Узвҳои пешоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 41:
Барои ташхиси бемориҳои узвҳои пешоб аз усулҳои таҳқиқ бо асбобу таҷҳизот васеъ истифода мебаранд. Ба ёрии асбобҳои оптикӣ бемории гурда, пешоброҳа, пешобдон (систоскопия) ва наи пешоброн (уретроскопия)-ро ташхис мекунанд. Вобаста ба мақсади таҳқиқ систоскопҳои гуногун (муоинавӣ, катетерӣ, ҷарроҳӣ)-ро кор мефармоянд. Ҳангоми систоскопия (усули муоинаи даруни пешобдон бо ёрии систоскоп) майда кардани санги ҷавфи пешобдон, барои тадқиқ зери микроскоп (биопсия) гирифтани порчаи девораи пешоброн ва диг. тадбирҳои табобатӣ ва ташхисӣ имкон дорад. Усули хромосистоскопия (муоинаи тарашшӯҳи моддаи рангини ба хун гузаронида аз даҳанаи пешоброҳа ба пешобдон)-ро истифода бурда, кори гурда ва қобилияти интиқолии пешоброҳаро муайян кардан мумкин аст. Катетерони (усули тадқиқ тавассути найчаи резинӣ ё филизи)-и пешоброҳа ва гурдаро барои ташхиси омос, санги пешоброҳа, ҳавзаки гурда, инчунин бо мақсади муолиҷа барои барқарор кардани ҷараёни пешоб аз гурда ҳангоми халаи гурда ва дар сурати тангшавии пешоброҳа васеъ кардани он истифода мебаранд.
 
Дар ташхиси бемориҳои узвҳои пешоб таҳқиқи рентгенологӣ, махсусан истифодаи моддаҳои контрастӣ мавқеи муҳим дорад. Дар мавриди зуд-зуд рӯй додан ва вазнин гузаштани бемориҳои узвҳои пешоб (мавҷудияти санг, омос, сили гурда, омоси пешобдон ва ғадуди простата, танг шудани наи пешоброн ва ғ.ғайра) чунин тадқиқ имкон медиҳад, ки як қатор аломатҳои асосии беморӣ муайян карда шаванд. Барои гирифтани акси роҳи пешоб моддаҳоеро, ки дар таркибашон йод доранд, истифода бурда, онҳоро ба даруни вена ё бевосита ба роҳи пешоб мегузаронанд. Агар табиати бемориро бо усулҳои муқаррарии рентгенологӣ муайян карда натавонанд, усули ангиографияи гурдаро ба кор мебаранд, яъне моддаи контрастиро бевосита ба рагҳо (вена, артерияи гурда) мегузаронанд. Чунин тадқиқ имкон медиҳад, ки ҳолати рагҳои гурда, кори он муайян карда шавад. Солҳои охир аз усулҳои таҳқиқи радиоизотопии роҳҳои шоша истифода мебаранд, ки ин беморро дар азоб намемонад.
 
== Бемориҳои узвҳои пешоб ==