Малика Собирова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Образҳои саҳнавӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 5:
 
==Образҳои саҳнавӣ==
Образҳои эҷодкардаи Собирова мукаммал ва серпаҳлӯ буданд. Одеттаи фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарво. Собирова дар балетҳои миллӣ як қатор образҳои дурахшон офарида, барои кушодани характери қаҳрамонон аз техникаи рақси классикӣ ва обуранги рақси милли тоҷикӣ истифода мебурд. Собирова унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам мепайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ба Собирова. муяссар шуд, ки дар балетҳои романтикӣ (“Жизель”, “Шурале”, “Ромео ва Ҷульетта”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Темурмалик” ва ғ.ғайра) партияҳои асосиро бо маҳорати комил бозад. Партияҳои драмматикӣ ва лирикиро низ бомувафақият иҷро мекард.
 
Образҳои хореографие, ки Собирова эҷод кардааст, хеле мукаммал ва аз ҷиҳати психологӣ амиқ буданд. Дар образҳои қаҳрамонию романтикии Жизель (“Жизель”), Заррина (Қиссаи кӯҳсор”), Саодат (“Писари Ватан”) ва ғ. Собирова тантанаи корнамоӣ ва фидокориро таҷассум кардааст. Фаъолияти консертии Собирова махсусан аз с. 1964 ривоҷ ёфт.