Гурӯҳи хунӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Омӯзиши гурӯҳи хунӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 8:
 
== Омӯзиши гурӯҳи хунӣ ==
Омӯзиши гурӯҳи хунӣ гуногунии изоантигени А-ро ошкор намуд. Аз ин рӯ, зергурӯҳи А1 (дар 88% одамон) ва зергурӯҳи А2 (дар 12% одамон)-ро фарқ мекардагӣ шуданд. Дар шароити имрӯза имконияти фарқ кардани навъҳои бо душворӣ зоҳаршавандаи эритроситҳои А3, А4, А5, Аz ва ғ. ба вуҷуд омад. Бо вуҷуди он ки изоантигени В баръакси изоантигени А хеле якранг аст, навъҳои кам дучорояндаи ин антиген низ маълум карда шудаанд (В3, Вw, Вх ва ғ.ғайра).
 
Ғайр аз изоантигенҳои А ва В дар эритроситҳои баъзе одамон антигенҳои махсуси Н ва О мавҷуданд. Чунончи ин антигенҳо дар эритроситҳои одамони гурӯҳи хунашон Оαβ (I) ҳамеша вуҷуд доранд. Антигени Н чун изоантигенҳои А ва В дар моеъҳои биологии шахсоне, ки бо тарашшӯҳот қобилияти ҷудо кардани изоантигенҳоро доранд, дучор меояд; антигени О бошад, бо тарашшӯҳот ҷудо намешавад ва масъалаи мавҷудияти ҷудогонаи он низ пурра ҳал нагардидааст.