба қалам овардааст, ки чанде аз онҳо сазовори ҷоизаҳо гаштаанд. «Романи сегона» (2008), романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011) ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014) аз чоп баромадаанд. Баъзе аз асарҳояш ба русӣ, украинӣ, литвонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Силсилаи мақолаҳои публитсистии ӯ дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои марказиву вилоятӣ ба табъ расидаанд[2].
Мукофот ва ҷоизаҳо
вироиш- Нависандаи халқии Тоҷикистон (соли 2010).
- ордени «Шараф»,
- «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»;
- Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ.
- Ифтихорномаҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
Даргузашт
вироишМуҳиддин Хоҷазод 26 марти соли 2024 дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Муҳиддин Хоҷазод(тоҷ.). www.navisandagan.tj. 29 октябри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Муҳиддин Хоҷазод дар остонаи 80-умин баҳори умр(тоҷ.). www.kmt.tj. 29 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 октябри 2019.
- ↑ Нависандаи шинохтаи тоҷик Муҳиддин Хоҷазод даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (26 марти 2024). 9 Декабри 2024 санҷида шуд.