Магний: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 2:
'''Магний''' (Mg)
МАГНИЙ (Magnesium), Mg, элементи химиявии гурӯҳи II системаи даврии Менделеев, рақами ат. 12, массаи ат. 24,305. М.-и табиӣ аз 3 изотопи собит – 24 Mg (78,60%), 25 Mg (10,11%) ва 26 Mg (11,29%) иборат аст. 3 изотопи радиоактивии сунъиаш – 23 Mg, 27 Mg, 28 Mg низ ҳосил карда шудааст. М.-ро дар шакли хока с. 1808 Г. Дэви ҳангоми электролизи магнезияи тар дар катоди симобӣ ва тақтири
М. яке аз элементҳои ҳаётан зарури организм аст. Консентратсияи вай дар таркиби баъзе обсабзҳо то 3%, фораминиферҳо то 3,5%, исфанҷҳои оҳакӣ то 4% мешавад. Дар хлорофили набототи рӯи Замин тахминан 100 млрд т М. мавҷуд аст.
М.-ро организми ҳайвону одам ба воситаи хӯрок мегирад. Эҳтиёҷи шаборӯзии одам ба М. 0,3 – 0,5 г аст. Миқдори нормалии М. дар хун 4,3 мг% буда, ҳангоми зиёд шудани он серхобӣ, беҳиссӣ ва баъзан фалаҷи мушакҳои скелет мушоҳида мешавад. Ҳангоми норасогии М. мӯътадилии ангезиши системаи асаб, кашишхӯрии мушакҳо вайрон мегардад. М.-ро дар техника асосан бо роҳи электролизи хлориди М. ё карналлити беоб, инчунин бо усули металлотермӣ ё карботермӣ ҳосил мекунанд. М. дар пиротехника, металлургияи истеҳсоли хӯлаҳо, ҳосил кардани ванадий, титан, уран, сирконий, чӯяни сахт, инчунин техникаи атом, тиб, кишоварзӣ ва ғ. васеъ истифода мешавад. Қисми зиёди М. дар таркиби бофтаи устухон ҷо гирифтааст. Дар плазмаи хун, дар эритроситҳо ва бофтаҳои нарм М. асосан дар ҳолати ионӣ вуҷуд доранд. Як миқдори он бо сафедаҳо, махсусан сафедаҳои ферментӣ пайваст шудааст. М. барои фаъолияти баъзе ферментҳо комилан зарур аст. Дар сурати ба ҳайвонот хӯрондани хӯроке, ки намаки М. надорад, фаъолияти дил ихтилол ёфта, ташаннуҷ пайдо мешавад. Агар ба хун миқдори зиёди намаки М. гузаронида шавад, ҳолати беҳушӣ рӯй медиҳад. Таъсири боздорандаи ионҳои М.-ро ба асабия бо роҳи ба хун гузаронидани намаки калсий бартараф мекунанд. Аҳамияти биологии М. боз дар он аст, ки ангезиши асабияро мӯътадил мегардонад. М. рагҳоро васеъ, ихроҷи талхаро зиёд мекунад, бинобар ин бисёр пайвастҳои М. (мас. сулфати магний, аскорбинати магний, тиосулфати магний ва
Эҳтиёҷоти организми одам ба М. асосан аз ҳисоби магнийе, ки дар таркиби хӯрокворӣ ҳаст, қонеъ карда мешавад; эҳтиёҷоти организми ҷавон ба М. зиёд аст. Одами калонсол бояд ҳар рӯз 500 мг М., зани ҳомила 925 мг, модари синамакон 1250 мг, кӯдакон аз 140 мг (3-сола) то 530 мг (14 – 17-сола) истеъмол кунанд. Миқдори М. дар зардоби хуни одам аз рӯи меъёр 1,6 – 2,9 мг% аст.
Карбонати магний (Magnesii subcarbonas) – ро ба калонсолон 1 – 3 г, ба кӯдакони то 1-сола 0,5 г, ба кӯдакони 2 – 5-сола 1 – 1,5 г, ба кӯдакони 6 – 12-сола 1 – 2 г рӯзе 2 – 3 маротиба мефармоянд. Онро ғайр аз истеъмол кардан метавон ҳамчун хока ба пӯст молид (зарура). Дар шакли хока ва қурс истеҳсол карда мешавад. Он дар таркиби қурсҳои «Викалин» ва «Викаир» низ мавҷуд аст.
|