Гесӯ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Гесӯ''' ({{lang-fa|گیسو}}), '''печа''', '''милла''', '''кокул''' — мӯи дарози бофтаи занон. Муаллифи «Фарҳан...
(бе тафовут)

Нусха 05:50, 14 Январ 2021

Гесӯ (форсӣ: گیسو‎), печа, милла, кокул — мӯи дарози бофтаи занон.

Муаллифи «Фарҳанги Онандроҷ» гӯяд: «Гесӯ мӯи дарозе, ки аз ҷониби сар кашида бошад ва ин ғайр аз зулф аст». Айни ҳамин мазмун дар «Ғиёсу-л-луғот» низ омадааст. Одати доштани гесӯи дароз дар байни занони тоҷик аз қадим маъмул буд. Дар тӯли таърих дар байни тоҷикон шаклу намудҳои гуногуни гесӯбофӣ вуҷуд дошт. Интихоби тарзҳои гесӯбофӣ ба хусусият, ранг ва зичии мӯй, инчунин ба синну соли духтарону занон вобаста буд. Занҳои тоҷик гесӯро ба шакли кокулча, ростак, дукокул, себар, якқабата, дуқабата, чилкокул, хомбофт, пухтабофт, панҷак ва ғ. мебофтанд. Онҳо барои бофтани гесӯ пеш аз ҳама аз мобайни пешонӣ то пушти сар фарқ мекушоданд. Ин амалро бо сихи ҷайра ё фарқросткунак (сими филиззии махсус) иҷро мекарданд. Агар мӯи сар тунук бошад, он гоҳ дар паси гӯшҳо танҳо ду гесӯ мебофтанд. Ин гесӯҳо, маъмулан, сеқатора бофта мешуданд. Мӯи духтаронро аксаран модаронашон гоҳе як ва гоҳе ду гесӯ мебофтанд. Занҳои ҷавон баъзан гесӯҳои панҷ ё ҳафтқаторӣ мебофтанд, ки онро аз рӯи қаторҳо панҷӣ (панҷак) ва ҳафтӣ мегуфтанд. Агар мӯи сар зич бошад, боз аз паҳлуҳо дар болои гӯшҳо як гесӯ (милла)-и дигар мебофтанд, ки он торак, торкокулак, кокул, сегак ё пуча ном дошт. Духтарон баъзан мӯйи худро майдабофӣ мекунанд, ки он дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чиллик, панҷак, чилчура, чилкокул, панҷара ном дорад. Дар сартосари Тоҷикистон занҳо ба мӯяшон гесӯҳо (миллаҳо)-и сунъӣ — пӯпак, печак, парчам ё ҷамолак мебофанд. Чунин гесӯҳо (кокулҳо)-и сунъӣ дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ бо номҳои пучабанд, чура, шода, кужик ва дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон бештар бо номи ҷамолак машҳуранд. Дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ва водии Ҳисор ҷамолакро асосан аз риштаи пахтагин дуқатора тайёр карда, ҳар кадоми онро бо муҳра, гарди хазинаю абрешими ранга оро медиҳанд. Дар Дарвоз маъмултарин гесӯ (мила)-и нӯгаш пӯпакдор кокули валашак мебошад. Дарозии чунин гесӯ бо пӯпакаш 65-80 см аст. Дар деҳаҳои Курговад ва Пшихарви Дарвоз гесӯҳо (миллаҳо)-и сунъӣ ғафс ва бо пӯпакҳои нисбат ба ҷойҳои дигар 10 см дарозтар бофта мешаванд. Дар Дарвозу дигар навоҳии Бадахшон духтарон ду гесӯи ғафс гузошта, онро якҷо бо матои сурх мебофанд, ки маъмулан парчам ва ё печак ном дошт. Наварӯсон мӯи худро баъди шавҳар кардан дуқабата ё сеқабата ва пас аз соҳиби писар шудану хатнасур кардан ду гесӯи чаппа ва баъди хонадор кардани фарзанд ду гесӯи роста мебофтанд. Занҳои калонсол ва пирзанҳо, маъмулан, мӯяшонро ду гесӯ бофта, дар пушт бо бандак мебанданд. Дар замонҳои пеш ҳамаи духтарону занону пирзанҳо гесӯ доштанд. Баъдтар, дар замони Шӯравӣ, аксари духтарону ҷавонзанҳо (махсусан дар шаҳрҳо) аз баҳри гесӯ гузашта, мӯяшонро ба тарзи аврупоӣ оро медодагӣ шуданд. Асосан занҳои калонсолу пирзанҳо (бештар дар деҳот) гесӯ доштанд. Гесӯҳои сунъӣ (қалбиқ)-ро ҳам назар ба гузашта хеле кӯтоҳ мебофтанд. Гесӯҳои дароз қариб аз байн рафтанд. Занҳо сабаби инро чунин шарҳ медоданд, ки гесӯи дароз ҳангоми кор дар саҳро ва дигар ҷойҳо гӯё халал мерасонидааст. Ин ҳолат то ҷое боиси нигаронии равшанфикрону зиёиён ҳам шуд. Аз ҷумла шоир Боқӣ Раҳимзода дар як шеъраш аз занҳо илтиҷо кардааст, ки ин суннати аҷдодиро фаромӯш накунанд ва мӯи худро набуранд:

Илтиҷо дорам, ки мӯятро набур,
Кокулони мушкбӯятро набур.

Вале дар баъзе ҳолатҳо боиси истиқбол ҳам буд:

Биё, эй духтари гесӯбурида, интизорат ман,
Биё, эй чашми нилупарварида, интизорат ман.

Бо вуҷуди ин духтарону занони тоҷик гесӯи дароз доштанро ҳамеша орзу мекарданд ва дар бисёр минтақаҳои кӯҳистон занону духтарон гесӯҳои дароз мебофтанд. Мардуми ориёитабор гесӯро рамзи паҳлавонӣ, яъне неруи зиндагӣ ва мардонагӣ мешумориданд. Аз ин рӯ, баъзан мардон ҳам гесӯ мегузоштанд. Гесӯи мардон нишонаи баландмартабагӣ дониста мешуд:

Мустафоро дид, меомад чу моҳ,
Дар бар афканда ду гесӯи сиёҳ.

Аттор

гесӯ дар ашъори шоирони форс-тоҷик низ бисёр васф шудааст:

Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесӯи ту буд,
То дили шаб сухан аз силсилаи мӯи ту буд.

Ҳофиз

Чу бар маҳ кашам гесӯи анбарин,
Ба гесӯ кашам моҳро бар замин.

Низомӣ

Солҳои охир барои эҳёи суннатҳои миллии мӯйбофӣ, аз ҷумла гесӯдорӣ, дар ҷумҳурӣ чораҷӯиҳои таблиғотӣ анҷом дода мешаванд. Яке аз чунин тадбирҳо ташкили фестивали «Чакомаи гесӯ» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки суннатҳои қадимии ороиши мӯи занони тоҷикро ташвиқу тарғиб менамояд

Эзоҳ

Адабиёт

  • Андреев. М. С. Таджики долины Хуф. Сталинабад, 1958;
  • Таджики Каратегина и Дарваза. Т. 2. Вып. 2. Д., 1970;
  • Материальная культура таджиков верховьев Зеравшана. Д., 1973;
  • Русунова Т. Суннати мӯйбофии мардуми тоҷик // Номаи пажуҳишгоҳ. Д., 2006, № 13-14.


Эзоҳ

Сарчашма