Вилояти Хатлон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 94:
Абулфидоъ дар «Тақвим ул-булдон» Хутталро номи иқлиме аз иқлимҳои [[Хуросон]] дар ин сӯи [[Дарёи Аму|Ҷайҳун]] медонад ва кӯраи Хутталро ба билоди Мовароуннаҳр мепайвандад ва дар тавсифи он мегӯяд: «... '''ҳамаи шаҳрҳои Хутталро обу дарахт бошад ва дар сарзаминест бас хуррам ва ботароват ва ҳамаи он сарзамин ҷуз андаке дар ҳамворӣ бошад. Миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст ва рӯди Хуталро [[Панҷ (рӯд)|Харбоб ё Ҷарёб]] гӯянд. Дар Хуттал рӯдҳои бисёр аст ки чун гирд оянд оғози Ҷайҳун шаванд'''».
 
Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ул-ақолим» Хутталро «'''хӯрае бузург бо шаҳрҳои бисёр'''» муаррифӣ мекунад ва мегўядмегӯяд ки «'''Хутал аз [[Вилояти Сурхондарё|Чағониён]] муҳимтар ва густурдатар ва дорои шаҳрҳои бештару пурбаракаттар аст'''» ва қасабаи Хутталро ба номи Ҳулбук мехонад.
 
Ёқути Ҳамавӣ ки ин сарзаминро як – ду сол пеш аз ҳамлаи муғул ба чашми сар дида аст, дар «МўъҷамМӯъҷам ул-булдон» Хутталро аз минтақаи Мовароуннаҳр медонад ва аз мансубон бад-он '''Наср ибни Муҳаммад ал-Хатли'''ро муаррифӣ мекунад ки фақиҳи ҳанафӣ ва шореҳи китоби «ал-Қудури алӣ мазҳаб Аби-Ҳанифа» будааст.
 
Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба [[Баҳроми Гӯр]] (Панҷум [[Баҳром]] (Вараҳрон) аз подшоҳони [[Сосониён]], [[420]] – [[438]] м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 - 300 дирҳам зикр кардаанд.